Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Экскватори 31000-долларӣ сӯхт. Боздошти як масъули "Нури Ховар"


Мақомоти интизомии Тоҷикистон сардори як шуъбаи корхонаи “Нури Ховар” (собиқ “Заря Востока”)-ро дар шаҳри Истиқлол (Табошаҳри собиқ) боздошт кардаанд. Ин нафар, ки дар ҳоли ҳозир аз ӯ ном бурда намешавад, ба исрофкорӣ ва расондани тақрибан 300 ҳазор сомонӣ (беш аз 31 ҳазор доллар) зиён ба корхона муттаҳам аст.

  • Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3-юми сентябр дар як иттилоия гуфт, ки сардори шуъбаи “Заря Востока” экскаватори корхонаро ба фоидаи шахсии худ истифода кардааст.
Мансабдорон дар назди халқ ҳисоботдиҳанда нестанд. Бинобар ин, баъзеи онҳо байни моликияти шахсӣ ва давлатӣ фарқ намегузоранд

Ба хабари манбаъ, “ҳангоми истифодаи он дар дохили экскаватор сӯхтор сар зада, мошин ба коми оташ рафтааст. Аз ин ҳисоб ба корхонаи “Нури Ховар” ба маблағи тахминан 300 ҳазор сомонӣ зарари молӣ расидааст.” Мақомоти Вазорати умури дохилӣ гуфтанд, нисбат ба сардори як шуъбаи корхонаи “Нури Ховар” аз рӯи моддаи 245, қисми 2 – “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз гардидааст.

Мероси Шӯравӣ

“Нури Ховар”, ки қаблан “Заря Востока” ном дошт, то бунёди корхонаи металлургии Чин корхонаи асосӣ дар шаҳри Истиқлол ба шумор мерафт. Ин шаҳраки саноатӣ дар 30-километрии шимоли Хуҷанд соли 1938 барои истеҳсоли маводи сӯхти мушак бунёд шуда буд. Баъди азҳампошии Шӯравӣ, фаъолияти корхона дар самти истеҳсоли маъдани уран қатъ гардид. Ҳоло "Нури Ховар" бо нерӯи тавлидотии онҳо лӯлаҳои полиэтиленӣ, калӯш ва либоси мактабӣ мебарорад.

Сармуҳандиси корхонаи “Нури Ховар” Бахтиёр Шарифов рӯзи 3-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ қазияи боздошти сардори шуъбаи нақлиёти корхонаро тасдиқ кард.

Дар ҳукумати шаҳри Истиқлол низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, таҳқиқи ҳодисаи истифода аз экскаватори корхонаи “Нури Ховар” ва сӯхтори он анҷом шудааст. “Дар пайи ин ҳодиса раиси корхонаи “Нури Ховар” аз вазифа сабукдӯш карда шуд”, - гуфтанд дар ҳукумат.

Баъзе аз манобеъ гуфтанд, ки сардори шуъбаи нақлиётии корхонаи “Нури Ховар” баъди чанд рӯзи боздошт раҳо шудааст. Аммо талоши мо барои суҳбат бо ӯ то ин дам бенатиҷа буд.

  • Бино ба қонунҳои Тоҷикистон маъмулан барои “расонидани зарари молӣ” пардохти маблағи зарар ва ҷаримаҳои калон тақозо мешавад.

Моли давлат кадом аст?

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд мегӯяд, дар шаш моҳи аввали имсол кормандони ин ниҳод 325 ҷинояти марбут ба фасоди молиро ошкор кардаанд. Зиёни расида беш аз 25 миллион сомонӣ ҳисоб шуда, ҳудуди 70 дар сад ё наздики 20 миллиони сомонии рӯёнда шудааст.

Истифодаи мансабдорон аз мошину техникаи дигари хидматӣ ҳанӯз аз давраи Шӯравӣ дар Тоҷикистон ба қавле “мӯд” гардидааст. Бархе амалдорон ҳатто дар рӯзҳои фориғ аз кори давлатӣ онро ба манофеи шахсӣ ё хонаводагиашон истифода мекунанд.

Тилав Расулзода
Тилав Расулзода

Тилав Расулзода, коршиноси тоҷик, гуфт, “дар доираи қонуни хидматчии давлатӣ кор кардани мансабдорон ҳанӯз ба фарҳанг табдил наёфтааст. Мансабдорон дар назди халқ ҳисоботдиҳанда нестанд. Бинобар ин, бархеи онҳо аз рӯи шиори “худам шоҳу табъам вазир” амал мекунанд ва байни моликияти шахси худу давлатӣ фарқ намегузоранд.”

Дар гузашта мавридҳои истифода аз мошинҳои хидматӣ аз тарафи мақомдорони тоҷик сабт намешуд. Танҳо пас аз таъкидҳои батакрор ва судури амри раиси ҷумҳур дар ин бора, акнун нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ бо ҷуръати бештар чунин навъи қонуншиканиро сабтином мекунанд.

XS
SM
MD
LG