Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносон: Ширкатҳои хурд на, олигархҳо бояд санҷида шаванд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни нигаронӣ аз санҷишҳои мукаррари ниҳодҳои давлатӣ дар нисбати соҳибкорон пешниҳод кард, барои ду соли оянда ба ин тафтишот мораторий эълон карда шавад.

Бархе коршиносони тоҷик зимни истиқбол аз ин пешниҳод мегӯянд, ки ҳарчанд ин дархост тақрибан 10 сол ақаб мондааст, вале ҳатто манъи ҳама гуна санҷишҳо роҳи ҳалли мушкили соҳибкорон буда наметавонад. Бархе мегӯянд, соҳаи бизнес дар Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои мушкилро пушти сар мекунад.

200 ҳазор бизнесмен аз майдон рафт

Бисёр тоҷирону соҳибкорони тоҷик, ки аз фишорҳои бешумори мақомот

Мутмаинам, ки агар ширкатҳои бузургу олигархҳо тамоми дороиҳои худро ошкоро нишон диҳанд, будҷаи Тоҷикистон бо камбуди маблағ ҳаргиз рӯбарӯ нахоҳад шуд

дар фаъолияти худ хаста шудаву бархе бо ҳамин сабаб аз кори худ канор рафтаанд, эълони манъи тафтиши кори соҳибкоронро истиқбол карданд. Айни замон, бештари дастандаркорони соҳа бовар доранд, ки на танҳо манъи санҷишҳо, балки роҳандозии ислоҳоти ҷиддӣ дар соҳаи бизнес зарур аст, то ки ин бахши муҳими иқтисод дубора зинда шавад. Бар асоси гузориши Анҷумани соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон соли ҷорӣ 200 ҳазор соҳибкори тоҷик тарки пеша кардаанд.

Фоизи баланди қарзҳои бонкӣ, набуди рақобати солим дар бозор, андозҳои баланд аз мушкилоти ҷиддии бизнеси Тоҷикистон гуфта мешавад. Дар ду соли ахир созмонҳои байналмиллалии молӣ ва сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон бамаротиб аз шароити бади тиҷорат дар ин кишвар ошкор интиқод кардаанд.

Бархе коршиносон мегӯянд, эълони мораторий ба санҷиши кори соҳибкорон дар ҳолест, ки бархе ширкатҳои бузурги саноатӣ ё тоҷироне, ки наздик ба ҳукумат ҳастанд, аз мавриди санҷиши ҳудуди 30 сохтори тафтишкунанда ба истилоҳе “озод” буданд. Тавре маълум мешавад, бизнесу соҳибкорӣ аз санҷиши ғайринавбатӣ озод шуда, санҷиши идораҳои андозситонӣ ё оташнишониву мубориза бо фасодкориву додситонӣ дар ҷои худ боқӣ мемонад.

Тиҷорат бояд орӣ аз фасод бошад

Саидфаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон ва раҳбари Ҳизби демократи ин кишвар ба ин назар аст, ки мораторийи санҷиши ширкатҳо бояд ҳанӯз даҳ соли пеш эълон мешуд. Вай мегӯяд, дар ин муддат метавонистанд тиҷорат ва тавлидоти худро мутобиқ ба талаботи замон роҳандозӣ кунанд. Вай гуфт, фурсати бозбинии шароити кор барои корхонаҳои тиҷоратӣ пеш омадааст ва аз роҳи пойин бурдани фоизҳои қарзҳои бонкӣ ва таъмини рақобати солим дар бозор мешавад ба як пешрафте даст ёфт:

“Мутаассифона, мо талош дорем як ҷомеаи наве бисозем, аммо тафаккури бештаре аз сокинони Тоҷикистон бо шумули ҳам зиёиву ҳам тоҷирону ҳам донишмандон ба гунаи солҳои шӯравӣ боқӣ мондааст. Ин даъвати президент Эмомалӣ Раҳмон аз он маншаъ мегирад, ки раиси ҷумҳур мехоҳад сохторҳои назоратии давлатиро аз фасодкорон тоза кунад ва ба тоҷирон имкон дода шавад, ки тиҷорати худро рушд диҳанд”.

