Бо аспу қутос. Роҳ сӯи кашфи “Ҷазираи ҷавоҳирот” дар Мурғоб

Саридораи геологияи тоҷик аспу қутос омода мекунад, то як гурӯҳ аз геологҳоро барои таҳқиқи майдони металҳои қиматбаҳои Сауқсой дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон фиристад. Тоҷикистон барои таҳқиқи дурдасттарин майдони маъдани Сауқсой, воқеъ дар ноҳияи Мурғоб, беш аз 15 миллион сомонӣ, ҳудуди 2 миллион доллар, ҷудо кардааст. Ин майдони маъданҳои қиматбаҳо аз маркази ноҳияи Мурғоб беш аз 200 километр дур аст ва барои расидан то онҷо роҳи мошингард вуҷуд надорад.

Сауқсой дар миёни ноҳияи Ҷиргатол ва Мурғоби Тоҷикистон ҷойгир аст. Тариқи аспу қутос сафар кардан ба ин мавзеъ наздик ба як ҳафтаро дар бар мегирад.

Ҳашт моҳи сардӣ

Мардон Палавонов, сардори гурӯҳи экспедитсияи “Помир” дар Саридораи геологияи тоҷик, рӯзи 14 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта сохтмони роҳ барои бурдани воситаҳои нақлиёт аз самти мавзеи Муксуи Мурғоб оғоз гардид, вале ҳоло барои бурдани таҷҳизот ба хотири таҳқиқи ин майдон беш аз 20 сар ҳайвони боркаш, мисли аспу қутос лозим шудааст. “Мо онро аз сокинони маҳаллӣ ба иҷора мегирем”, - гуфт ӯ.

Қутос

Бар асоси ҳисобҳои тахминии замони Шӯравӣ дар майдони Сауқсой конҳои зиёди тилло мавҷуд аст. Ба далели дурии роҳ ва табиати ҳамеша сарди ин мавзеъ, ҳанӯз ин конҳо кашфу истихроҷ нашудаанд. Зимистони Сауқсой 8 моҳ давом мекунад. Дар онҷо фақат чор моҳ имкони кор кардан ҳаст.

Мардон Палавонов гуфт, “барои гурӯҳи мо тақрибан 20 сар ҳайвони боркаш зарур аст. Инҳо ҷойи хоби геологҳо, хайма, маводи ғизоӣ ва таҷҳизоти заруриро то онҷо мебаранд. Гурӯҳи кории мо охири моҳи май меравад. Ҳоло ҳаво хеле сард буда, роҳҳо пур аз барф аст. Танҳо 30 километр роҳ барои бурдани техника сохта шудааст ва солҳои оянда ин кор давом мекунад. Аз нигоҳи техникӣ ин минтақа хеле вазнин аст”.

Як ҳафта роҳ бо аспу қутос

Мурғоб

Ҳанӯз маълум нест, ки ин майдон чӣ қадар захираи тилло дорад, вале ба гуфтаи геологҳои собиқадор, замони Шӯравӣ онро нимшӯхиву нимҷиддӣ “Ҷазираи ҷавоҳирот” унвон мекарданд.

Мардон Палавонов низ мегӯяд, аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ онҷо захираи бойи тилло дорад, вале ҳанӯз баҳогузорӣ нашудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар замони Шӯравии собиқ танҳо қабатҳои болоии майдони Сауқсой омӯхта шудааст, вале омӯзиши дақиқ анҷом нагирифтааст. “Лоиҳа кардаем ва бояд таҳқиқ шавад. Роҳ сохтану таҳқиқи майдон кори як солу ду сол нест. Мо бояд кор кунем ва маълумотро ҷамъоварӣ намоем ва баъдан бар асоси он техникаҳо бурда мешаванд, то истихроҷро оғоз намоянд”, - гуфт ӯ.

Сауқсой дар миёни ноҳияи Ҷиргатол ва Мурғоби Тоҷикистон ҷойгир аст. Тариқи аспу қутос сафар кардан ба ин мавзеъ наздик ба як ҳафтаро дар бар мегирад.

Баландтарин кони тилло аз сатҳи баҳр

Майдони Сауқсой, ки ба гуфтаи геологҳои тоҷик аз металҳои қиматбаҳо пур аст, танҳо иқлими хосаш ин ҳама сол иҷоза надодааст, он кашфу истихроҷ шавад.

Ин майдон дар баландии аз 3,5 то 4,2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, ки шароити кору зиндагиро ба маротиб мушкил мекунад. Аз ин рӯ, масъулони Хадамоти геологияи тоҷик мегӯянд, ҳар мутахассис имкони кор кардан дар ин майдонро надорад ва танҳо онҳое ба ин кор ҷалб мешаванд, ки дар шароити камии оксиген имкони кор кардан дошта бошанд. Зимнан, гурӯҳи геологҳо қабл аз сафар дар тобистони имсол худро ба шароити ин мавзеъ мутобиқ мекунанд.

Раҳмонбек Бахтдавлатов, муовини раиси Саридораи геологияи тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло тасмим шудааст, ки ба таври ҷиддӣ Сауқсой таҳқиқ шавад: “Дар давраи Шӯравӣ вақте харита сохта буданд, захираҳои ин майдонро танҳо пешгӯӣ карда буданд. Гуфта буданд, ки дар онҷо захираи тилло ҳаст. Мо марҳилаи дигари корҳоро мебарем. Марҳилаи корҳои иктишофӣ-баҳодиҳиро мебарем. Ҳоло бояд контрҳои конро муайян кунем. Дар кадом ҳудуд кони тилло вуҷуд дорад ва дар чанд метрии замин. Корҳои геологӣ дар ин кон аз ҳафт марҳила иборат аст.”

Зимистони Сауқсой 8 моҳ давом мекунад. Дар онҷо фақат чор моҳ имкони кор кардан ҳаст.

Ҳоло тасмим аст, ки таҳқиқи ин майдон бо аспу қутос оғоз шавад, вале бар асоси нақша то соли 2019 сохтмони роҳ барои бурдани техника бояд анҷом биёбад ва истихроҷи тилло оғоз гардад.

Ноҳияи Мурғоб бо масоҳати 38 ҳазору 442,2 километри мураббаъ аз лиҳози ҳудуд бузургтарин ноҳия дар Тоҷикистон аст. Аммо бо 16 ҳазор аҳолӣ хурдтарин ноҳия маҳсуб меёбад. Ҳоло аксари конҳои тилло дар Тоҷикистонро чиниҳо истихроҷ мекунанд, вале маълум нест, ки кор дар конҳои тиллои Сауқсойро дар оянда ширкатҳои маҳаллӣ ба даст хоҳанд гирифт ё Чин.