Мирослав Ниёзов, собиқ дабири Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон, ба зудӣ сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъин хоҳад шуд. Дар ин бора худи ҷаноби Ниёзов рӯзи 28 апрел дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ хабар дод.
Сиёсатмадори қирғиз гуфт, ки қарор аст, моҳи оянда эътиборнома дар бораи сафири фавқулоддаи Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин шуданашро ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорад.
Ӯ афзуд, ки аз ҳукумат пешниҳоди сафирӣ дар Покистон ҳам гирифта буд, аммо кор дар Тоҷикистонро афзалтар донист: «Ман аз ин пеш, аз соли 2001 то 2005 ҳам сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон будам ва он ҷо дӯстони зиёд дорам ва мутмаинам, ки ба ҳалли муҳимтарин мушкили феълӣ дар робитаҳои миёни ду кишвар – муқаррарсозиву аломатгузории марз миёни ду кишвар муваффақ хоҳем шуд».
Мирослав Ниёзов гуфт, ки ӯ воқеъан аз муноқишаҳои марзӣ миёни ду кишвар сахт нигарон аст ва тамоми талошашро барои он равона хоҳад кард, ки ин баҳсҳо комилан аз байн бурда шаванд ва дар робитаҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистон марҳалаи нави ҳамкориҳо оғоз ёбанд.
Таърихчаи танишҳо
Мирослав Ниёзов замоне ба мақоми сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон эъзом мешавад, ки ин ду кишвари фақиртарини Осиёи Марказӣ ҷиддитарин таниш дар равобиташон аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро пушти сар мекунанд.
Зӯҳри 11-уми январ муноқишаи байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа 2 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон ба дунбол марзҳояш бо Тоҷикистонро баст ва сафираш Урмат Саралиевро аз Душанбе "барои машварат" фаро хонд.
Урмат Саралиев танҳо дар авоили моҳи март ба Душанбе баргашт ва марзҳои ду кишвар низ танҳо аз оғози моҳи апрел пурра боз шуданд. Аммо марзбандӣ ба тиҷорати байни ду кишвар таъсири зиёди манфӣ расонд ва бино ба омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тиҷорати миёни ду кишвар дар моҳи январи соли равон ҳамагӣ 1 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба 11 миллиони январи соли 2012 дуруст 11 маротиба камтар аст.
Мушкилоти асосии Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзист. То имрӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки Қирғизистон ба тақрибан 2,5 ҳазор гектар замин дар дохили қаламрави Тоҷикистон даъво дорад. Тоҷикистон ба навбати худ иддао дорад, ки дар натиҷаи иҷорадиҳии заминҳои кишту чарогоҳ, ки байни ҷумҳуриҳои “дӯст ва бародар”-и Шӯравӣ як амри роиҷ буд, имрӯз дастикам 143 000 гектар заминаш дар Қирғизистон мондааст.
Танишҳои марзӣ байни Душанбеву Бишкек дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон минҳайси ду кишвари болооб, вале ба фарқ аз кишварҳои поёноб, маҳрум аз манобеи саршори нафту гази минтақа, дар баҳсҳои аслии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бар сари шеваҳои тақсими захираҳои об ва сохтани нирӯгоҳҳои обӣ мавқеи ҳамсон доштанд.
Мирослав Ниёзов дар чунин шароите ба Душанбе меравад ва бояд, ба гуфтаи худаш, тамоми корро кунад, то ин давраи танишҳо дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон моли гузашта шаванд ва ин ду кишвар, ҳамон тавре ки мебояд, дигарбора аз як гиребони дӯстиву шарикӣ сар бароранд.
ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Мирослав Ҷумъабекович Ниёзов 9 августи соли 1951 дар рустои Оқсӯи вилояти Чуй ба дунё омадааст. Соли 1974 донишкадаи политехникии Фрунзе (Бишкеки имрӯза)-ро хатм карда, баъди ду соли кор дар як корхонаи саноатии Фрунзе ба ҳайси усто, соли 1976 барои кор ба КГБ мегузарад. Баъди 15 соли кор дар КГБ-и вилояти Ҷалолобод Мирослав Ниёзов соли 1991 муовини раиси КГБ Қирғизистон таъин шуд ва то соли 1997 дар ин мақом ва дар симати муовини вазири амният кор кард. Аз соли 2001 то 2005 сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон буд. Баъди суқути ҳукумати Аскар Оқоев дар соли 2005 дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон таъин шуд ва то соли 2006 дар ин мақом кор кард. Генерал-майор.