Чаро Тоҷикистон аз рӯи ҳимояти қонунии қарзгиру қарздеҳ дар яке аз ҷойҳои ахир дар олам қарор дорад?
Тоҷикистон аз рӯи ҳимояи қонунии қарзгиру қарздеҳ миёни 144 кишвари дунё олам дар зинаи 135-ум қарор гирифт. Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар гузориши нави худ, ҳимояти қонунии қарзгиру қарздеҳ дар кишварҳои оламро аз сифр (бадтарин) то 10 (беҳтарин) баҳогузорӣ кардааст. Тоҷикистон дар ин феҳрист ба даҳгонаи бадтаринҳо шомил шудааст.
Зимнан, дар гузориши Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Қазоқистон ҷойи 99-ум ва Русия мақоми 118-умро соҳиб шудаанд. Як сол пеш дар ҳамин гуна гузориши Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистону Русия дар зинаи 105-ум, Қазоқистон 89-ум ва Қирғизистон дар зинаи 89-ум қарор доштанд.
Коршиносони тоҷик мегӯянд, ки дарёфти қарз аз бонкҳои Тоҷикистон воқеъан ҳам мушкил аст ва аз ин рӯ тарҳҳои зиёди соҳибкорон татбиқношуда мемонанд.
Вале, аз нигоҳи онҳо, мавзӯъи қарз дар Тоҷикистон аз пиндор густурдатар аст ва мардум аз мушкили дарёфти қарз на аз бонкҳо, балки аз дӯстону ҳамсояву ҳампешаҳои худ гила мекунанд.
Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ки муомилоти марбут ба қарзу қарздиҳӣ - шартҳо ва тарзу тартиби қарз додану қарз гирифтан дар Кодекси шаҳрвандии Тоҷикистон дақиқу мушаххас шудааст. Мушкилоти асосӣ, ба гуфтаи ӯ, аз сӯи афроди қарздиҳанда ва қарзгиранда риоя нашудани ин шарту шароит аст: "Ҳангоми қарз додан ё қарз гирифтан ғайр аз шартномаи қарз ё забонхат ягон чораи баргардонидани қарз пешбинӣ намешавад. Дар қонунгузорӣ гуфта мешавад, ки агар қарз аз 50 сомонӣ зиёдтар бошад, бояд дар ихтиёри тарафҳо бояшд, ки шартномаи хаттӣ имзо шавад. Аммо агар аз 200 сомонӣ бештар бошад, ин шартнома ҳатмӣ хоҳад буд ва тарафҳо метавонанд, онро дар идораи нотариус тасдиқ кунанд."
Ба гуфтаи ин ҳуқуқдони тоҷик, барои баргардонидани қарз ду ҷониб бояд ҳамчунин созиши гаравро ҳам имзо кунанд, яъне, шахси қарзгиранда бояд амволи худро ба гарав гузорад. Вале шаҳрвандон, ба гуфтаи Абдуқаюм Юсуфов, худро заҳмат намедиҳанд ва бисёр вақт ё бо дастхат ё бо ваъдаи шифоҳӣ иктифо мекунанд ва баъдан сарсону саргардон ва бо шахси қарзгирифта вориди низову моҷаро мешаванд. Зимнан, ин гуна низоъҳо гоҳо паёмади нохуш ҳам доранд. Чанд рӯз пеш моҷаро миёни қарзгиру қарздеҳ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо куштор анҷом ёфт.
Дафтари матуботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки кормандони умури дохилии ноҳияи Рудакӣ Сангалӣ Шарифов, сокини ноҳияи Ваҳдатро, рӯзи 19-уми декабр, барои қатли як сокини ноҳия боздошт намудаанд. Сангалӣ Шарифов дар ҳолати сархушӣ барои пас гирифтани 2500 доллар қарзи худ сокини деҳаи Мавлавии ноҳияи Рӯдакӣ Ҷонмаҳмад Каримовро шабона ба саҳрои назди деҳа бурд ва чун дид, ки қарздор имкони баргардондани қарзро надорад, ӯро лату кӯб кард ва бо санг дар сараш зад. Дар натиҷаи лату кӯб Ҷонмаҳмад Каримов ба ҳалокат расидааст.
Абдуқаюм Юсуфов мегӯяд, ки ҳодисаҳои барои барнагардонидани қарз ба додгоҳ муроҷиат кардани шаҳрвандон низ хело каманд.
Дар ҳамин ҳол Субҳон, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ҳоло қарз додану қарз гирифтан ба мушкили воқеъан ҷиддӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон табдил шудааст, зеро онҳое, ки маблағ доранд ва аммо аққалан як бор фиреб хӯрда, аз пулашон маҳрум шудаанд, дигар ба касе эътимод намекунанд ва қарз намедиҳанд.
Мусоҳибони мо мегӯянд, ки маҳз ҳамин “Ба даст деҳу ба пой дав!” боиси он шудааст, ки ҳатто дар ҳолати басо сангини зиндагӣ, ҳатто барои ҷарроҳии оҷил пайдо кардани маблағ тақрибан номумкин шудааст. Ҳам аз бонкҳо ва ҳам аз дӯстону ҳамсояву ҳампешаҳо.