Баъди як рӯзи муроҷиати Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохилӣ низ аз сокинон хост, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз “амалҳои коррупсионии кормандони милиса” ба ин ниҳод хабар диҳанд. Рӯзи 15-уми январ Оҷонси мубориза бо фасод хабар дод, ки аз моҳи феврал то апрели имсол дар баробари кумитаҳои дину меъморӣ ва вазорати нақлиёт, кори милисаҳоро ҳам месанҷад.
"Номи сокинон махфӣ мемонад"
Ба мардум пешниҳод шуд, ки бидуни ифшои ҳувияти худ аз чунин мавридҳо ба мақомот хабар диҳанд. Вазорати корҳои дохилӣ дар навбати худ махфӣ мондани ному насаби шаҳрвандонро кафолат медиҳад
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вебсайти расмиаш аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар ҳолати огаҳӣ аз “амалҳои коррупсионӣ ё ҳаракатҳои дигари ғайриқонунии кормандони милиса” ба телефони боварии вазири умури дохилӣ занг зананд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорат, рӯзи 17-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин даъват “тақвияти эътимоди мардум ба кормандони милиса аст”.
“Барои ин, ба шаҳрвандон пешниҳод шудааст, ки бидуни ифшо кардани ҳувияти худ аз чунин мавридҳо ба мақомот хабар диҳанд. Вазорати корҳои дохилӣ дар навбати худ махфӣ мондани ному насаби шаҳрвандонро кафолат медиҳад”, - афзуд ӯ.
Хабари омодагии ҳамкории милиса бо ҷомеа дар амри ифшои фасодкорӣ дар остонаи ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон нашр шуд, ки қарор аст рӯзи 18-уми январ баргузор шавад. Ин ҷаласаро мақомоти Тоҷикистон чун як нишасти хеле муҳим ва ҳам баҳонаи аслии тағйироти кадрӣ дар баландтарин мақомҳо арзёбӣ мекунанд.
"Ба ин суол мақомоти Оҷонсӣ посух гӯянд"
Рӯзи 17-уми январ сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, даъвати онҳо аз аҳолӣ барои ҳамкорӣ ҳеч рабт ба муроҷатномаи Оҷонси зиддифасод надорад ва танҳо ба хотири тақвияти ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти корҳои дохилӣ рӯи даст гирифта шудааст. Ӯ дар посух ба суоли онки чаро Оҷонсӣ маҳз дар баробари се ниҳоди дигар барои ошкор кардани фасоди молӣ дар Вазорати умури дохилӣ ҳам иқдом кардааст, гуфт: “Шояд онҳо нақшаи кории худро доранд ва бо навбат фаъолияти ҳар вазорату идораро таҳлил мекунанд. Шояд ба ин суол худи онҳо посух гӯянд”.
Номи милиса, ҳомии ҳуқуқу пуштибони мардум, дар солҳои ахир борҳо дар қазияҳои марбут ба фасод ва зӯроварӣ зикр шудааст. Дар як пурсиши афкори умум, ки соли 2015 Оҷонси зиддифасод анҷом дода буд, таъкид мешавад, ки сокинони зиёди Тоҷикистон ходимони ҳифзи ҳуқуқ ва милисаро дар фасодкорӣ гумонбар медонанд.
"Майор дар пайи шикояти сокинон боздошт шуд"
Боздошти майор Қамариддин Орифзода, сардори шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва капитани милиса Акбар Ҷонбобоев дар шаҳри Турсунзода барои гирифтани “пора” аз ҷумлаи тозатарин хабарҳо дар ин мавзӯъ будааст. Фаромарз Раҳмонзода, сухангӯи Оҷонси мубориза бо фасод, рӯзи 17-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамин ҳодиса дар пайи шикояти сокинон ошкор шуд.
Аммо сухангӯи Оҷонсӣ аз ироаи омори дақиқи милисаҳои гумонбар дар ришватхорӣ худдорӣ кард. Дар паёми ахири худ ба порлумон моҳи декабри соли 2017 президент Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар соли равон нисбат ба соли 2016 афзоиш ёфтааст”. Ба гуфтаи ӯ, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони мақомоти маҳаллӣ низ 25 дарсад афзоиш ёфтааст.
Абдуллоев: Нақшаи тасдиқшуда аст
Вале Алиакбар Абдуллоев, як узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии мубориза бо фасод, гуфт, тафтиши ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ як таҷрибаи маъмулист. Ӯ гуфт, ба далели онки тамоми вазорату идораҳо аз ҳисоби буҷети кишвар фаъолият мекунанд, Оҷонсӣ фаъолияти онҳоро дар давоми ҳар ду сол месанҷад. “Ин нақшаи тасдиқшуда аз ҷониби ҳукумат аст ва Оҷонсӣ тибқи ҷадвал тафтишоти худро дар ниҳодҳои давлатӣ анҷом медиҳад”, - афзуд ӯ.
Абдуллоев даъвати сокинон аз сӯи Вазорати корҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз кирдорҳои коррупсионии милисаҳоро як падидаи мусбат арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, дар доираи стратегияи миллие, ки ҳукумати Тоҷикистон таҳия кардааст, тамоми ниҳодҳо метавонанд фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандон анҷом диҳад.
Боздошт ва ҳукми кормандони Оҷонсии зиддифасод
Бархе аз ҳамсӯҳбатони дигари Радиои Озодӣ мегӯянд, агар тафтишу санҷиши кори сохторҳои интизомии Тоҷикистон аз назари олудагӣ ба фасод пайваста ва шаффоф анҷом ва ҷомеа саривақт аз натиҷаҳои он огоҳонида шавад, шояд ҳам дар амри мубориза бо фасод пешрафте ҳосил хоҳад шуд.
Даъвати Оҷонсӣ барои санҷиши кори сохторҳои давлатӣ аз назари олудагӣ ба фасод дар ҳолест, ки соли 2017 ҳадди ақал 10 корманди масъули худи ин ниҳод барои даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ пушти панҷара рафтанд. Ҷараёни боздошт, тафтиш, мурофиаи додгоҳии ин афрод, ки мақоми баландтаринаш собиқ муовини раиси агентӣ буд, пушти дарҳои баста, бидуни огаҳии матбуот ва хешовандон ҷараён гирифт.