Як узви кумиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 10 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Муродалӣ Алимардон ҳанӯз рӯзи шанбеи 8 феврал ба минтақаи Ворух омада бо ҳайатҳои ҳарсе гурӯҳи корӣ аз ҷониби Тоҷикистон мулоқот кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ба дунбол муовини сарвазир ҳамроҳи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва муовини аввали ӯ Ҷумъабой Сангинов бо мардуми Воруху Хоҷаи Аъло низ мулоқот кардааст.
Тавре ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар ин мулоқот Муродалӣ Алимардон бо такя ба натиҷаи кори гурӯҳҳои корӣ ба мардуми Ворух ваъда додааст, ки Ворух аз ҳолати анклав (ҷазирақаламрав) бароварда шуда, ба боқӣ қаламрави Тоҷикистон пайваст хоҳад шуд.
Интизор меравад, Муродалӣ Алимардон, ки рӯзи 9 феврал сафари якрӯзааш ба Исфара ва Ворухро поён дод, баъди бозгашт ба пойтахт натиҷаҳои як ҳафтаи кори гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистонро ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш диҳад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё ин гурӯҳҳои корӣ дар роҳи таҳқиқи сабабҳои тирпарронии рӯзи 11 январ ба чӣ натиҷаҳо расидаанд. Қаблан як манбаъи Озодӣ дар ҳайъати Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҷонибҳодар пайи ташхиси маҳалли низоъи 11 январ мушаххас карданд, ки тирандозӣ дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аммо ин даъво аз ҷониби ягони мақоми қирғиз то имрӯз расман тасдиқ ё рад нашудааст.
Оғози гашти патрулҳои муштарак дар марзи Исфараву Бодканд
Патрулҳои муштараки пулиси тоҷику қирғиз ба гашти муштарак дар 8 масир дар нуқтаҳои доғи марзи Исфараву Бодканд шурӯъ кардаанд. Навори видеоие, ки рӯзи 10 феврал ба дасти Радиои Озодӣ расид, аз оғози гашти патрулҳои муштараки пулиси Тоҷикистону Қирғизистон дар нуқтаҳои доғи марзи байни навоҳии Исфараву Бодканд дарак медиҳад.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи рӯзи 11 январ, ки ба тирпарронии марзбонҳо печид ва ду марзбони тоҷику 5 марзбону як милисаи қирғизро захмӣ ба ҷо гузошт, баста аст. Дар ин як моҳе ки аз он муноқиша гузашт, тарафҳо талош доранд, ҳусни эътимоди коҳишёфта байни ин ду кишварро барқарор кунанд. Аз ҷумла тавассути таъсиси патрулҳои муштараки нирӯҳои марзбонӣ ва пулиси Тоҷикистону Қирғизистон.
Навори гашти патрули муштараки пулиси тоҷику қирғизро инҷо метавонед тамошо кунед:
Маълум шудани хатти ҳаракати 8 патрул дар марзи Исфара
Хабари идомаи сохтмони роҳи баҳсӣ дар наздикии марзи Исфара дар ҳоле нашр мешавад, ки ахиран мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ба хотири оддӣ сохтани танишҳо ва назорати нуқтаҳои ҳассоси марзи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ва ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд 8 масири ҳаракати патрулҳои муштараки пулиси ду кишварро тартиб доданд. Масири ҳаракати патрулҳои муштараки марзбонӣ ҳанӯз эълон нашудааст.
Хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба раёсати умури дохилаи вилояти Суғд хабар додааст, ки ин 8 масири ҳаракати патрулҳои муштарак аз сӯи вазирони умури дохилаи Тоҷикистону Қирғизистон тасвиб шудааст.
Манбаъи “Азия Плюс” гуфтааст, дар маҷмӯъ 3 масир тавассути автопатрул ва 5 масир аз сӯи патрулҳои пиёдагард наазорат хоҳанд шуд:
№ 1. «Автопатрули Чоркӯҳ – Оқсой. Қаламрави назорат – ҳудуди рустоҳои Ортабаз - Хоҷаи Аъло - Оқсой».
№ 2. «Автопатрули Сомониён - Кӯктош». Қаламрави назорат – ҳудуди рустоҳои Зарафшон –Яккатирак – Первомайск – Кӯктош.
