Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Салафия" як сокини Суғд ва шарикашро ба зиндон бурд


Бинои додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Бинои додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Додгоҳе дар вилояти Суғд як сокини маҳаллиро барои узвият дар ҷараёни мамнӯи “Салафия” муттаҳам ва ӯро ба 5,5 соли зиндон маҳкум кард. Дар ҷараёни мурофиа Абдулло Муҳиддинов гуфтааст, ки чунин тарзи намозгузориро дар масҷидҳои Русия ва ба пайравӣ аз муҳоҷирони қафқозӣ омӯхтааст ва дар давоми ду соли охири баъди бозгашташ аз муҳоҷират ба тарзи омӯхтаи худ намоз мехонд. Як дӯсти Муҳиддинов – Абдулатиф Ҳидоятов ҳам барои хабар надодан аз, ба қавли мақомот, ақидаҳои мамнӯи мазҳабии рафиқаш ба 8 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳ: Гуноҳи Муҳиддинов исбот шуд

Додгоҳи ноҳияи Ғафуров гуфт, ки гуноҳи сокини ҷамоати Исфисори ин ноҳия Абдулло Муҳиддинов дар пайравӣ аз равияи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия ва тарғиби ақидаҳои ин созмон пурра исбот шуд. Ҷалолиддин Азизӣ, додраси додгоҳи Ғафуров ва масъули бозбинии парвандаи Муҳиддинову Ҳидоятов рӯзи 3 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мушкил на танҳо дар тарзи намозхонӣ, балки тарғиби ақидаҳои Салафӣ буд.

Ба гуфтаи ӯ, Муҳиддинов дар як корхонаи мебелсозӣ кор мекард ва “дар вақти намозхонӣ бо дӯстонаш ба намозгузории шариконаш эрод мегирад ва намозхонӣ ба тарзи “Салафия”-ро тарғиб мекунад. Дигар ягон амали экстремистӣ ё террористӣ анҷом надодааст, барои ҳамин фақат барои шомил шудан ба созмони “Салафия”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон расман манъ карда шудааст, айбдор дониста шуд. Шарикаш, ки пайрави “Салафия” будани ӯро медонист, барои хабар надодан ба мақомоти дахлдор, мутобиқи Кодекси ҷиноӣ ҷазо гирифт.”

Абдулло Муҳиддинов ва рафиқашро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тирамоҳи соли 2016 дастгир кардаанд ва ҳукми додгоҳ поёни моҳи декабр содир шуд.
Абдулло Муҳиддинов ва рафиқашро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тирамоҳи соли 2016 дастгир кардаанд ва ҳукми додгоҳ поёни моҳи декабр содир шуд.

Азизӣ гуфт, Муҳиддинов солҳои 2012 то 2014 дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буд ва дар масҷидҳои он кишвар аз муҳоҷирони зодаи Қафқоз ин тарзи онҳо намозхониро ёд гирифт. Ба қавли ӯ, Муҳиддинов дар додгоҳ ба гуноҳҳои ворида пурра иқрор шудааст, вале гуфтааст, ҳеҷ амали баде анҷом надодааст. Ӯ ва рафиқашро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тирамоҳи соли 2016 дастгир кардаанд ва ҳукми додгоҳ поёни моҳи декабр содир шуда, ҳоло нерӯи қонунӣ гирифтааст.

Соли гузаштаи 2015 мақомот ҳудуди 20 нафар сокинони Суғд ва умдатан аз ноҳияи Ғафуров, ба шумули имом-хатиби масҷиди ҷамоати Унҷии ноҳияи Ғафуров бо ҷурми пайравӣ аз “Салафия” ва тарғиби ақидаҳои ин созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ боздошт ва зиндонӣ карданд.

Муҳоҷирон – қурбонии фарҳангҳои бегона?

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як коршиноси тоҷик гуфт, ки зиёд будани ҳодисаҳои боздошту зиндонӣ шудани шаҳрвандон бо иттиҳоми пайравӣ аз ақидаҳои мамнӯи мазҳабӣ дар шароите, ки дар саросари ҷомеа фаъолиятҳои мазҳабӣ маҳдуд ва зери назорат аст, гоҳо машкук ба назар мерасад.

