Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба бонкдории исломӣ рӯй меорад?


Бинои Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ
Бинои Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ

Бонки исломӣ аз бонкҳои Тоҷикистон даъват кардааст, дар фаъолияти худ аз шеваҳои бонкдории исломӣ кор бигиранд.

Ба ин манзур дар Бонки Миллии Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ дар робита ба тарҳрезии қонунин ҷадид дар бораи истифодаи усул ва шеваҳои бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон ташкил шудааст.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи БМТ гуфтааст, ки Бонки Исломии Рушд ва Бонки марказии Малайзия дар тарҳрезии ин қонун кӯмак мекунанд.



Ба гуфтаи вай, кор гирифтан аз усул ва шеваҳои бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон корӣ осон нест. Ва усулҳои шариат дар корӣ бонкӣ метавонад ба коҳиши таваҷҷӯҳи саҳҳомдорони бонкҳоро коҳиш бидиҳад. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 138 ташкилоти қарздиҳӣ аз ҷумла 14 банк ва 124 ташкилотҳои қарздиҳӣ фаъолият мекунад.

ТОҶИКИСТОН ВА БОНКДОРИИ ИСЛОМӢ

Ин даъвати Бонки Исломии Рушд дар ҳолест, ки бонкҳои Тоҷикистон бо усул ва шеваҳои маъмулии бонкдорӣ кор мекунанд ва ҳадафҳои аслиашон судхӯрӣ ва ироаи қарз аст. Аммо дар бонкҳои исломӣ дар асосӣ фармудаи шариат, судхӯрӣ ва оидот ба даст овардан аз қарзҳо раво намебошад. Дар чунин шароит оё бонкҳои Тоҷикистон имкон доранд бо усул ва шеваҳои бонкдории исломӣ фаъолият кунанд.

Муҳаммадӣ Бобоев, раиси бахши равобити байналмилалии «Агроинвестбонк»-и Тоҷикистон дар посух ба ин суол гуфт: «Хусусиятҳои фарқкунандаи бонкдории исломӣ аз бонкдории анъанавӣ дар он аст, ки дар бонкҳои исломӣ гирифтани фоиз ё рибо бар асоси шариат манъ аст. Бо вуҷуди ин, Бонки исломӣ сармояи худро бидуни фоида ба касе намедиҳад. Барои мисол агар шумо барои иҷрои коре ба таҷҳизот ё дигар чиз ниёз дошта бошед, Бонки исломӣ онро харида ба шумо медиҳад, бо изофапулие, ки худаш барои иҷрои ин кор масраф кардааст. Яъне дар нархи таҷҳизот ва ё чизе, ки ба шумо Бонки исломӣ харид, 100 ҳазор доллар бошад, шумо муваззафед бо харҷи он, барои мисол 110 ҳазор доллар ба бонк баргардонед.»

Ҷаноби Бобоев гуфт, ки бонкҳои исломӣ дар бисёр кишварҳои Аврупо ба хусус Бритониё ба хубӣ бо ин усул ва шева фаъолият доранд, ки ба нафъи мардуми ин кишварҳост.

БАРТАРИҲОИ БОНКДОРИИ ИСЛОМӢ ЧИСТ?

Ҷаноби Бобоев дар бораи бартарии бонкҳории исломӣ гуфт: «Бартарии усул ва шеваҳои бонкдории исломӣ ин аст, ки нисбат ба шеваҳои бонкдории анъанавӣ фоизи қарз ё ба таври дигар гӯем изофапулии онҳо камтар аст. Барои он, ки мақсади асосии Бонки исломӣ, гирифтани фоидаи тиҷоратӣ нест. Ва ҳадаф некӯаҳволии мардум, ташкили ҷои кор, кам кардани мизони камбизоатӣ ва бекорист. Ва Бонки исломӣ лоиҳаҳоеро сармоягузорӣ мекунад, ки иҷрои он натиҷаи иҷтимоӣ диҳад ва боиси ворид шудани фановариҳои ҷадид дар истеҳсолот ва ё бахши иҷимоӣ мешавад.»

Ба гуфтаи Муҳаммадӣ Бобоев, аммо ҳадафи бонкҳои маъмулӣ танҳо ба даст овардани фоидаи тиҷоратӣ аст. Ба ғайр аз ин дар баъзе аз бонкҳои исломӣ фонд ва ё бунёди закот амал мекунад, ки аз ҳисоби закоти мардум ва сармоядорон, пули зиёде ҷамъ мешавад, ки як бахши ин маблағҳо барои кӯмаки мардуми камбизоат масраф мешавад. Барои мисол Қазоқистон бо фонд ё Бунёди закот ҳамкорӣ дорад.

"ШЕВАҲОИ БОНКДОРИИ ИСЛОМИӢ МУАССИР АСТ"

Оё дар Тоҷикистон ташкил кардани ҳамчунин фонд ё Бунёди закот мумкин аст?

Муҳаммадӣ Бобоев дар посух гуфт: «Ба тариқи закот ҷамъ кардани захираҳои қарздиҳӣ барои истифода бурдани бонкҳо бо усул ва шеваҳои исломӣ барои Тоҷикистон муҳим ва муассир аст. Дар ҳоле , ки мардум аз фоизи баланди қарзҳои бонкҳои тиҷоратӣ норозиянд. Аз сӯи дигар захираҳои қарзии бонкҳо каму заъифанд. Ва агар бонкҳои исломӣ ё фонди закот бо бонкҳои мо қарз диҳад, мо ин пулҳоро бо усул ва шеваҳои бонкдории исломӣ ба мӯҳтоҷон равона мекунем.»

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Бобоев, 98 дарсади мардуми Тоҷикистон мусалмонанд ва бар асоси шариат бояд 2,5 дарсади моли изофи доштаи худро закот бидиҳад.

Пас чаро мо наметавонем дар Тоҷикистон бунёд ё фонди закотро ташкил кунем то бо ин пул ба мардуми камбизоат кӯмак расонем ва мунтазири кӯмаки Фонди закоти кишварҳои арабӣ ба Тоҷикистон нашавем?
XS
SM
MD
LG