Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси тоҷику қирғиз ҳодисаҳои сангандозӣ дар марзро таҳқиқ мекунанд


Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як мошини бидуни шумораи марбут ба низомиёни қирғиз аз сӯи сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло сангборон шудааст.

Собир Сафаров, раиси Хоҷаи Аъло дар таъйиди ин хабар ба Радиои «Озодӣ» гуфт, сокинони деҳа пас аз он ба шӯр омадаанд, ки низомиёни қирғиз як тӯдаи кӯдаконро таъқиб карда, таги девори сари роҳ ҷамъ кардаанд: «Вақте кӯдаконро ба девор тела дода мебаранд, онҳо метарсанд ва доду вой мекунанд. Аз ин мардони деҳа хабар ёфта, мебароянд ва ҷавоб медиҳанд. Мошин, ки берақам буд, одамон гирифта заданд.»

Ин ҳодиса дар пайи як сангборони дигар, аммо аз сӯи сокинони Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон, ки як сабукрави марбут ба сокини деҳаи Ворухи Исфара ва ҳам шикастани сатилу чалакҳои обкашонии занони деҳаи Хоҷаи Аъло иттифоқ меафтад. Ин ҳаводис аз сӯи мақомоти милисаи ду ноҳияи ҳаммарз – Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Ва дуруст пас аз як рӯзи анҷоми музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар Бишкек рух медиҳанд, ки бино ба иттилои дарёфтӣ, бидуни ягон натиҷа ба поён расидаанд.

Аммо Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва аз иштирокдорони музокироти Тоҷикистону Қирғизистон мегӯяд, ин ҷониб дар Бишкек танҳо бо пешниҳодоти худ рафта буд ва ба даст омадани ягон тавофуқ ҳам дар назар дошта намешуд. Вай афзуд, ҷониби Қирғизистон гуфтааст, ки посух ба пешниҳодҳоро тариқи роҳҳои дипломатӣ ба Душанбе хоҳад фиристод:
«Мо ба мувофиқа расидаем, ки ҷузъиёти музокиротро шарҳ намедиҳем, зеро марҳилаи хеле муҳими музокирот аст. Вазъ ба худи шумо маълум. Ин мувофиқаи тарафайн буд. Новобаста ба он, ки тарафи дигари музокирот на ҳамеша шартҳои мувофиқашударо риоят мекунад, мо ба тааҳҳуди худ пойбанд мемонем ва аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ мекунем.»

Мулоқоти ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти раҳбарии муовинони нахуствазирони ду кишвар - Тоқон Мамитов ва Муродалӣ Алимардон рӯзи ҷумъаи гузашта дар Бишкек сурат гирифта буд. Расман эълом шуд, ки мавзӯи аслии гуфтугӯҳо масоили марбут ба иҷрои созишҳои 30 - 31 январ дар шаҳри Бишкек дар пайи тирандозии марзии 11 январ аст. Аммо хабаргузории "Ховар" – и Тоҷикистон навишта буд, ки як пешниҳоди Тоҷикистон барқарор намудани фаъолияти гузаргоҳҳои назоратӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки аз 11 январи соли 2014 якҷониба қатъ шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, манобеи огоҳ аз музокирот мегӯянд, ҷониби Қирғизистон ҳатто барои боз кардани роҳи байнулмилалии Хуҷанд – Ӯш ризоият надод, дар ҳоле ки ин роҳ барои сокинони худи вилояти Бодканд хеле заруранд. Бино ба ин манобеъ, даргирии 11 январ дар марз, ки 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғизро захмӣ ба ҷой гузошт, аммо талафоти ҷонӣ дар пай надошт, аз сӯи Бишкек зиёд сӯистифода мешавад ва агар дар гузашта Бишкек аз мавқеи хоҳишу илтимос сӯҳбат мекард, ҳоло пас аз 11 январ лаҳнашро шадидтар кардааст. Бино ба ин манбаъ, ҳоло Қирғизистон танҳо молҳои транзитии Афғонистону НАТО – ро иҷозаи убур медиҳад.

Дар пайи тирандозии 11 январ миёни марзбонони тоҷику қирғиз Бишкек дафъатан марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва сафирашро барои машварат аз Душанбе фаро хонд. Моҷарои марзӣ бар сари сохтмони роҳи Тамдиқ - Кӯктош-Оқсой сар зад, ки ба бовари мақомоти Тоҷикистон, дар қаламравҳои баҳсии марз сохта мешуд. Бишкек иддао дорад, ки ин қаламрави Қирғизистон аст.

Аммо бино ба иттилои манобеъи огоҳ аз музокирот дар Бишкек маълум шудааст, ки қирғизҳо дар сохтмони ин роҳ манофеи молӣ ҳам кашф кардаанд ва он бар зиёни муносибатҳои ду ҳамсоякишвар тамом мешавад. Роҳи «Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ» қисмате аз шоҳроҳи Ӯш – Исфана аст, ки бо 35 миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Ҷопон сохта мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун кишварҳои болооб ва маҳрум аз манобеъи нафту гази минтақа дар аксари баҳсҳои доғи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бар сари шеваи тақсими манобеи об ва сохтани нирӯгоҳҳои азим мавқеъи ҳамсон доштанд, вале тайи 22 соли истиқлоли хеш натавонистаанд раванди таъйин ва аломатгузории марзҳояшонро бидуни мушкил ба поён баранд. То имрӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 505 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Вале ин раванд дар нуқоти баҳсии марзи ду кишвар ба кундӣ пеш меравад ва аз соли 2006 ба ин тараф Тоҷикистону Қирғизистон дар амри аломатгузории марзи муштарак дигар ягон километр пеш нарафтаанд.
XS
SM
MD
LG