Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон аз фасоди густарда дар Вазорати тандурустии кишвар интиқод кардааст.
Ин мардум чанд сомонӣ дода, аз қафо ғайбат мекунанд, ки фалон духтур порахӯр аст. Намефаҳманд, ки мо ҷонамонро ба гарав монда, беморро табобат мекунем
Масъулони Оҷонсӣ дар як ҷаласа гуфтаанд, ки қабули одамони тасодуфӣ ба идораҳои тандурустӣ сабаби афзоиши фасод дар ин бахш шудааст. Дар раддабандии имсола, Вазорати тандурустӣ ниҳоди аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон эълон шудааст. Раддабандие, ки ба қавли коршиносон баҳсбарангез аст ва мубориза бо фасодро танҳо дар доираи муаллиму пизишк маҳдуд мекунад.
"Пеш аз гуфтани ин гапҳо бояд аҳволи табибонро донанд"
Фарҳод Умарови 30-сола чаҳор сол боз ба табобати мардум машғул аст. Дар як шифохона ба ӯ ним воҳиди корӣ ва 330 сомонӣ маош таъйин кардаанд. Ӯ мегӯяд, бар илова, дар беморхонаи дигар навбатдорӣ мекунад ва барои ҳар баст 54 сомонӣ мегирад. Дар маҷмуъ, Фарҳод Умаров аз ду ҷои кор ҳар моҳ каме беш аз 700 сомонӣ пул мегирад. Ӯ дар ҷавоб ба интиқодҳо дар бораи фасодкор будани табибон гуфт, “мардум пеш аз гуфтани ин гапҳо бояд бидонанд, ки табибон чӣ ҳол доранд”.
“Худатон фикр кунед, 330 сомонӣ маош барои як нафар чӣ хел мерасад? Маҷбурӣ ё корро партофта, аз Тоҷикистон равӣ ё аз беморон барои хидматат маблағ интизор бошӣ. Агар маблағ доданд, мегирем, агар надиҳанд чизе намегӯем. Ин мардум чанд сомонӣ дода, аз қафо ғайбат мекунанд, ки фалон духтур порахӯр аст. Намефаҳманд, ки мо ҷонамонро ба гарав монда, беморро табобат мекунем”, - гуфт ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Милиса пушаймон шуд". Қатъи парвандаи тамаъҷӯӣ аз сайёҳи руминӣ. ВИДЕОИн табиби тоҷик эътироф кард, ки дар байни ҳамкасбони ӯ ашхоси тасодуфӣ низ зиёданд ва маҳз онҳо табибро дар назди ҷомеа ба ҳайси як нафари порахӯр намоиш медиҳанд.
“Вақте шахси тасодуфӣ табиб мешавад”
Ҳамон наҳанг кӣ аст? “Наҳангҳо”-ро аввал муайян кунанд
Мушкили фасод ва фасодкорӣ дар соҳаи тандурустӣ 24-уми сентябри имсол дар як ҷаласа дар Душанбе баррасӣ шудааст. Як манбаъ дар Вазорати тандурустӣ гуфт, дар ин ҷаласа Саида Умарзода, муовини аввали вазир, аз вуҷуди ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳа изҳори ташвиш кардааст.
Вазорати тандурустӣ ҷузъиёти бештарро аз ин вохӯрӣ ошкор накард. Аммо як иштирокдори ҷаласа, гуфт, дар ин вохӯрӣ мақомоти Оҷонси зиддифасод аз ришвагириву порадиҳӣ дар бахши тандурустӣ сахт атнқид кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷои кор дар Додситонӣ – $3000? Боздошти "прокурор"-ҳои қалбакӣБа қавли ҳамсуҳбати мо, интиқоди асосӣ ин буд, ки довталабони кор дар ниҳодҳои тандурустӣ пеш аз қабул ба кор ҷиддӣ имтиҳон намешаванд. Роҳ ёфтани ашхоси тасодуфӣ, ба қавли мақомоти Оҷонсӣ, омили аслии афзоиши фасод дар бахши тандурустӣ будааст.
