Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори шинохта ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон дар суҳбати ихтисосии видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба зудӣ ба журналистика бармегардад ва нисбат ба мушкилу ҳаводиси кишвар бетараф нахоҳад буд.
- Хайрулло Мирсаидов моҳи декабри соли гузашта боздошт ва моҳи июли имсол бо ҷурми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми август дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону кишварҳои байналмилалӣ Мирсаидовро аз зиндон озод кард. Аммо ҳамзамон ба пардохти 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ва корҳои ислоҳӣ муваззаф намуд.
Тамоми ин муддат дар хобам онҳоеро медидам, ки шояд сӣ соли охир надида будам. Касе намонд, ки ёдаш накарда бошам
Хайрулло Мирсаидов: Асабам осеб дидааст ва баъди як давраи табобат ба журналистика бармегардам. Мушкилоте, ки дар ҷомеаи мо вуҷуд дорад, набояд бе баррасӣ гузошт. Агар ман ин корро накунам, кӣ мекунад? Агар ҳар кас ба мушкил пушташро гардонда, ба ҳаводиси кишвар чашм пӯшад, аз ин кишвар чизе намемонад.
Радиои Озодӣ: Раҳоии Шумо аз зиндон ба маънои пурра сафед шуданатон набуд. Ҳоло бояд 80 ҳазор сомонӣ диҳед ва доғи судӣ ҳам боқӣ мемонад...
Хайрулло Мирсаидов: Дар рӯзи аввали озодшавиам гуфта будам, ки то охир меравам ва бегуноҳии худро исбот мекунам. Метавонам то додгоҳи Гаага равам. Вакилони мудофеъ аллакай шикоятро ба додгоҳи зинаи баъдӣ омода кардаанд.
Навори видеоӣ дар инҷост:
Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, бовар доред, ки ба ҳадаф мерасед?
Хайрулло Мирсаидов: Рости гап, шубҳа дорам. Баъди ду марҳилаи судӣ, ки гузашт, чизе тағйир наёфт. Додгоҳи зинаи дуюм зиндонро ба ҷарима табдил дод. Ин ҳам баъди онки мо маблағи ба ном хисоротро пардохт кардем. Дар асл онҳо чизеро тағйир надоданд. Ман ҳамчун журналист медонам ва дар Тоҷикистон таҷриба ҳамин аст. Дар нӯҳ моҳе, ки дар боздоштгоҳ будам, нафарони зиёдеро дидам, ки ба додгоҳ як бор неву ду, се, чаҳор бор муроҷиат кардаанд. Баъди ду марҳилаи судӣ амалан чизе тағйир намеёбад. Танҳо дар ҳолатҳои хеле кам тағйирот пеш меояд ва умедворам, ки дар ҳолати ман ин чиз амалӣ мешавад. Ин мавқеи принсипиалии ман аст.
Радиои Озодӣ: Чӣ гуна шуд, ки сардори Идораи ҷавонон дар ҳукумати вилояти Суғд тавонист, Шуморо дар фасоди молӣ гунаҳкор карда, паси панҷара барад?
Хайрулло Мирсаидов: Ҳамин қазия баёнгари он аст, ки Тоҷикистон дар кадом самт ҳаракат дорад. Чанд сол пеш ё даҳ соли пеш худи ман фасодкоронро фош мекардам. Онҳоро дар сатҳҳои хеле ва хеле баланд фош карда, дар бораашон матлаб навиштаам. Мақомоти хеле баланд буданд ва вокуниши онҳо хеле ботавозун буд. Нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз мешуд, аз кор ронда мешуданд ваё ба зиндон мерафтанд. Вале дар 17 соли собиқаи кории ман ҳоло мо ба марҳилае расидем, ки як мақомдори сатҳи поин тавонист ин ҳамаро ташкил кунад. Яъне, сатҳи фасод то ҳамин дараҷа омадааст, ки касе коре карда натавонист.
"Онҳо чӣ ҳам гуфта метавонистанд?"
Радиои Озодӣ: Вақте Шумо дар боздоштгоҳ будед, мавқеи тими КВН чандон рӯшан набуд. Яъне, онҳо барои раҳоии Шумо зиёд талош накарданд...
