Чаҳор сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Мақомоти додгоҳ рӯзи 12 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки яке аз онҳо – Самеъбой Улмасов – ҳангоми муҳоҷират дар Русия ба ин ҷараён пайваста, баъди бозгашт ба омӯзиши ин равия идома додааст. Ҷараёни “Салафия” соли 2009 дар ҳудуди Тоҷикистон мамнӯъ ва соли 2014 бо як қарори Додгоҳи олӣ “созмони террористӣ” эълон шуд.
Мубориза алайҳи пайравони Салафия соли 2015 баъди он шиддат гирифт, ки Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, аксари беш аз ҳазор тоҷикистонӣ асосан бо ташвиқи салафиҳо ба Сурияву Ироқ рафта, дар сафи “Давлати исломӣ” меҷанганд.
Боир Зоирзода – додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – гуфт, ки “Самеъбой Улмасов соли 2005 ба муҳоҷират рафта, дар Русия аз Юсуф ном шахс таълимоти "Салафия”-ро омӯхтааст. Баъди бозгашт ҳамроҳи се шарикаш то моҳи августи соли 2015 бо тарзи намозгузорӣ ва лисбопӯшӣ аз ин равия пайравӣ мекарданд.”
Ба қавли додрас, ҳоло дар курсии айбдорӣ ҳамроҳи Самеъбой Улмасов, бародараш Маҳкамбой Улмасов ва Давронхон Валиеву Муҳаммадҷон Иброҳимов нишастанд. Ҳамаи инҳо моҳи феврали имсол аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуда, бар асоси моддаи 307 (иловаи 3, қисми 2), яъне “иштирок дар равияи фаъолияташ мамнӯъ” муттаҳаманд. Ин моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 солро дар назар дорад.
Наргис Яъқубова, вакили дифои ин чаҳор нафар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо аз 32 то 40 сол дошта соҳиби зану фарзанданд. Ба гуфтаи ӯ, нафарони таҳти ҳимояташ то замони боздошт аз пушти нонвоиву ронандагӣ зиндагӣ доштанд.
Бо ин вуҷуд, вакили дифоъ гуфт, ки ин чаҳор нафар дар мурофиаи додгоҳӣ “ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз кардаи худ пушаймонӣ намуданд. Онҳо гуфтанд, ки пояҳои дини ислом ва чӣ гуна гузоштани намозро меомӯхтанд. Зерҳимояҳои мо қаблан суд нашудаанд, саробонии атфолро бар дӯш доранд ва аз кардаи худ сидқан пушаймонанд. Умедворам, додгоҳ ин ҳамаро чун ҳолатҳои сабуккунанда ба назар мегирад.”
Як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар мурофиаи парвандаи ин афрод иштирок кардааст, низ гуфт, "айбдоршавандаҳо хеле ором ба назар мерасиданд ва ба гуноҳи худ пурра иқрор намуданд". Аксар мурофиаи пайравони ҷараёнҳои мамнӯи динӣ дар Тоҷикистон паси дарҳои баста ва бе ҳузури хабарнигрон мегузарад. Барои ҳамин, тафсилоти бештари парвандаҳо ва радду бадал ё пурсишу посуху додрасу муттаҳамон ва айбдоркунандаи давлатӣ дастрас нест.
Ҳарчанд шоҳидон ё вакили мудофеъ мегӯянд, ки баъзе муттаҳамон ба гуноҳи худ иқрор кардаанд, аммо маълум нест, ки воқеан барои гуноҳи худ пушаймон шудаанд ё барои сабуктар шудани муҳлати ҷазо эътироф намудаанд.
Мақомоти додгоҳи вилояти Суғд мегӯянд, аз соли гузашта то ба ҳол даҳҳо парванда бо иттиҳоми иштирок дар фаъолияти ҳизбу созмон ва иттиҳодияҳои фаъолияташон мамнӯъ дар Тоҷикистон баррасӣ шуда, вале ҳеҷ яке аз айбдоршудаҳо сафед ва аз толор раҳо карда нашудаанд. Дар ҳоле ки бархе аз боздоштшудаҳо иттиҳоми алайҳи худро бепоя номида, гуфтаанд, ҳатто бо хатти арабиву ақидаи “Салафия” ошно нестанд.
"Салафия" ҷараёни тозпайдои мазҳаби ислом аст, ки дар Арабистони Саудӣ ба он пайравӣ мекунанд ва баъзан ин мазҳабро бо “Ваҳҳобия” тавъам медонанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 фаъолияти ҷараёни "Салафия"- ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ ва дар пай, соли 2014 онро “созмони экстремистӣ” эълон кард. Мубориза алайҳи пайравони Салафия соли 2015 баъди он шиддат гирифт, ки Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, аксари беш аз ҳазор тоҷикистонӣ асосан бо ташвиқи салафиҳо ба Сурияву Ироқ рафта, дар сафи “Давлати исломӣ” меҷанганд.