Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чину Тоҷикистон таҳқиқи захираҳои табиии Бадахшонро анҷом доданд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин. Тоҷикистон, моҳи сентябри соли 2014
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин. Тоҷикистон, моҳи сентябри соли 2014

Геологҳои Тоҷикистону Чин давоми шаш соли омӯзиш дар марзи ду кишвар вуҷуди 43 майдони металҳои қимматбаҳоро сабт кардаанд. Омӯзиши хадамоти геологии Чин ва Тоҷикистон, ки соли 2011 оғоз шуда буд, анҷом ёфтааст. Тилло, нуқра, паладиюм ва платина аз муҳимтарин бозёфтҳои ин омӯзиш будааст, ки ҳоло аз онҳо намунагирӣ шудааст.

Бар асоси иттилои расмӣ, конҳои тило низ, ки яке аз бойигариҳои Тоҷикистон дониста мешаванд, аксаран аз ҷониби ширкатҳои чинӣ коркард мешаванд.

Раҳмонбек Бахтдавлатов, муовини раиси Саридораи геологияи Тоҷикистон, рӯзи 15 март ба Радиои Озодӣ гуфт, кони аксар металҳое, ки дар хоки Тоҷикистон қарор доранд, дар он тарафи марз аз ҷониби Чин ҳанӯз дар замони Шӯравӣ кашф ва коркард шудаанд. Ба қавли ӯ, ҳоло танҳо омӯзиш анҷом шудааст, вале маълум нест, ки ин конҳо кай ва аз ҷониби кадом ширкатҳо истихроҷ мешаванд, "зеро дар ин самт дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар тасмимгирӣ мешавад".

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бахтдавлатов гуфт, "сарҳад маъмурӣ ҳаст. Аз нуқтаи назари геологӣ сарҳад вуҷуд надорад. Дар Ҷумҳурии мардумии Чин якчанд кони калон дар вақташ кашф шуда буд. Қабатҳои ҳамон конҳо ба ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Ҳоло мо муқоиса мекунем, чӣ нав аст ва чӣ кӯҳна. Бо як методикаи нав, ки ҷониби Чин пешниҳод карда буд, омӯзиш анҷом ёфт."

Ин масъули Саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд, хулосаҳои ин омӯзиши шашсола дар як гузориш хулоса ва барои тасмимгирӣ ба мақомоти дахлдори ду кишвар супурда хоҳад шуд.

Ин омӯзиш замоне оғоз шуд, ки дар моҳи январи соли 2011 порлумони Тоҷикистон созишномаи додани қисме аз замини баҳсӣ ба ҷониби Чинро бо аксарияти раъй ба тасвиб расонд. Ва омӯзиши захираҳои табиии Бадахшони Тоҷикистон аз ҷониби кишвари ҳамсоя дар ҳамоҳангӣ бо мутахассисони тоҷик низ дар ҳоле анҷом ёфт, ки бар асоси ҳисобҳои расмӣ, аллакай беш аз 50 дарсади конҳои тилои Тоҷикистонро ширкатҳои чинӣ бо саҳмияҳои болотар аз 60-дарсадӣ дар ихтиёр доранд.

Коршиносон низ мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд захираҳои дастнохӯрда дар вилояти Бадахшонро ширкатҳои чинӣ истихроҷ хоҳанд кард. Қулмурод Сафаров, коршиноси маҳаллӣ, рӯзи 15 март гуфт, Чин бештар ба конҳои тилло дар Тоҷикистон ҳавасманд аст, чун аз лиҳози молиявӣ барояш харҷи камтар дорад.

"Бо усулҳое, ки Чин тиллоро истихроҷ мекунад, тамоми конҳои мо дастнохӯрда ҳастанд. Қирғизистон ва Тоҷикистон аз лиҳози ҷалби мутахассис ва шароити тиллошӯӣ барои Чин хеле мусоид аст. Аз тарафи дигар, тамоми конҳои тиллои Тоҷикистон дар баробари тилло дигар металҳои қимматбаҳо низ доранд, ки ҳамзамон ширкатҳои Чин чанд фоида ба даст меоранд", - афзуд ӯ.

Давоми даҳ соли охир ширкатҳои чинӣ ба Тоҷикистон ворид шуда, дар бахшҳои мухталиф сармоягузорӣ мекунанд. Бар асоси иттилои расмӣ, конҳои тило низ, ки яке аз бойигариҳои Тоҷикистон дониста мешаванд, аксаран аз ҷониби ширкатҳои чинӣ коркард мешаванд.

Беш аз 1 миллиард доллар аз 2 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳам аз Чин аст ва Пекин барои чанд соли оянда ба Душанбе ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигар додааст, ки беш аз 3 миллиардаш барои сохтани 400 километр қисмати тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ - Чин сарф хоҳад шуд. Ахиран хабар расид, ки иҷрои ин тарҳ муваққатан қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG