Як имом ва чор намозгузори масҷиде дар вилояти Суғдро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми пайравӣ аз равияи мамнӯи “Салафия” боздошт кардаанд. Илҳомиддин Абдуллоев, имоми масҷиди шаҳраки Чорухдаррон, шимоли Хуҷандва чор намозгузори ин масҷид аввалҳои моҳи сентябр аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифта, ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.
Наргис Бердиева, котиби раиси шаҳраки Чорухдаррон рӯзи 9-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, имоми масҷид Абдуллоев дар шаҳраки Консой, тахминан 10-километрии Чорухдаррон мезист ва барои адои намоз ба масҷид меомад. Ӯ афзуд, ки ҳамин қадар медонад, ки мақомот онҳоро ба пайравӣ аз равияи "Салафия" айбдор кардаанд.
Боздошти имом-хатибони масҷидҳои Суғд баҳори соли гузашта оғоз шуд ва то моҳи декабри 2016 додгоҳҳо ҳудуди 20 нафарро барои шомил будан дар созмони “Ихвон-ул-муслимин”, ба зиндон фиристоданд.
Ба қавли ӯ, Илҳомиддин Абдуллоев 42-сола ва чаҳор намозгузоре, ки ҳамроҳи ӯ боздошт гардиданд, низ миёнсол буда, ду нафари онҳо дар як ширкати дару тирезаи пластикӣ кор мекарданд ва ду нафари онҳо ба ҳайси коргари кироя корҳои сохтмониро анҷом медоданд.
То замони анҷоми тафтиши парванда, ин афрод дар боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд, нигоҳдорӣ мешаванд. Тафтиши парвандаро додситонии Қайроқум пеш мебарад. Як нафари наздик ба тафтиши ин парванда аз мақомоти интизомӣ гуфт, ки нисбат ба Илҳомиддин Абдуллоев ва 4 намозгузори сокини шаҳраки Чорухдаррон, мутобиқи банди 307-и Кодекси ҷиноӣ “Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ”, иттиҳом пешниҳод шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, Илҳомиддин Абдуллоев хатмкардаи Донишгоҳи исломии Кувайт буда, ҳамроҳи 4 намозгузори дигар ақидаҳои равияи мамнӯи “Салафия”-ро байни намозгузорон тарғиб мекард. Вале ӯ ба далели халал нарасонидан ба тафтишот, ҷузъиёти бештари аъмоли дастгиршудаҳоро бозгӯ накард.
Абдусаид Амонов, масъули бахши дин дар ҳукумати вилояти Суғд гуфт, Илҳомиддин Абдуллоев имоми масҷиди 5 вақтаи шаҳраки Чорухдаррон буд. “Мо ҳамин қадар медонем, ки онҳоро барои пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон манъгардида дастгир карданд”,- афзуд ӯ.
Муҳаррам Маҳмудова, модари Акрам Маҳмудов, яке аз боздоштшудаҳо рӯзи 10-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш соҳиби 3 фарзанд ва устои сохтмон аст. Ӯ намозхон аст ва дар масҷид суханрониҳои имомро гӯш мекард, вале худаш таҳсили динӣ накардааст. “Намедонем чӣ кор кунем. Вакили дифоъ гирифтем, ки писарамро халос кунем”,-афзуд ӯ.
Ба қавли Абдусаид Амонов, масъули бахши дин, имсол мақомот дар вилояти Суғд танҳо ҳамин як имоми масҷиди шаҳраки Чорухдарронро боздошт кардаанд. Вале соли гузаштаи 2016 чандин ходимони масҷидро дастгир ва зиндонӣ карда буданд.
Мақомоти додгоҳи вилояти Суғд мегӯянд, аз соли гузашта то ба ҳол даҳҳо парванда алайҳи сокинон бо иттиҳоми иштирок дар фаъолияти ҳизбу созмон ва иттиҳодияҳои фаъолияташон мамнӯъ дар Тоҷикистон, баррасӣ шуда, вале ҳеҷ яке аз айбдоршудаҳо сафед ва аз толор раҳо карда нашудаанд. Дар ҳоле, ки бархе аз боздоштшудаҳо иттиҳом алайҳи худро бепоя номида, гуфтаанд, ки ҳатто бо хатти арабиву ақидаи “Салафия” ошно нестанд.
Боздошти беш аз 100 нафар барои "Салафият"
Рӯзи 14-уми август гузориши солонаи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар саросари ҷаҳон нашр шуд ва дар робита бо Тоҷикистон Департаменти давлатии ИМА гуфт, ин кишвар мисли соли 2015 дар гурӯҳи “Кишварҳои мавриди таваҷҷӯҳи хос” буд. Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико ба мавридҳои ҷудогонаи ҳабси шаҳрвандон бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои ифротгарои динӣ, назири Салафия муроҷиат шуда гуфта шудааст, ки дар давоми як соли гузашта, беш аз 100 нафар бо ин иттиҳом боздошт шуданд.
"Пушти панҷара андохтани афрод, роҳи ҳал нест"
Коршинос Тилав Расулзода мегӯяд,зарурати муборизаи мақомот алайҳи созмонҳои созмону равияҳои ифротгароро дар шароите, ки тавассути онҳо чандин кишварҳои шарқӣ, мисли афӯонистону Сурияву Ироқ ба оташи ҷангу хун кашида шудааст, хуб дарк мекунад. Вале ба андешаи ин коршинос, боздошту паси панҷара андохтани афроди одие, ки аз ноогоҳӣ пайрави ин созмону равияҳои тундрав шудаанд ва ҳанӯз ба амали барои ҷомеа хавфнок даст назадаанд, дуруст нест.
Ӯ афзуд : “Роҳи беҳтарини коҳиши тундгароӣ - ин ҷилавгирии он аст. То ин ки бо роҳи ҷазодиҳӣ ва зиндонӣ кардан тақдири бисёр касонро нашикананд. Ва дар ин роҳ бояд на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки тамоми мардум иштирок кунанд. Донишмандон бояд хавфу хатарҳои шомил шудан ба ҳизбу созмонҳо ва равияҳои ифротӣ, мисли Ҳизб-ут - Таҳрир, Ҳаракати исломии Узбкистон ё пайравӣ аз равияи Салафияро ба мардум бо далелҳо ва мисолҳои рушан фаҳмонанд.То ки онҳо кӯр кӯрона ба ин гуна созмонҳои тундрав шомил нашаванд.”
Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2009 ҷараёни “Салафия”- ро мамнӯъ ва баъдан ифротӣ эълон кард. Боздошти имом-хатибонимасҷидҳои Суғд баҳори соли гузашта оғоз шуд ва то моҳи декабри 2016 додгоҳҳо ҳудуди 20 нафарро барои шомил будан дар созмони “Ихвон-ул-муслимин”, ба зиндон фиристоданд.