Ин нишасти омӯзишӣ бо ибтикори Барномаи рушди СММ, Оҷонси рушди байнулмилалии Конодо ва Маркази иттилоъоти сиёсии дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад.
Бино ба иттилоъи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, қарзҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои деҳқонӣ ба бонку ширкатҳои фючерӣ дар соли гузашта 409 миллион долларро ташкил дода буд. Ва раисиҷумҳури Тоҷикистон барои раҳоӣ аз ин бӯҳрон бозпасгардонии қазрҳо аз сӯи кишоварзон ба ширкатҳои фючериро ба таъхир андохт. Ва давлат қарздиҳӣ ба иттиҳодияҳои деҳқонӣ ва соҳибкоронро бар души бонкҳо вогузор кард.
Ба эътиқоди Ваҳоб Воҳидов, раиси бахши муҷтамаъи кишоварзӣ ва саноии донишкадаи пажӯҳиши иқтисоди вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ин иқдом низ наметавонад ба ҳалли ин мушкил даст диҳад. Ба гуфтаи вай, ба ин далел, ки фоизи қарзҳои бонкҳо аз 20 дарсад дар сол бештар аст ва мӯҳлати он кутоҳ ва то як сол аст. Ва кишоварз имкон надорад дар тули як сол ҳосили худро ҷамъоварӣ кунад ва фурушад.
Ваҳоб Воҳидов дар ин бора афзуд, «Давлат бояд қарзи кишоварзонро бубахшад. Ин мумкин аст. Давлат метавонад ин қарзро аз ҳисоби кӯмакҳои ройгони аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ ироашуда пардохт кунад».
Давлат Усмон, коршиноси мустақил ва собиқ муъовини нахуствазири Тоҷикистон, ба назари Ваҳоб Воҳидов мувофиқ аст. Аммо, ба гуфтаи вай, дар сурате, ки давлат бахшидани ин қарзҳоро бар душ нагирад, дар он сурат муддати пардохти ин қарзҳоро то 10-12 сол дароз кунад ва дар гуфтугӯ бо ширкатҳои фючерӣ талош варзад, то фоизи қарзҳоро кам кунад.
Аз Давлат Усмон пурсидам, ки ба чӣ далел бояд давлат пардохти ин қарзҳоро бар души худ бигирад, дар ҳоле, ки ин қарзҳо аз сӯи ширкатҳои ғайридавлатӣ ба кишоварзон дода шудааст? Вай дар посух ба ин суол гуфт, «дар ибтидо замони ислоҳот дар бахши кишоварзӣ ширкатҳои фючерӣ ташкил шуд. Раҳбарони ноҳияҳо ва вилоятҳо қарзи додаи ин ширкатҳо ба кишоварзонро чун даврони Шӯравӣ ба мақсадҳои дигар масраф карданд. Ва ибтидои қарзҳо аз он замон шурӯъ шуд. Ба ин далел давлат вазифадор аст, ки ин масъаларо ҳал кунад».
Ба эътиқоди бархи дигари коршиносон, давлат, бахусус Бонки миллӣ, дар афзоиши қарзи кишоварзон ба гунае даст дорад. Парвиз Муллоҷонов, коршиноси минтақа, дар гуфтугӯ бо расонаҳои хабарӣ гуфта буд, ки Бонки миллӣ 47 миллион кӯмаки молии бар асоси иттилоъоти ғайривоқеъӣ аз Сандуқи байнулмилалии пул ба даст овардаро ба бонку ширкатҳои фючерӣ қарз дода буд. Ва ин ниҳодҳо дар навбати худ ин пулро бо фоизи баландтар ба кишоварзон дода буданд.
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, низ дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки ки «мо маҷбур будем, ин маблағҳоро дар бахши кишоварзӣ масраф кунем».