№3. «Автопатрули Ворух - Оқсой». Ин патрул дар ҳуруди рустоҳои Ворух – Оқсой амал мекунад.
№ 4. «Масири пиёдагарди Сомониён - Кӯктош».
№ 5 .« Масири пиёдагарди Ортабаз».
№ 6. «Масири пиёдагарди Хоҷжаи Аъло - Томтумшуқ».
№ 7. «Масири пиёдагарди Ворух-Оқсой».
№ 8. «Масири пиёдагарди Зарафшон - Ортабаз».
Бишкек: "Ягон 250-260 метри роҳи Оқсой баҳсталаб аст"
Расонаҳои Қирғизистон менависанд, сохтмони роҳи 23-километрии Кӯктош – Қапчиғай - Оқсой – Тамдиқ – Кишмиш дар марзи Бодканд бо ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ҳамоно идома дорад.
Рӯзи 7 феврал дар ҷаласаи ҳайъати мушовараи вазорати нақлиёт ва мухобироти Қирғизистон масъалаи тарҳи 23-километрии ин роҳи баҳсӣ баррасӣ шудааст. Мақсадбек Деҳқонов, сухангӯи вазорати нақлиёт ва мухобирот ба хабаргузориҳои қирғизии “Тозабек” ва “Туштук” ва ҳам ба нашрияи “Вечерний Бишкек” гуфтааст, “корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Кӯктош –Оқсой идома доранд, вале дар инҷо дар тӯли ягон 250-260 метр қитъаи баҳсие вуҷуд дорад. Феълан дар онҷо кумиссиюн кор карда истодааст ва агар масъала бо Тоҷикистон ҳал шавад, вазорат корҳои роҳсозиро идома медиҳад. Имсол барои сохтмони ин қитъаи роҳ 38 миллион сом ҳамчун сармоя ҷудо шудааст.”
Мақсадбек Деҳқонов изҳори умед кардааст, ки сохтмони ин роҳ дар ҳамин соли равони 2014-ум ба анҷом расонда хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест ки маҳз шурӯъи корҳои сохтмонӣ дар қитъаи 9-километрии ин роҳ дар байни рустоҳои Кӯктошу Оқосй дар таърихи 11 январ ба муноқиша ва сипас тирпарронии марзбонҳои тоҷику қирғиз мунҷар шуда, ба амиқтарин таниш дар равобити ин ду кишвар оғоз гузошт. Баъди он муноқиша Қирғизистон марзҳояш бо Тоҷикистонро баста, сафирашро аз Душанбе «барои машварат» фаро хонд ва дар ин муддати кӯтоҳ 4 дафъа ба Тоҷикистон нота фиристод.
Хайруллоев ҳамаашро ҳал мекунад?
Рӯзи 31 январ дар пайи музокироти муовини сарвазирони Қирғизистону Тоҷикистон Тоқон Мамитов ва Муродалӣ Алимардон дар осоишгоҳи Ало-Арча дар канори Бишкек бидуни ироаи ҷузъиёт эълон шуд, ки ҷонибҳо бар сари тамоми масоили пешомада дар пайи тирпарронии рӯзи 11 январ ба тавофуқ расиданд.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ахиран эълон кард, ки баъди ин музокирот барои ҳалли масоили марзӣ се гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст ва аз ҷониби Тоҷикистон раҳбари гурӯҳи корӣ дар масоили низомиву марзиро вазири собиқи дифоъ ва ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили амниятӣ Шералӣ Хайруллоев таъйин шуда, гурӯҳи корӣ роҷеъ ба таъйин ва аломатгузории марзҳоро аз тарафи Душанбе раиси Кумитаи давлатии идораи заминҳо ва геодезия Маҳмадтоҳир Зокиров раҳбарӣ мекунад. Гурӯҳи сеюми корӣ масоили марбут ба истифодаи роҳҳои наздимарзиро танзим хоҳад кард ва ба ин гурӯҳ аз ҷониби Тоҷикистон вазири нақлиёт Хайрулло Асоев раҳбарӣ мекунад.