“Шуъбаи кадрҳоро танқид карданд. Гуфтанд, гунаҳкори асосӣ шумоед, ки кормандонро пеш аз қабул ба кор ҷиддӣ намеомӯзед. Дар куҷо кор кардаанд, доғи судӣ доранд ё не. Ва ҳаминҳо баъдан даст ба амалҳои коррупсионӣ мезананд. Гуфтанд, ҳатто онҳое, ки қаблан даст ба фасодкорӣ задаанд, боз ба вазифа таъйин мешаванд”, - гуфт манбаъ.
“Танҳо моҳичаҳо дастгир мешаванд”
Ин бори аввал нест, ки мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба хотири зиёд будани фасод дар ин соҳа мавриди интиқоди Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қарор мегиранд. Мақомоти Оҷонсии зиддифасод мегӯянд, дар шаш моҳи аввали имсол дар бахши тандурустӣ 66 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба дигар бахшҳо аз ҳама зиёд аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Гурӯҳи байналмилалии бӯҳронҳо: Тоҷикистон баъди соли 2020Сегонаи ниҳодҳои фасодзада дар Тоҷикистон имсол аз соҳаҳои тандурустӣ, идораи замин ва маориф иборат будааст. Тақсимбандие, ки доимо баҳсҳоро ба дунбол дорад ва мунтақидон мегӯянд, Оҷонсии зидди коррупсия фасодро бештар дар байни муаллиму табибон меҷӯяд. Ба қавли мунтақидон, беҳтар аст, Оҷонсии зиддифасод дар баробари дастгир кардани “моҳича”-ҳо баъзан “наҳанг”-ҳоро ҳам боздошт кунад.
Мақомоти Оҷонсии зиддифасод борҳо ин интиқодҳоро нодуруст шумурдаанд. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, агар барояшон шикоят расад, “наҳанг”-ҳоро ҳам боздошт мекунанд.
Нигора Муқимӣ, як масъули Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод қаблан дар як суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, вақте худи мардум муроҷиат намекунанд, бар асоси тахмин наметавон касеро дар фасодкорӣ айбдор кард. “Мегӯянд, ки “моҳича”-и хурдро дастгир мекунед ва “наҳангҳо”-ро намеқапед. Аз пора гирифтани онҳо огоҳ ҳастанд, худашон роли муҳим мебозанд, лекин боз пинҳон карда, мегӯянд ки “наҳанг”. Ҳамон наҳанг кӣ аст? “Наҳангҳо”-ро аввал муайян кунанд, кӣ аст “наҳанг”, - гуфт Нигора Муқимова.
“Дигарон ба рӯйхат ворид шаванд, сигнали ҷиддӣ мешавад”
Мубориза бо фасод борҳо аз сӯи коршиносон ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ номуассир арзёбӣ шудааст. Коршиносон мегӯянд, мақомҳои аввалро касб кардани маорифу тандурустӣ дар раддабандии Оҷонсӣ ҳамоно аз заиф будани мубориза бо фасод дар кишвар дарак медиҳад.
Музаффар Олимов, сардори маркази таҳлилии “Шарқ” мегӯяд, дар зинаи аввали ниҳодҳои фасозада ҷой додани маорифу тандурустӣ ба як одат табдил шудааст. “Идора ё муассисаҳои интизомиро ҳатто ҷуръат намекунанд, ки ба ин рӯйхат ворид кунанд”, - мегӯяд ин таҳлилгар.
Олимов афзуд, агар бо дастгир кардани табибу муаллим коррупсияро аз байн бурдан имкон медошт, пас, кайҳо мушкили фасод дар Тоҷикистон ҳалли худро ёфта буд. Тоҷикистон дар шохис ё индекси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм қарор дорад. Ба гуфтаи ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва акнун дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.