Созмони Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (OECD) фасоди молӣ ё коррупсияро дар баробари фақр аз мушкили аслии Тоҷикистон ном бурда, гуфтааст, ки “талошҳои ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз фасод ҳеҷ беҳбудӣ наовард”. Гузориши ин созмон баъд аз нишасти муштараки коршиносонаш бо мақомоти тоҷик охири ҳафта дар шаҳри Душанбе нашр шуд.
Тоҷикистон дар соли 2006 Шӯрои муқовимат бо коррупсия ва ба дунболи он Оҷонси мубориза бо фасодро таъсис дод.
Раҳбарияти Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 9-уми декабр ҳозир нашуданд, ин гузоришро шарҳ диҳанд. Аммо дар гузашта мақомот гуфта буданд, ки барои мубориза бо фасод камарро сахт бастаанд ва дар ин роҳ ба касе раҳм нахоҳанд кард. Ахиран ин ниҳод бо нашри огоҳӣ ба мардум ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд афроди ришвадеҳ низ боздошт ва дар баробари қонун ҷавобгӯ хоҳанд буд.
Коршиносони созмони Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд гуфтаанд, ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола дар бораи мизони фасодкорӣ дар идораҳои давлатӣ назарпурсӣ анҷом медиҳад ва натиҷаи ин пажӯҳишҳо баёнгари он аст, ки сатҳи фасод дар кишвар ҳамчунон баланд аст. Дар ин гузориш зикр шудааст, қонунгузории зидди фасод ва сохторҳои зидди фасод низ заиф боқӣ мемонанд.
Аз ҷумла, гуфта мешавад, раванди харидҳои давлатӣ чандон шаффоф нест ва муколамаи давлат бо сохторҳои тиҷоратӣ маъмулан ба ном анҷом дода мешавад. Пажӯҳишгарон ошкор кардаанд, ки низоми заифи зиддифасод дар сатҳи ҳокимияти маҳаллӣ шароитро барои фасодкорӣ дар заминаи ҷудо кардани қитъаҳои замин фароҳам намудааст.
Бо дарки ин мушкилот пажӯҳишгарон ба мақомоти Тоҷикистон машварат додаанд, ки назорат ба иҷрои қонунгузории зиддифасодро бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият диҳад. Ҳамчунин таъсиси маркази таҳлиливу иттилоотӣ дар назди Оҷонси мубориза бо фасод барои таҳқиқи ҳодисаҳои печидаи фасодкорӣ бояд роҳандозӣ шавад.
Ин созмон, инчунин, машварат додааст, ки эъломияи дороиҳои мансабдорони тоҷик дастраси мардум карда шавад. Шаффофияти фаъолияти додгоҳҳо ва мустақилияти додрасҳо шарти дигари беҳбуди вазъи ҷилавгирӣ аз фасодкорӣ дар Тоҷикистон дониста шудааст. «Ба кор қабул кардани кормандони додситонӣ бояд танҳо тариқи озмун сурат бигирад ва нақши додситонҳо дар тасмимгириҳои парвандаҳои фасодкорӣ бояд маҳдуд карда шавад», - гуфта шудааст дар гузориш.
Ҳамзамон созмони Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ба Тоҷикистон машварат додааст, ки қонунгузории ҷиноятии худро ба муқаррароти байналмилалии мубориза бо фасодкорӣ мутобиқ созад. Барои пешгирӣ аз фасодкорӣ дар ихтисоси қитъаҳои замин машварат дода шудааст, махзани иттилоъ дар бораи қитъаҳои дастраси замин пешниҳоди мардум карда шавад ва ҳамзамон феҳрасти далелҳои радди додани ин қитъаҳои замин эълон гардад.
Тоҷикистон дар соли 2006 Шӯрои муқовимат бо коррупсия ва ба дунболи он Оҷонси мубориза бо фасодро таъсис дод. Ҳарчанд мақомоти расмии кишвар натиҷаи муборизаи худро муассир нишон медиҳанд, ба навиштаи созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон натавонистааст дар ин амр пешрафти чашмгир кунад. Худи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ду соли пеш дар Шӯрои амнияти кишвар ҷиддан аз фаъолияти Оҷонсии зидди коррупсия изҳори ноқаноатмандӣ карда, ҳушдор дода буд, ки агар ин ниҳод бо ҳамин мизони камранг фаъолияташро идома диҳад, барҳам хоҳад дод.
Дар оғоз ин Оҷонсро Шерхон Салимзода ва баъдан Абдуфаттоҳи Ғоиб раҳбарӣ карданд. Дар соли 2015 ба раёсати ин ниҳод Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, омад ва каме беш аз як сол дар ин ниҳод машғули кор буд. Рустами Эмомалӣ моҳи январи имсол аз ин мақом озод ва шаҳрдори Душанбе таъин шуд. Ҳоло раёсати ин ниҳодро Сулаймон Султонзода, додситони пешини пойтахт бар уҳда дорад.