Ин коршинос, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, бархе муҳоҷирон дар асл дар хориҷа зери таъсири фарҳангу тарзи рафтори бегона мемонанд. Онҳое ҳам, ки дар хонаи волидон ё бобоҳои худ тарзи суннатии намозгузориро шоҳид нашудаанд, маҳз ба Русия рафта, мазҳабӣ ва намозхон мешаванду аз атрофиён тарзи намозхониро меомӯзанд. “Онҳо намедонанд, ки вақте Тоҷикистон баргаштанду ҳамингуна намоз хонданд, ба гурӯҳи афроди ғайриқонунӣ шомил мешаванд.”

Мақомот: Ақидаҳои бегона хатар ба амнияти кишвар аст

Вале соҳибназарони дигар мегӯянд, дар Тоҷикистон дигар шароит онгуна нест, ки панҷ ё даҳ сол пеш буд ва ҳоло аз масҷид шурӯъ карда афроди расмӣ талош мекунанд дарси намозхонии суннатӣ ва ё раво аз рӯи муқаррароти мазҳаби ҳанафиро таълим диҳанд. Ҳоҷӣ Ибодуллоҳ Калонзода, имом-хатиби масҷиди «Нури ислом» дар Хуҷанд мегӯяд, фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳое, ки берун аз чорчӯбаи қонун ба роҳ монда шудааст, мисли “Салафия” ва, Ҳизб-ут-таҳрир бар зарари ислом аст.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, “лалхусус, Салафия мардумро ба гурӯҳҳи тақсим мекунад ва тафриқа меандозад. Аз равишҳои бадаш ин, ки мардумро ба куфр муттаҳам мекунад. Масалан, касе, ки намоз нахонад ё закот надиҳад ё рӯза нагирад, “кофир”-аш меномад. Ҳозир дар Сурия бо фатвои ҳамин салафиҳо “куфр” гуфта, хуни мусалмонҳоро рехта истодаанд.”

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 фаъолияти ҷараёни "Салафия"- ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ ва дар пай, соли 2014 онро “созмони экстремистӣ” эълон кард.

Ӯ тарзи рафтори бархеро, ки аз равиши пайравони ин гуна равияҳо тақлид мекунанд, “табар задан ба решаи арзишҳои шаръии таърихии халқи тоҷик” меномад: “Барои ба ин раҳ надодан бояд аз мазҳаби аслии халқамон, мазҳаби Имоми Аъзам пайравӣ кунем. Коре, ки бобову модаркалонҳои мо, падару модарҳои мо то ҳозир карда омадаанд, аз рӯи мазҳаби ҳанафӣ мекунанд. Ин чизи нав нест. Бинобар ин, бояд аз гароиши ҷавонон ба равияи Салафия ва дигар равияҳо пешгирӣ карда шавад. ”

Ӯ афзуд, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон “Қуръон” ва ҳадис ба забони тоҷикӣ нашр шуда, тамоми мақомоти давлатӣ ва ходимони расмии дин ба пайравӣ аз мазҳаби суннатии ҳанафӣ тарғиб мекунанд, ноогоҳӣ ва бехабарӣ ба дасти пайравони ҷараёнҳои дигар баҳона намедиҳад. Зеро ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон дари масоҷид низ барои дарёфти посухҳо ба ҳама масоили динӣ боз аст.

Салафия - дар Саудӣ расмӣ, дар Тоҷикистон мамнӯъ

Тоҷикистон як кишвари мусалмонист, ки 90 дарсади аҳолиаш аз мазҳаби Ҳанафия пайравӣ мекунанд. Мақомот равияҳои дигари мазҳабӣ, аз ҷумла Салафияро барои амнияти кишвар хатарзо дониста, назоратро бар пайравони ин равия шадид кардаанд.

"Салафия" як шохаи мазҳаби Ислом аст, ки дар Арабистони Саудӣ ба он пайравӣ мекунанд ва баъзан ин мазҳабро бо мазҳаби Ваҳҳобия тавъам медонанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 фаъолияти ҷараёни "Салафия"- ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ ва дар пай, соли 2014 онро “созмони экстремистӣ” эълон кард.

Мубориза алайҳи пайравони Салафия соли 2015 баъди он шиддат гирифт, ки Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, аксари беш аз 1 ҳазор тоҷикистонӣ асосан бо ташвиқи салафиҳо ба Сурияву Ироқ рафта, дар сафи “Давлати исломӣ” меҷанганд. Ба қавли Юсуф Раҳмон, 85 дарсади тоҷикистониёне, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ меҷанганд, собиқ муҳоҷирони меҳнатиянд, ки аз ҳудуди Русия ба муҳорибаҳо рафтаанд.

XS
SM
MD
LG