Хайрулло Мирсаидов: Чунки моддаи 189 дар бораи “барангехтани кинаву адовати миллӣ...” нисбат ба дигар аъзои тим – тахминан 30 нафар ҳам нигаронида шуда буд. Ҳамаи онҳоро ҳам азият карданд, дар марҳилаи санҷиш ба онҳо зиёд суол дода, фишор меоварданд. Ва ин кори онҳо ба ҷои ташаккур буд. Дар давоми чаҳор сол ин бачаҳо бепул барои (обрӯи) Тоҷикистон хидмат карданд. Кӣ чӣ гуфта метавонад, вақте тамоми тим мавриди таҳқиқ қарор дошт. Вақте раҳбари онҳо, яъне ман аслан дар пушти панҷара будам, онҳо чӣ ҳам гуфта метавонистанд?
"Чунин ҷинояткорро дар куҷо дидаед, ки..."
Радиои Озодӣ: Чунин назарҳо ҳам буд, ки беҳтараш Шумо созиш мекардед, то ки КВН рӯи об бимонад.
Хайрулло Мирсаидов: Ба хотири калон нашудани моҷаро, онҳо худашон метавонистанд, ки баҳсро зуд хомӯш кунанд. Дар асл он камбудҳое, ки гӯиё ҷой доштанд, яъне гузориши нопадидшуда -- ман баъдан собит кардам, ки сардори раёсати ҷавонони вилояти Суғд онро махсус нобуд карда буд. Ман ин гузоришро барқарор карда, ба дасти додситонӣ супурдам. Ин корро ҳанӯз моҳи июни соли гузашта карда будам. Вале, мутаассифона, баъди ин, онҳо боз ҳам бештар кофтукоб карданд. Дар аввал гуфтанд, ки як гузориш намерасад. Баъди онки ман онро барқарор карда супурдам, гуфтанд, ки "биёед, бубинем, аз оғози сол чанд бозӣ анҷом шудааст?" Вақте дар он гузоришҳо чизе пайдо накарданд, ба ҷустуҷӯи санадҳои соли 2016 рӯ оварданд. Дар охир гуфтанд, ки фаъолияти чаҳорсолаи моро месанҷанд. Яъне, пайгирона ба ин кор рафтанд. Ман дар додгоҳ ҳам гуфтам, ки "шумо чунин ҷинояткорро дар куҷо дидаед, ки ҳар рӯз бо пои худ ба додситонӣ рафта, аз онҳо хоҳиш кунад, ки зудтар санҷиши худро анҷом диҳед?"
"Адвокати зиндонии Шумо шудам"
Радиои Озодӣ: Дар боздоштгоҳ муносибат ба Шумо чӣ гуна буд?
Хайрулло Мирсаидов: Ба ман ҳеҷ кас фишор наовардааст. Чунки аз рӯзи аввал ҳама медонист, ки киро боздошт кардааст. Ман се рӯзи аввал дар боздоштгоҳи муваққатии Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир нигаҳдорӣ шудам. Дар муқоиса бо шароити дигари боздоштгоҳҳои муваққат, ки ман шунидаам, инҷо шароити хеле беҳтар аст. Моҳи декабр буд. Ман се рӯз дар боздоштгоҳ танҳо будам ва танҳо барои ман бухории гармидиҳӣ кор мекард. Мушкил танҳо ин буд, ки танҳо ва бидуни муошират будам. Вақте ба боздоштгоҳи муваққатӣ ҳамроҳ бо дигар гумонбарон гузарониданд, дар онҷо аллакай ҳама дар бораи ман хабар дошт. Ба ман вакилону волидонам мегуфтанд, ки ҳама хабар дорад. Карйераи ман аз телевизиони "Азия" шурӯъ шудааст, ва дар он телевизион барномае доштам бо номи "Адвокати хонагии шумо". Ман ба ҳамутоқонам мегуфтам, ки "ҳоло ман адвокати зиндонии шумо шудам". Бисёри онҳое, ки дар он ҷо буданд, аслан маълумоти ҳуқуқӣ надоранд. Пул надоранд, ки адвокат бигиранд. Ман ба бисёри онҳо барои дарки ҳуқуқи оддии шаҳрвандиашон кӯмак мекардам.
"Касе намонд, ки ёдаш накарда бошам"
Радиои Озодӣ: Хайрулло, дар боздоштгоҳ киҳо ва чиҳоро пазмон мешудед?
Хайрулло Мирсаидов: Бешубҳа, тамоми ин муддат дар хобам онҳоеро медидам, ки шояд сӣ соли охир надида будам. Ҳеҷ касе намонд, ки ёдаш накарда бошам. Вақте волидону вакилонам меомаданд, мегуфтанд, ки фалон кас ба ту салом гуфт ё ба тарафдории ту садо баланд кард. Баъзеҳоро базудӣ ҳатто ба ёд оварда наметавонистам. Вале баъд хеле шод мешудам. Бисёр дӯстон аз саросари ҷаҳон барои озодии ман мубориза бурданд.
