Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пасандози зери болишт ё қарзи захираҳои умумӣ?


Ҷаласаи парлумони Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)
Ҷаласаи парлумони Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)

Ҷамъе аз вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи Қонуни Иттиҳодияҳои қарзиро барои тасвиб ба парлумон пешниҳод кардаанд.

Бо гуфтаи муаллифони ин тарҳ, таҳия ва қабули Қонуни Иттиҳодияҳои қарзӣ метавонад ба рушди иқтисод, вориди гардиш намудани садҳо миллион сомонии ба истилоҳ зери болишт мусоидат намояд.

Исмоил Талбаков, вакили МН ва аз муаллифони тарҳи қонуни иттиҳодияҳои қарзӣ мегӯяд, феълан бар асоси бархе омор, ҳудуди 4 миллиард сомонӣ дар дасти мардум қарор дорад ва дар истифодаи расмӣ нест ва инчунин 3,5 миллиарди дигар дар пасандозҳои мардум дар бонкҳо мавҷуд аст. Дар сурати қабули ин қонун, шароити истифодаи бозамонати ин пулҳо ва аз ҷумла ба қарзи бо фоизи кам додани онҳо фароҳам мешавад:

«Маблағҳои зиёде дар бозори сиёҳ мегарданд, одамон омада, маблағ мегиранд аз якдигар, хонаҳояшонро ба гарав мемонад, баъд омада боз хонаҳояшонро кашида бар ивази
Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков
қарз мегиранд. Ва ё гурехта мераванд ва қарзро намедиҳанд, ҳамин гуна ҳолатҳо ҷой дорад ва ҳамин гуна бозори сиёҳ амал карда истодааст. Мо хостем бо ҳамин лоиҳаи қонунро таҳия кунем, ки ҳам маблағҳои мардум дар гардиш бошад, ҳам ин маблағҳои мардум дар дасти афроди боэътимод. Ва пояҳои ҳуқуқии ин кор ба вуҷуд оварда шавад ва аз ҳолатҳои риск ҳамин маблағҳо суғурта карда шаванд».

Ба гуфтаи муаллифони ин тарҳ, имкон дорад дар сурати қабули ин қонун, ба ҷуз аз захираҳои бонкӣ, пасандозҳои мардум, корхонаҳо ва инчунин аз иттиҳодияҳои қарзии хориҷӣ барои иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ истифода бурда шавад.

Бо қабули ин қонун, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ, корхонаҳо, сокинони манотиқи мухталиф метавонанд бо гузоштани ҳиссаи муайян Иттиҳодияи қарзӣ таъсис кунанд. Яъне, бар асоси ин қонун, қарздиҳии шахсиятҳо ва корхонаву муассисаҳо ба расмият дароварда мешавад. Агарчанд ба сурати ғайрирасмӣ ин гуна фаъолияти қарздиҳӣ акнун ҳам вуҷуд дорад.

Иттиҳодияҳои қарзӣ метавонанд аз бонкҳои Тоҷикистон ва ё аз Иттиҳодияҳои байналмилалии қарзӣ захираҳои қарзии арзон дарёфт кунанд ва бо фоизи кам ба иштирокчиёни худ қарз бидиҳанд.

Коршиносони умури иқтисодӣ ҳам мегӯянд, ки Иттиҳодияҳои қарзӣ шакли фаъолияти бонкдорӣ барои Тоҷикистон хоҳад буд. Ва ҳамеша мавҷудияти шакли алтернативӣ фаъолият боиси рушди соҳа мешавад. Вале агар ин сиёсат ба сурати дуруст амалӣ шавад ва дар дасти гурӯҳе, ки ҳоло монополияи бонкҳорро дар ихтиёр дорад, қарор нагирад.

Давлатмурод Ҷумъаев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ ва раиси Анҷумани дастгирии соҳибкорон мегӯяд: «Пайдо шудани шакли нави қарздиҳӣ дар Тоҷикитсон аз фоида холӣ нест. Ба шарте, ки тибқи қонунҳои ҷории мамлакат фаъолият кунад. Мушаххас бошад, ки кай фоизро боло бурдан ва кай поин овардан мумкин аст. Ин фоида дорад, вале агар ин Иттиҳодияҳои қарзӣ ҳам дар дасти як
Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси тоҷик
Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси тоҷик
гурӯҳи манфитдор қарор бигирад ва ба монополияи як гурӯҳ табдил шавад ва ин гурӯҳ ба хости худаш онҳоро истифода кунад, пас ин як дарди сари нави иқтисодӣ барои Тоҷикистон хоҳад буд, на чизи дигаре.»

Муаллифони тарҳи қонуни Иттиҳодияҳои қарзӣ мегӯянд, ки дар сурати қабули ин қонун, шаҳрвандон дар Иттиҳодияи қарзӣ метавонанд ба сохтмони хонаҳои бисёрқабата ва фурӯши онҳо машғул шаванд. Дар ҳоли ҳозир ин гуна фаъолият анҷом мешавад, аммо қонуни танзимкунандаи он вуҷуд надорад. Муаллифон мегӯяд, агар ин қонун вуҷуд медошт, имкон дошт баҳси ширкати хонасозии "Мовароуннаҳр" пеш наояд.

Аммо дар ҳоле мақомот аз таҳияи ин қонун ба манзури беҳбуди вазъи иқтисод ва вориди расмият кардани сармояи хобида дар дасти мардум сӯҳбат мекунанд, ки наҳваи истифода ва бозпардохти фоидаи саҳмиядорони Роғун то кунун ба сурати дуруст мушаххас нест.

Ҳудуди як миллиард сомоние, ки мардум ба ҳисоби Роғун ба унвони саҳмдор интиқол намуд, ҳоло дар ихтиёри бонкҳост ва касе роҷеъ ба наҳваи истифодаи он ба касе ҳисобот намедиҳад. Дар ҳоле, ки як коммисияи ҷамъиятии назорат бар истифодаи ин сармояҳо низ таъсис шуда буд. Мардум ҳам умеди зиёде ба бозпас гирфитани маблағҳои худ надорад.
XS
SM
MD
LG