Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Файзуллоев: «Ба ҳарфҳои гуфтаам мутмаин ҳастам»


Шараф Файзуллоев, сардори Ситоди нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон.
Шараф Файзуллоев, сардори Ситоди нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон.

Сардори Ситоди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки далоили қавӣ дорад ва санаду ҳуҷҷатҳо мавҷуд ҳаст, ки роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ ба қаламрави Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Генерал Шараф Файзуллоев, сардори Ситоди нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 20-уми январ ба пурсиши радиои "Озодӣ" дар робита ба нотаи сеюми Қирғизистон, ки маҳз ба суханони ӯ оид ба баҳси қитъаи марзӣ равона карда шудааст, гуфт, ки сад дар сад дар мавқеи худ қарор дорад ва санаду далелҳо вуҷуд дорад, ки ин қитъаи роҳ ба қаламрави Тоҷикистон тааалуқ дорад."

Генерал Файзуллоев афзуд, «мо ҳанӯз нотаи Қирғизистонро дастрас накардаем ва ҳамин, ки ба дасти мо расид, бар асоси далелу санадҳое, ки вуҷуд дорад ва мо дар даст дорем, посухи худро хоҳем дод.»

Ба гуфтаи ин мақоми тоҷик, феълан бо мутахассисон оид ба масъалаи мазкур дар Кумитаи марзбонӣ машварат дорад ва доир ба ҷузъёти ин масъала баъдтар сӯҳбат хоҳад кард, вале таъкид кард, ки ба ҳарфҳои худ мутмаин аст.

Эътирози мақомоти қирғиз ба ҳарфҳои генерал Шараф Файзуллоев

Аскар Бешимов, муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон дар мулоқот бо вакилони ҳизби сотсиал-демократ гуфтааст, ки нотаи сеюми онҳо дар робита ба мусоҳибаи сардори ситоди нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Шараф Файзуллоев ба хабаргузории давлатии “Ховар” буд.

“Мо ба Тоҷикистон нота фиристодем, ки оё ҷониби Қирғизистон метавонад сӯҳбати оқои Файзуллоевро ҳамчун назари расмии ҳукумат қабул кунад? Файзуллоев дар ин сӯҳбат исрор меварзад, ки роҳ(-и Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ) қаламрави Тоҷикистон аст. Ҳоло мунтазири посухи ҷониби Тоҷикистонем, ки оё ин масъаларо метавон аз ин зовия баррасӣ кард, ки Тоҷикистон кадом як даъвои қаламрав дорад? Бисёр мешавад, ки мақомҳои расмӣ изҳороти расмӣ медиҳанд, вале баъд мегӯянд, ки онҳоро нодуруст фаҳмидаанд,” – гуфт муовини вазири хориҷаи Қирғизистон.

Генерал Шараф Файзуллоев, сардори ситоди нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин ҳафта, ибтидо ба сомонаи pressa.tj, бунгоҳи хабарии марбут ба гурӯҳи эҷодии “Оила”, ва рӯзи 17 январ дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии “Ховар”, ки нахустин мавриди шарҳи расмии мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар робита ба таниши ахир дар марз бо Қирғизистон буд, изҳор дошт, ки тирпарронии рӯзи 11 январ байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифта, сарбозони тоҷик танҳо ба хотири пешгирӣ аз идомаи оташи пулемётҳо ва камонҳои снайперии он тараф даст ба истифодаи миномётҳо задаанд.

Муовини вазири хориҷаи Қирғизистон Аскар Бешимов дар як мулоқоти пушти дарҳои баста дар парлумон байни аъзои фраксияи ҳизби сотсиал-демократ ва намояндагони ҳукумат гуфтааст, ки Қирғизистон то ҳол марзҳояш бо Тоҷикистонро боз накардааст ва ҳадафи Бишкек аз фаро хондани сафираш дар Тоҷикистон Урмат Сараалиев “пойин бурдани сатҳи намояндагии дипломатӣ” буд. Урмат Сараалиев рӯзи 14 январ ба Бишкек фаро хонда шуд, вале ибтидо гуфта мешуд, ки ӯро барои машварат дар робита ба тирпарронии рӯзи 11 январ даъват кардаанд ва ин ба маънои бозхонди комили ӯ нест.

Бешимов чунин иқдом – пойин бурдани сатҳи намояндагии дипломатиро як табдири маъмул дар дипломатия номида, вале афзудааст, ки ҳарчанд далоили қотеъ дар бораи истифодаи ҷониби Тоҷикистон аз тӯпхонаҳо дар таниши ахир дар дастт онҳо ҳаст, “Қирғизистон, то замоне ки зарфиятҳои дипломатӣ пурра истифода нашудаанд, зарурати муроҷиат ба миёнаравҳои дигарро намебинад.”