Радиои Озодӣ: Хабар доштед, ки созмонҳову матбуот қазияи Шуморо пайгирӣ мекарданд?
Хайрулло Мирсаидов: Бале, тавре гуфтам, волидону вакилонам мегуфтанд. Илова ба ин, дар ҳар утоқи боздоштгоҳ радио кор мекунад. Се-чаҳор шабакаи радиои Тоҷикистон пайваста хабар медоданд ва қазияи маро ҳам пӯшиш медоданд. Аз ин хотир, ҳама дар боздоштгоҳ медонист, ки дар ин ҷо Хайрулло Мирсаидов нишастааст ва ман бисёр одами машҳур будам (механдад).
"Агар ҳама равад, кӣ мемонад?"
Радиои Озодӣ: Маъмулан, онҳое, ки таҷрибаи мисли Шуморо пушти сар мекунанд, аз зиндагӣ дилсард мешаванд ва талош мекунанд аз ин кишвар бираванд.
Хайрулло Мирсаидов: Аввал ин ки ман ҳоло бояд ҷаримаро пардохт кунам. Бояд бо оилаву дӯстонам бошам. Аз сӯи дигар, агар ҳар кас дар пайи мушкили хурде Тоҷикистонро тарк карда биравад, дар ин ҷо кӣ мемонад? Кӣ Тоҷикистонеро, ки ҳама обод кардан мехост, месозад? Дар ин сурат дар ин кишвар танҳо онҳое мемонанд, ки барояшон будан дар ин ҷо манфиат дорад. Ва онҳое мемонанд, ки аз рӯи қоидаҳои барои худ муносиб, на аз рӯи Конститутсия зиндагӣ мекунанд.
"КВН ҳам сиёсат аст"
Радиои Озодӣ: Баъди ин ҳама тақдири КВН чӣ мешавад? То қазияи Шумо як қадам монда буд, ки тим ба телевизиони марказии Русия роҳ ёбад.
Хайрулло Мирсаидов: Бале, дар чаҳор соли фаъолият мо кореро кардем, ки аз дасти касе наомада буд. Мо тимро ба сатҳи бисёр баланд бардоштем. Имсол қарор буд, ки мо ба телевизиони марказӣ роҳ ёбем, вале дар Соли ҷавонон яке аз пешрафтатарин барномаҳо - КВН барбод дода шуд. Баробар бо ҳунарнамоии мо дар Бишкеку Маскав, мо дар ин ҷо гурӯҳҳо ё ҷараёни дӯстдорони КВН-ро таъсис додем, ҳазорҳо ҷавонони боистеъдод ба ин кор ҷалб шуданд. Бозӣ дар КВН истеъдоди ҷавононро кашф мекунад, истеъдодҳое, ки худи онҳо дар бораашон хабар надоранд. Масалан, худи Александр Масляков, муассиси КВН дар Русия мегӯяд, ки 80 дар сади кадрҳое, ки бо масоили ҷавонон сарукор мегиранд, дар КВН тарбия шудаанд. Аксари барномаҳои телевизионҳои Русияро шогирдони КВН ташкил мекунанд. Ба ҳамин хотир, ин барнома хеле муҳим буд, ҳам барои худи ҷавонон ва ҳам барои боло бурдани обрӯи ин кишвар ва тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ. Дар телевизионҳои русӣ дар давоми даҳ соли гузашта чунон барномаҳои зиёде пахш шуд, ки тоҷиконро дар симои манфӣ намоиш медоданд. Касе ба онҳо гуфта натавонист, ки "мо чунин нестем, мо дигаргунаем". Дар Тоҷикистон бисёриҳо КВН-ро ҷиддӣ намегиранд, вале барои ман ин як сиёсат аст. Ин сиёсати калон аст ва маҳз тавассути шабакаи якуми ТВ Русия мо метавонем ба дигарон кӣ будани тоҷиконро намоиш диҳем. Бале, варзишу фарҳанг ва ҳунар ҳаст, аммо ҳеҷ яке аз онҳо тавассути барномаи бисёр пуртарафдори телевизионӣ намоиш дода намешаванд. Танҳо КВН-ро аз шабакаи аввали телевизиони русӣ пайваста намоиш медиҳанд ва тамошобини он бо Русия маҳдуд намешавад.