Ҷаноби Усмонзода гуфт, фасоду ришвахорӣ монеи ҷиддии рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон шудааст. Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, дигар “Тоҷикистони солҳои 1990 нест” ва боздошти гурӯҳи калони фасодкорон соли ҷорӣ, ба қавли Усмонзода, гувоҳи он аст, ки давлат дар амри мубориза бо фасод манфитадор аст. Манзури Усмонзода беш аз 10 корманди масъули Оҷонсии зиддифасод аст, ки бо ҷурми гирифтани пора боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

"Олигархҳоро санҷанд, мушкили будҷа ҳал мешавад"

Бархе соҳибназарони дигар мегӯянд, органҳои тафтишотӣ бояд дар санҷиши кори корхонаҳо бо назари баробар ба ҳама ширкатдорони ин бозор муносибат кунанд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, мушкил ин аст, ки аз мораторий бештар гурӯҳҳои калон ва ба истилоҳ олигархҳо баҳра мебинанд ва ширкатҳои хурду миёнаи тиҷоратӣ ё саноатӣ ҳамчунон мавриди таваҷҷӯҳи сохторҳои назоратӣ боқӣ мемонанд. Ба ин тартиб, ба эътиқоди ҷаноби Умаров мушкили умдаи дигари соҳибкорони тоҷик, ки ба набудани шароити озоди рақобат дар бозор марбут аст, ҳалношуда боқӣ мемонад. Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар ин бора гуфт:

“Душвортар аз ҳама барои ширкатҳову соҳибкорони хурду миёна мешавад. Зеро “олигархҳо” дар миёни мақомот сарпаноҳ доранд ё аз сӯи худи ин мақомот таъсис шудаанд. Аммо нозирон ҳамчунон ширкатҳои хурду миёнаро мавриди санҷиш қарор дода, талош мекунанд хисороти буҷаро аз ин тоҷирон ҷуброн кунанд. Аммо дар асл маҳз ҳамин олигархҳо бояд дақиқ санҷида шаванд, зеро дар фаъолияти онҳо рӯйпӯш кардани нишондодҳои иқтисодӣ бештар мушоҳида мешавад. Мутмаинам, ки агар ширкатҳои бузургу олигархҳо тамоми дороиҳои худро ошкоро нишон диҳанд, будҷаи Тоҷикистон бо камбуди маблағ ҳаргиз рӯбарӯ нахоҳад шуд”.

Ин дар ҳолест, ки моҳи октябр президент Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорони тоҷик гуфта буд, ки ҳатто бо дарназардошти 70 дарсад кам шудани миқдори тафтишҳои сохторҳои назоратӣ дар соли ҷорӣ тоҷирони тоҷик 1 миллирду 520 миллион сомонии даромадҳои худро пинҳон кардаанд. Яъне, ба эътиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон кам кардани санҷишҳо танҳо роҳи ҳалли мушкилоти соҳибкорон нест.

Вақте реша бемор аст...

Бо ин вуҷуд, Шамсиддин Ҷалолов, таҳлилгари тоҷик бар ин назар аст, ки тасмими ахири президент Раҳмон шароитеро барои рушди ин арсаи иқтисоди кишвар фароҳам месозад. Вай афзуд:

“Дар қонунгузории Тоҷикистон барои фаъолияти соҳибкорон имтиёзҳое роҳандозӣ шудааст. Аммо, дар маҷмӯъ, бар ин назарам, ки эълони ин мораторий имкон медиҳад, то соҳибкорон тавонанд маҳсулоти худро бо сифати баландтар ва арзиши камтар ба фурӯш бароранд”.

Аммо Абдуманнон Шералиев, як таҳлилгари дигари тоҷик, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, бар ин назар аст, ки мушкили аслии соҳибкорони тоҷик ин фасоди густурда дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ аст. Вай дар ин бора гуфт:

“Аввалан, ин мораторий бори аввал нест, ки эълон мешавад ва то имрӯз ҳеҷ кӯмаке дар рушди соҳибкорӣ накардааст, чун риоя намешавад. То ҳол ҳеҷ нафаре барои риоя накардани ин мораторий ҷазо ҳам нагирифтааст. Гузашта аз ин, эълони мораторий дар вазъи имрӯзаи кишвар, ки фасод ба авҷи худ расидааст, дуруст мисли ин аст, ки ба гургҳои гурусна хӯрдани гӯсфандро манъ кунанд. Савум, барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон заминаи андаке боқӣ мондааст ва эълони мораторий ба он кӯмак карда наметавонад. Вақте реша бемор аст, намешавад бо дору пошидан ба барг онро даво бахшид”.

Зимнан, манъи тафтишоти беш аз меъёр яке аз талабҳои Шӯрои машваратии рушди соҳибкорӣ дар назди президент Тоҷикистон буд. Ин Шӯро ахиран пешниҳод кардааст, ки Сандуқи дастгирии занҳои соҳибкор таъсис дода шавад ва аз маблағҳои ин Фонд ба занони соҳибкор, ятимон, маъюбон ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ барои роҳандозии тиҷорати онҳо қарзҳои боимтиёз дода шавад. Шӯро мегӯяд, ин соҳибкорон дар се соли аввали фаъолияташон аз ҳамаи андозҳо бояд озод карда шаванд.

XS
SM
MD
LG