Бишкек: Сатҳи намояндагиамон дар Душанберо пойин бурдем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00
Линки мустақим


Рӯзи 11 январ муноқишаи байни марзбонҳои тоҷику қирғиз бар сари сохтмони як роҳи мошингард да марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд, дар минтақае ки Қирғизистон қаламрави худ ва Тоҷикистон хоки худ мешуморанд, ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа 2 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд.
Қирғизистон то кунун дар робита ба ин таниши марзӣ ба Душанбе 3 нота ва 1 изҳорот фиристодааст.

Нахустин шарҳи марзбонҳои тоҷик (аз 17 январ)

Мошини тирхӯрдаи марзбонҳои тоҷик
Мошини тирхӯрдаи марзбонҳои тоҷик
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон рӯзи 17 январ, баъди қариб як ҳафта билохира тирпарронии рӯзи 11 январ дар марзи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистонро шарҳ додаанд. Шараф Файзуллоев, сардори ситоди асосии нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо сомонаи Pressa.tj, марбут ба гурӯҳи эҷодии “Оила” гуфтааст, ки “гурӯҳи ҳимояти мусаллаҳонаи аз қабл омодашуда аз қаламрави Қирғизистон болои марзбонҳои тоҷик бо истифода аз пулемёту камонҳои снайперӣ оташ кушод.” Оқои Файзуллоев маркази тақсими об дар канори рустои Хоҷаи Аълои Исфараро қаламрави Тоҷикистон номида гуфтааст, “марзи давлатӣ аз тарафи сарбозони мусаллаҳи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон вайрон карда шуд.”

Бино ба гуфтаи сардори ситоди марзбонҳои тоҷик, соатҳои тақрибан 12-30 низомиҳои қирғиз аввалин шуда, тир кушоданд ва сардори дидбонгоҳ капитан Файзулло Раҳимовро аз пояш захмӣ карданд. Ба гуфтаи Файзуллоев, ҷониби Тоҷикистон “ба далели зиёд будани шумори марзбонҳои қирғиз ва шиддати тирандозии онҳо қарор кард, ки ба хотири пешгирӣ аз тирандозӣ ва ба хотири берун кашидани захмиён аз миномёт истифода шавад. Танҳо баъди истифодаи миномётҳо муяссар шуд, ки тирпарронӣ қатъ шавад ва марзбонҳои қирғиз ба қаламрави худ ақиб нишинанд.”

Шараф Файзуллоев ҷониби Қирғизистонро айбдор кард, ки “бар хилофи тавофуқоти қаблӣ, бо такя ба амри муовини сарвазир Тоқон Мамитов сохтони роҳи мошингарди Кӯктош –Оқсой –Тамдиқро, ки аксаран аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, аз сар гирифт.”

Маркази тақсими об дар канори Хоҷаи Аъло
Маркази тақсими об дар канори Хоҷаи Аъло
Шараф Файзуллоев дар шарҳи хомӯшии тӯлонии мақомоти расмии Тоҷикистон гуфт, ки ин асос дошт: “То оне ки таҳқиқи муштарак анҷом шавад, ҳар навъ изҳороту шарҳи расмии шитобзада ва бидуни далели собит муносиб ва ҷавобгӯи меъёрҳои ахлоқи байналмилаливу марзбонӣ, аз ҷумла ҷавобгӯи тавофуқоти бадастомада дар кумиссиюни дутарафи байнидавлатӣ нест. Бо назрдошти ҷиддияти вазъ, билофосила ба дунболи қазия маълумот ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон ирсол шуда, бар асоси он изҳороти расмӣ таҳия шуд.”

Шараф Файзуллоев дар айни замон ҳамтоёни қирғизашро айбдор кардааст, ки “аз рӯзҳои аввали низоъ ба фаъолияти пропагандистӣ машғул шуданд ва вазъиятро ба гунаи барои онҳо муфид ҷилва дода, дар инъикоси ҳаводис на як бору ду бор ба иштибоҳу тақаллуби зиёд роҳ доданд.”

Ин шарҳи сардори ситоди нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вокуниш ба интиқодҳои афзоянда дар матбуоти мустақил аст, ки мегӯянд, мақомоти тоҷик ба фарқ аз тарафи Қирғизистон дар рӯзҳои буҳрони марзӣ фаъол набуд ва дар ҳоле ки дар кишвари ҳамсоя аз раиси хурдтарин ҷамоаташ то раиси он ҷумҳурӣ чандинборӣ дар бораи ин низоъ изҳори назар карданд, дар Тоҷикистон аксари мансабдорони масъул ба даҳон об гирифтанд ва дар радиову телевизионҳои давлатӣ ҳам сатре дар бораи ин рӯйдодҳо нарафт.

Баъди таниши ахир равобити Тоҷикистону Қирғизистон ба сардӣ гароид ва Бишкек аз 12 январ гузаргоҳҳои марзиаш бо Тоҷикистонро баста, рӯзи 14 январ сафирашро аз Душанбе "барои машварат" бозхонд, ки дар дипломатия аломати нороҳатии хеле зиёди як кишвар аз кишвари дигар шумурда мешавад.

Саидакбар Собиров, афсари дуюми захмӣ
Саидакбар Собиров, афсари дуюми захмӣ
Мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар оғози тирандозӣ айбдор карда, чандин бор гуфтаанд, ки роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ дар қаламрави Қирғизистон сохта мешавад, на дар ягон минтақаи баҳсӣ. Ин дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон маҳалли сохтмони ин роҳи ҷанҷолиро қаламрави худ мешуморад.

Баъди муноқишаи рӯзи 11 январ байни мақомоти тоҷику қирғиз дар шаҳрҳои Бодканду Исфара рӯзҳои 14 ва 15 январ ду даври музокирот гузашт. Бар асоси он қарор шуд, ки ҳарду тараф нирӯҳои изофии худро аз ин марзи ҳассос берун кашида, патрулҳои муштараки нирӯҳои милиса ва марзбониро, ки дар борааш ҳамагӣ 2 рӯз қабл аз муноқиша тавофуқ шуда буд, ба роҳ гузоранд.

Ба эҳсоси ин ду мардум кӣ нохун мезанад?

Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 17 январ хабар дод, ки вазъ дар марз бо Тоҷикистон ором буда, рӯзи 16 январ кумиссиюни муштарак ба кор шурӯъ кардааст. Ҳадафи ин кумиссиюн ҷилавгирӣ аз муноқишаҳои назири тирпарронии рӯзи 11 январ ва арзёбии муштараки вазъи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон гуфта мешавад. Интизор меравад, ин кумиссиюн рӯзи 17 январ корашро анҷом дода, пешниҳодҳояш дар бораи тартиби хуруҷи нирӯҳои изофии марзбонӣ ва умури дохилаи ҳарду тараф ба маҳалли истиқрори доимиашро ироа кунад.

А.Князев
А.Князев
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгари масоили минтақа Александр Князев дар сӯҳбат бо хабаргузории озарбойҷонии Trend хештандории мақомоти тоҷик дар баҳси охири марзиро ситоиш карда, баръакс аз мансабдорони қирғиз интиқод кардааст, ки бо баёнияҳои тафтишношудаву шитобзада ба оташи ҷанҷол равғани бештар мерехтанд. Ба ақидаи ӯ, “вазъиятро махсус бо аҳдофи сиёсӣ муташанниҷ мекунанд.”

Князев гуфтааст, омилҳои зиёде ба таниши ахири байни Тоҷикистону Қирғизистон овард ва аз ҷумла ба талоши мақомот барои дур кардани таваҷҷӯҳи мардум аз мушкилоти дохилӣ таъкидк ардааст: “Нохун задан ба эҳсосоти ватандӯстӣ аз тариқи сохтани душмани беруна як василаи қадимаи аз мадди таваҷҷӯҳи мардум дур кардани мушкилоти дохилист.“ Ин коршинос мегӯяд, дар ҳар сурат, “дар дурнамои наздик ҷоеро барои равобити дӯстонаи ин ду кишвар” ӯ дигар намебинад.

Аммо Жанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон, мегӯяд, шиддат гирифтани авзоъ дар марз бо Тоҷикистон метавонад, ба суди қочоқбарони маводи мухаддир бошад. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки мумкин аст, тирандозӣ байни сарҳадбонони тоҷику қирғиз иғвои кадом як аз гурӯҳҳои муайян бошад, аммо аз ҳеҷ кас ё гурӯҳе ном набурд. Вале гуфт, ки даст доштани қочоқбарон дар шиддат гирифтани авзоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро истисно намекунад.

Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки гурӯҳҳо ё кишварҳои манфиатдоре махсус байни Душанбеву Бишкек бо доман задани баҳсҳои марзӣ тухми нифоқ мекоранд, то дар ниҳоят иттиҳоди ин ду кишвари фақиртарин ва маҳрум аз манобеъи нафту гази Осиёи Марказиро барҳам зада, мавқеъи ҳардуро дар баҳсҳои минтақавӣ заиф гардонанд. Ин ду кишвар то танишҳои ахир ба ҳайси кишварҳои болооби минтақа дар аксари масоили доғи Осиёи Марказӣ, бахусус тақсими манобеъи об ва шеваи бунёди нирӯгоҳҳо, назари ҳамсон доштанд.
XS
SM
MD
LG