Аммо чунин ба назар мерасад, ки сози аввалро аз тарафи Тоҷикистон дар музокирот Шералӣ Хайруллоев хоҳад зад, чун раҳбарии гурӯҳи асосӣ - гурӯҳи корӣ дар масоили низомиву марзиро ба ӯ супурдаанд. Хайруллоеви 64-сола, ки моҳи ноябр баъди 18 соли кор ба ҳайси вазири дифоъи Тоҷикистон бознишаста шуд, ҳамагӣ баъди ду моҳ бо оғози танишҳо дар равобити Душанбеву Бишкек бо интисобаш ба мақоми ёвари президент дар масоили амниятӣ ба ҳукумат баргашт. Бисёриҳо бо таваҷҷӯҳ ба сафари билофосилаи ӯ ба Исфара баъди интисобаш ба мақоми ёвари раисиҷумҳур мегуфтанд, ки богашти Шералӣ Хайруллоев ғолибан ба хотири истифода аз зарфиятҳои ӯ дар музокироти мушкил бо Қирғизистон бошад.
Шералӣ Хайруллоев собиқаи тӯлонии ширкат дар музокираҳо ба хотири ҳалли низоъҳоро дорад. Ӯ ҳанӯз дар тобистони соли 1992 ба ҳайси муовини вазири умури дохила тақрибан дар ҳамаи гуфтугӯҳои ҷонибҳои даргир дар водии Вахш ширкат дошт. Дар солҳои охир раҳбарии амалиётҳои вижа ва ҳамзамон музокирот бо гурӯҳҳои силоҳбадаст дар Рашт(солҳои 2009-2011) ва дар Хоруғ(соли 2012)-ро аз тарафи ҳукумат низ Шералӣ Хайруллоев бар ӯҳда дошт. Ҳарчанд баҳои соҳибназарон ба натиҷаҳои кори Хайруллоев ба унвони музокиракунанда чандон яксон нест.
Ин гурӯҳҳои корӣ аз рӯзи 6 феврал дар Исфара ба омӯзиши сабабҳои муноқишаи рӯзи 11 январ пардохтааст. Ин таҳқиқот, қарор аст, то 10 феврал давом кунад. Як узви ҳайъати Тоҷикистон ахиран ба Радиои Озодӣ гуфт, тарафҳо дар рӯзи аввали пажӯҳиш баъди таҳқиқи маҳалли тирпарронӣ дар марзи байни рустҳои Хоҷаи Аъло ва Оқсой ба натиҷае расиданд, ки тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистон сурат гирифтааст, на дар қаламрави Қирғизистон. Аммо ба гуфтаи ин манбаъ, ҷонибҳо дар рӯзи дувум натавонистанд пурсиши тамоми шоҳидонро анҷом дода, маълум кунанд, ки дақиқан тири аввалро кадом тараф кушод? Ба ҳамин далел, ба гуфтаи ин манбаъ, таҳқиқи қазия то 10 феврал идома хоҳад кард.
Тоҷикистону Қирғизистон дар 22 соли гузашта аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 976 километр марзи муштараки байни ин ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро пурра таъйин ва аломатгузорӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ҷониби Қирғизистон дар баҳсҳои марзиаш бо Тоҷикистон бар харитаи соли 1989 ва ҷониби Тоҷикистон ба харитаи соли 1924 такя мекунад. Ба ин далел, ду кишвар аз соли 2006 ба ин тараф, яъне дар 8 соли охир дар раванди аломатгузории марз ягон километр дигар пеш нарафтаанд.

Канори Хоҷаи Аъло
Ба гуфтаи мақомоти умури дохилаи Суғд, патрулҳои муштарак дар ин 8 масир аз соати 9-00 то 22-00 назорат хоҳанд бурд. Таъсиси патрулҳои муштараки пулис ва нирӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷумлаи тавофуқотест, ки байни ду кишвар дар пайи тирпарронии рӯзи 11 январ ба даст омадааст. Бар асари он муноқишаи мусаллаҳонаи марзбонҳои тоҷику қирғиз дар канори рустоҳои Хоҷаи Аълои Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд.Бишкек: "Ягон 250-260 метри роҳи Оқсой баҳсталаб аст"