Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Қирғизистон. Қадами баъдӣ чӣ хоҳад буд?


Гуфтушуниди ахири сарварони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон бенатиҷа анҷом ёфт ва ақидаеро ба миён овард, ки ду тараф бо он ки дар бунбастанд, ба ҳамдигар гузаште карданӣ нестанд.

Ин вазъ дар ҳоле шарҳ мехоҳад, ки баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон беш аз як моҳ ба ин сӯ аз майдони сиёсӣ ба низомӣ кӯч мебандад. Дар музокирот ҷои сиёсатмадоронро низомиён мегиранд. Қирғизистон бар иловаи ҷалби низомиёнаш ба марз бо Тоҷикистон, мардуми навоҳии марзиро ҳам ба омодагии низомӣ ҷалб мекунад. Ин аз як ҷониб як биниши Бишкекро дар ҳалли баҳси марзӣ ба намоиш гузорад, аз ҷониби дигар, набуди биниши сиёсии ҳалли баҳсро низ тақвият медиҳад. Коршиносони хориҷӣ ҳам дар шиддат ёфтани баҳси марзӣ ангушти ишора ба Бишкек мекунанд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон, дар шарҳи худдориҳои Душанбе гуфт, забоне, ки ин кишвар мехоҳад сӯҳбат кунад, забони дипломатияву сиёсат аст ва ба ҳалли мутамаддини қазия алоқа дорад, зеро баҳс сирф фаннист. Вай афзуд, хомӯшии Тоҷикистон аз он аст, ки ба ин баҳс аз хеле пеш омода ва мунтазири вокуниши ҷониби Қирғизистон аст:

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров
«Ё розӣ шаванд ба он тақсимоте, ки буд. Ё пешниҳод кунанд, ки роҳи ҳалли масъаларо чӣ гуна дидан мехоҳанд. Аммо як нозукии дигар аст. Дар ҳолати гармии ҳодисаҳо, дар ҳоле, ки гирди ин масъала нерӯҳои гуногун чарх мезананд ва мехоҳанд сӯистифода кунанд, ҳалли он ҳам мушкил мешавад. Дар ҳоле, ки масъаларо орому озод бидуни фишори парлумону ин ё он тараф метавонанд мутахассисони ду ҷониб ҳал кунанд.»

Тоҷикистону Қирғизистон то як моҳи қабл ду кишваре буданд, ки ба истилоҳ, «аз миёнашон қил намегузашт». Ҳарду кишвари болооб дар баҳсҳои минтақавӣ, аз ҷумла тақсими об ва сохтмони нерӯгоҳҳои бузург мавқеи ҳамсон доранд. Ҳарду кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ заифи Осиёи Марказӣ ба шумор меоянд ва мантиқан, мухолифати онҳо салоҳи манофеъи стратегии онҳо нест.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:20 0:00
Линки мустақим

Коршиносони мустақил низ дасти хориҷиро дар баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон заиф медонанд. Аз нигоҳи онҳо, дар ҳоле ки Тоҷикистон кишвари президентист, Қирғизистон кишвари парлумонист ва агар аз ин ҷониб ҳарфи як нафар ҳалкунанда бошад, он ҷо соҳибони гап бештаранд.

Қосими Бекмуҳаммад, хабарнигори тоҷик, ки собиқаи зиёди кор дар Қирғизистонро дорад, мегӯяд, суқути ҳукумати Аскар Оқоев ва дар пайи ӯ Қурмонбек Боқиевро маҳз масоили марзӣ ҳал кардаанд. Вай афзуд, аз аввалӣ вақте ҷомиа ба хашм омад, ки соли 2002 минтақаи Узенгукушро ба Чин дод ва ҳам дуввумиро барои «фурӯхтан» - и дараи Қарқира дар марз бо Қазоқистон муттаҳам медонанд:

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақавӣ.
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақавӣ.
«Сиёсатшон ин аст, ки заминҳои баҳсиро аз худ медонанд. Мо мегӯем, ки баҳсианд, аммо онҳо аз худ медонанд. Онҳо гузашт карданӣ нестанд. Президент ва сарвазири ҳукумати Қирғизистон раисони аҳзобанд. Агар бо пешниҳоди Тоҷикистон кор кунанд, аҳзоби мухолиф онҳоро ҳам «ватанфурӯш» эълон мекунанд. Вақте дар баробари Чини қудратманд корро ба инқилоб расонданд, дар баробари Тоҷикистон ин кор соддатар аст. Дар он ҳол боз як инқилоб мешавад ва ё раҳбарони имрӯзи қирғиз бояд ба истеъфо раванд.»

Дар ҳамин ҳол, баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон соле иттифоқ меафтад, ки хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон дар назар аст. Аз нигоҳи коршиносон, маҳз ин воқеиятҳо дигарбора бар мушкили дохили ду кишвар ва манфиатдор набудани қудратҳо дар ин бӯҳронро таъйид мекунанд.

Давлат Усмон, собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон ва коршинос дар умури минтақа, мегӯяд, ҳарчанд қудратҳо «беназмии идорашаванда» -ро барои манофеи худ истифода мекунанд, имрӯзу имсол «нуқтаи доғ» дар Осиёи Марказӣ ба нафъи ҳеҷ яке аз онҳо нест:

Давлати Усмон
Давлати Усмон
«Аз бадани Русия дар Қафқоз хун мечакад ва як захми дигар дар марзҳои ҷанубиаш аслан лозим нест. Чин аслан ба ноамниҳо дар марзҳои мусалмоннишин ва ҷудоихоҳаш манфиатдор нест. Амрикову кишварҳои ғарбӣ ҳанӯз дар гили Афғонистон дармондаанд ва навҳаҳои хуруҷу ҳузури ояндаашонро дар авлавият гузоштаанд. Мантиқан, ин амбитсияҳои дохили ду кишвари ҳамсоя аст, ки дар ҳаллаш бечора мондаанд»

Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар ин нукта низ ишорат мекунанд, ки омодагиҳои низомии Қирғизистон дар Бодканд танҳо ба хотири Тоҷикистон нест. Тибқи иттилои расонаҳо Қирғизистон, як ҳайати ин кишвар рӯзи 15 январ барои барраси минтақаҳои баҳсноки марзӣ ба Тошканд низ сафар карда, тайи панҷ рӯз ба тавофуқҳое низ даст ёфтааст. Аммо ин тавофуқот, аз нигоҳи коршиносон, худи Бишкекро ҳам ба ҳалли мутамаддини баҳсҳо дилпур намекунад.
XS
SM
MD
LG