Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду кушта ва даҳ захмӣ – паёмади заминларзаи шадид дар Тоҷикистон


Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон эълон кард, ки дар паи заминларзаи 7 декабр ду нафар ҳалок ва даҳ тан маҷрӯҳ шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон эълон кард, ки дар паи заминларзаи 7 декабр ду нафар ҳалок ва даҳ тан маҷрӯҳ шуда, ҳудуди 700 манзили сокинон дар навоҳии Бадахшон осеб дидаанд. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, ки дар натиҷаи ин заминларза дар баъзе аз навоҳӣ аз кӯҳҳо санг фаромада, аз ҷумла дар километри 462-юми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар деҳаи Хехеки ноҳияи Ванҷ ронандаи мошини борбари тамғаи “Дулан” Ҷонӣ Ғаниев, сокини ноҳияи Норакро куштааст.

​Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бино ба ҳисобҳои пешакии онҳо дар пайи заминларзаи 7 декабр хисороти зиёд дар вилояти Бадахшон ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои масъулони ин ниҳод, дар пайи ин заминҷунбӣ дар водии Бартанг хонаи сокинон ва иншооти ёрирасон зарар дида, дар мавзеи Булункули ноҳияи Мурғоб низ иншооти ёрирасон ва манзилҳои истиқоматӣ хароб гардидаанд.

“Дар километри 432-юми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар мавзеи Ғошғарфи ноҳияи Дарвоз ва дар километри 452-юми ҳамин шоҳроҳ дар мавзеи Туғаки ноҳияи Ванҷ дар натиҷаи сангрезӣ аз баландиҳо роҳ маҳкам шуда, ҳаракати нақлиёт ғайриимкон гардидааст,” гуфтанд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Ҷараёни расондани ёриҳои аввалия ба зарардидагони заминларза дар Бадахшонро раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳти назорати худ гирифтааст. Ҳоло як гурӯҳ аз намояндагони вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон барои ҳисобу китоби хисороти заминларза ва ёрӣ ба хонаводаҳои осебдида ба Бадахшон рафтаанд.

Дар сӯҳбат бо мо намояндагони ҳукумати ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон, ки маркази зилзила дар наздикии ин ноҳия сабт шудааст, аз қисман хароб шудани баъзе аз манзилҳои истиқоматӣ хабар доданд. Элназар Сатторов, муовини аввали раиси ноҳияи Мурғоб чанд лаҳза баъди заминларза дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки "талафоти ҷонӣ нест, аммо дар баъзе ҷамоатҳои ноҳия биноҳои истиқоматӣ қисман вайрон шудаанд."

Ӯ афзуд, барои дақиқ кардани хисороти заминларзаи 7 декабр як кумсиюни ҳукуматӣ ташкил шуда, корашро тоза шурӯъ кардааст. "Шиддати заминҷунбӣ сахт буд ва ҳоло кумиссиюни ҳукуматӣ барои мушаххас кардани ҳаҷми зарар ба кор сар кардааст. Дар қадами аввал маркази ноҳия санҷида шуда, сипас аз деҳоти дурдаст маълумот хоҳанд гирифт," -- афзуд Элназар Сатторов.

Меъроҷ Асанов, як сокини маркази ноҳияи Мурғоб гуфт, дар вақти заминларза мардум худро аз дохили хонаҳо ба берун кашидаанд ва ҳеч нафар осеб надидааст. Вай мегӯяд, “девори баъзе манзилҳои истиқоматӣ рахна шудааст.” Дар ҳамин ҳол, як сокини шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшон, гуфт дар онҷо низ зилзила ба шиддат эҳсос шуда, аз кӯҳҳо ба назди бозори шаҳр санг фаромадааст.

"Ба хотири амнияти донишҷӯён танҳо дар бинои маркази Донишгоҳи давлатии Хоруғ барои як давраи муваққат таҳсил қатъ карда шуд. Чунки дар заминларзаи пешин ҳамин бинои донишгоҳ сахт кафида буд ва барои эқтиёт донишҷӯёнро берун карданд ва то таъмири он таҳсилро манъ намуданд," – афзуд ӯ.​

Тайи беш аз як моҳи охир ин бори севум аст, ки зилзилаи шадид Тоҷикистонро меларзонад. Нимаи дувуми моҳи ноябр заминларзаи 2-3 дараҷаи Рихтер дар қаламрави кишвар сабт шуд, ки маркази асосии он дар 327-километрии ҷанубушарқи Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон гуфта мешуд.

Пештар аз ин, 26 октябр дар Тоҷикистон заминларзаи шадид рух дод, ки ҳарчанд бе талафоти ҷонӣ гузашт, аммо хисороти зиёде аз худ боқӣ гузошт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфта буд, дар пайи ин заминларза дар ноҳияҳои Ишкошим ва Роштқалъа, ки ба маркази зилзила, яъне Афғонистон, наздикӣ доштанд, чанд хона хароб шуда ва дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтаанд. Дар худи Афғонистону Покистон аз ин заминларза тақрибан 300 нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG