Мақомоти расмӣ мегӯянд, Тоҷикистон дар тақрибан 50 соли гузашта аввалин бор шоҳиди чунин барфбории зиёд мешаванд, ки ҳаракат дар роҳҳо ва зиндагии мардумро мушкил кардааст.
Дар Маркази ҳавошиносӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар баъзе аз ноҳияҳои кӯҳӣ бахусус дар Бадахшон баландии барф то як метр мерасад.
Таҳлили кормандони марказ нишон додааст, ки чунин барфи зиёд танҳо дар солҳои солҳои 60-уми асри гузашта аз ҷумла дар солҳои 1968 ва 1969 мушоҳида шудааст.
“Дар он сол дар минтақаҳои Бадахшон то 1 метр ва ё аз 1 метр ҳам зиёд барф боридааст. Дар 20 ё 30 соли ахир баландии барф дар ин минтақа аз 30 то 50 сантиметр мерасид. Дар шаҳри Хоруғ баландии барф аз ҳама зиёдтар ба 25 сантиметр мерасид. Вале имсол барф дар ин минтақа то 57 сантиметр расидааст.” – мегӯяд, Ҷамила Байдуллоева.
Ҳушдор аз идомаи барфу сардӣ
Пешбинии ҳавошиносони тоҷик нишон додааст, ки ҳарорат дар моҳи феврал ҳамчунон поин меравад ва мумкин аст, дар баъзе аз ин минтақаҳо баландии барф то як метр бирасад. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ дар ағбаҳои Шаҳристон ва Анзоб баландии барф ба 1 метр расидааст.
Ҷамила Байдуллоева ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарорат дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят дар моҳи январ то 24 дараҷа ҳам сард шудааст. “Дар ноҳияи Мурғоб ҳаво то 42 дараҷа ва дар Булункӯл то 53 дараҷа ба қайд гирифта шуд.”- мегӯяд.
Барфи зиёди бесобиқа дар Тоҷикистон агарчӣ зиндагии мардумро мушкил кард ва хисороти зиёде барои Тоҷикистон ҳам овард, аммо аз сӯи дигар беманфиат набудааст. “Боридани борону барфи зиёд гарчӣ хатари табиӣ доранд ба офатҳои табиӣ оварда мерасонанд, аз ҷиҳати дигар, боридани барфи зиёд ба зиёдтар шудани манба ва сарчашмаҳои об ва ё ғизо гирифтани пиряхҳо дар Тоҷикистон мешавад. “ –гуфт Ҷамила Байдуллоева.
Мумкин аст, барф то як метр бирасад
Бештар аз 60 дар сади захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд ва ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, барфи зиёд метавонад, захираҳои обро бештар кунад ва ё ҳадди аққал аз суръати обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистонро, ки ба далели гармоиши курраи Замин сахттар шудааст, кунд кунад.