Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иллати дуршавии сармоягузорон аз Тоҷикистон


Келари Вилям, мушовири байнулмилалии Иттиҳоди Аврупо оид ба масоъили комуникатсияи барномаи Бонки Ҷаҳонӣ, дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, меъёри баланди фоизии қарзи Бонкҳои Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар мониъаи асосӣ гаштааст.

Гуфта мешавад, дар айни замон фоизи қарздиҳӣ дар бонкҳои Тоҷикистон бо пули миллӣ солона 36 дарсад ва бо асъори хориҷӣ 30 дарсад муқаррар гардидаст.

Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои хориҷӣ, масалан, дар Русия, меъёри фоизи солонаи қарзӣ бо доллари амрикоӣ 9 дарсади солона, ва дар Амрико 5,5 дарсадро ташкил медиҳад.

Коршиносони умури иқтисодии Тоҷикистон бар онанд, ки сабаби асосии баланд будани меъёри фоизӣ дар Бонкҳои Тоҷикистон дар баланд будани талаботи мардум ба қарз аст ва бонкҳои Тоҷикистон, бо истифода аз ин фурсат, мехоҳанд аз фоидаи бештаре бархурдор бошанд.

Умар Саидов, масъули Бонки тиҷоратии «Эсхата», мегӯяд, меъёри фоизи қарзии ин бонк ба ҷалби сармояи хориҷӣ мониъа эҷод намекунад ва ин бонк бо ширкатҳои хориҷие амсоли «Shorket» ва «Дойчебанк»-и Олмон ҳамкорӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди баланд будани меъёри фоизӣ мардуми зиёде барои гирифтани қарз ба бонки «Эсхата» муроҷиат мекунанд.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, бонкҳои Тоҷикистон имрӯз сиёсатеро пиёда сохтаанд, ки барои сармоямоягузорон шароити номусоидро ба вуҷуд меорад.

Тоҳири Абдуҷаббор, коршиноси иқтисодӣ, мегӯяд, Бонкҳои Тоҷикистон дар шароити кунунии кишвар ба ҷои истифода аз сиёсати пулҳои арзон, сиёсати пулҳои гаронро пеш гирифтаанд, ки барои ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон шароит фароҳам намесозад: «Арзиши қарза дар дар Тоҷикистон хеле баланд аст. 36 дарсади солона бо масорифи изофие, ки мардум маҷбур ҳастанд, онро ҳам қабул кунанд, ба бештар аз 40 дарсади солона мерасад. Ин ба ҳеҷ ваҷҳ барои пешрафти иқтисордии Тоҷикистон мусоидат намекунад. Сармоягузорони хориҷие, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон кор кунанд, ба масъалаи нархи қарза таваҷуҳ мекунанд ва, агар дар ҷое, ки нархи қарза баланд бошад, бадеҳист, онҳоро аз худ дур мекунад. Ингуна сиёсат ба сармоягузорӣ ташвиқ намекунад».

Меъёри баланди қарзӣ ба он сабаб мешавад, ки мизоҷ аз бонк маблағро бо асъори хориҷӣ гирифта, қисми асосии фоидаашро барои беқурб шудани пул ва пардохти фоизи қарзии бонкҳо сарф мекунад. Ба ҳамин минвол, коршиносон мегӯянд, агар бонкҳои Тоҷикистон дар масъалаи фоизи қарзӣ таҷдиди назар накунанд, иқтисод, ба вижа соҳибкорӣ, ки рукни аслии иқтисоди бозургонӣ мебошад, рушд нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG