"Нони сангак" аз фаъолият боз монд. ВИДЕО

Нонвойхонаи эронӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Нахустин нонвойхонаи эронӣ баъди ҳудудан як соли фаъолият дари худро ба рӯйи харидоронаш дар Душанбе баст. Ин нонвойхона аввали соли 2016 бо номи “нони сангакӣ” ва бо ташаббуси Ислом Ҳайдарӣ як эроние бо таҷрибаи 20-солаи нонпазӣ, таъсис ёфта буд.

Дар як муддати кӯтоҳ “сангак” -- навъи маъруфи нони эронӣ дар Тоҷикистон харидорони худро пайдо кард. Харидори аслии ин навъи нон ҳам ба гуфтаи муссисонаш дар баробари хориҷиҳо, сокинони маҳаллӣ буданд, ки аз ҳар гӯшаи шаҳр барои харидани он ба маҳаллаи “Ҳаёти нав” ба ин нонвойхона мерафтанд.

Дар баробари тарҳҳои бузург, соҳибкорони эронӣ дар Душанбе мағозаву ошхона ва қаҳвахонаву нуқтаҳои тиҷории хурду миёнаи зиёди дигар доштанд, ки бархе ҳоло аз фаъолият бозмонданд. Яке аз ин нуқтаҳо ҳам нонвойхонаи “нони сангакӣ” буд.

Басташавии нуқтаи омодасозии нонии эронии “Сангак” дӯстдорони онро ҳам дар Душанбе то ҷое нороҳат кард. Матлуба, ки дар наздикиҳои нонвойи “Нони Сангак” зиндагӣ мекунад, мегӯяд, аз ин нони эронӣ онҳо зиёд мехариданд. “Нони бомазза буд, бо кунҷит ва зарҷуба. Дар хона мегуфтанд ба саломатӣ ҳам фоида дошт. Бисёри вақт аз хона маро барои харидани ин нон мефиристоданд. Ҳоло дигар маҳкам карданд. Баста намешуд, хуб буд албатта.”

Дар баробари сокинон, мағозаҳои фурӯши молу маҳсулоти эронӣ ва ҳам ошхонаҳо, аз харидорони нонвойхона “нони сангакӣ” буданд. Ҳоло муассиси нонвойхонаи мазкур дар Тоҷикистон нест ва онҳое, ки бо ӯ ҳамкорӣ доштанд, мегӯянд, Ҳайдарӣ ба далели мушкил шудани кору зиндагиаш дар Тоҷикистон ва ба вижа мушкил дар тамдиди раводиду санадҳои будубоши худ, натавонист корашро идома диҳад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ягона нонвойхонаи эронӣ дар Душанбе аз фаъолият боз монд

Дар оғози фаъолият, зимни таҳияи як гузориш аз нахустин нонвойхонаи эронӣ дар Тоҷикистон, Ислом Ҳайдарӣ, муассис ва нонпази эронӣ гуфта буд, маҳз бо нияти роҳандозии тарзи пухтани нони маъруфӣ эронӣ ба Тоҷикистон омад ва ҳамроҳ бо 5 ҷавони тоҷик дар нонвойхона рӯзе то 700 нони “сангак” мепазанд.

Ӯ ният дошт дар сурати муваффақ шудан, дар нуқтаҳои дигари Душанбе ҳам нонвойхонаҳои эронӣ таъсис диҳад. Ҳайдарӣ гуфта буд, ин нон дар рӯйи рег пухта мешавад ва дармонбахш аст. “Доғ ё гармии рег аслан худаш дармонбахш аст. Илм собит кардааст, ки он барои дарди камар фоида дорад. Дар Эрон рӯйи ин рег маризро мехобонанд ва бо ин роҳ табобат мекунанд. Нон ҳам, ки рӯйи реги гарм гузошта мешавад, ҳамон хосияти дармонбахширо дорад.” -гуфта буд Ислом Ҳайдарӣ нонпази Эронӣ дар Душанбе

Баста шудани нонвойхонаи “нони Эронӣ” ҳам дар Душанбе дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз шаҳрвандони эронии муқими Тоҷикистон пас аз тира шудани муносибатҳои ду кишвар, эрониҳо дар масъалаи тамдиди раводид мушкил пайдо карданд ва гурӯҳи зиёде ҳам ба Эрон баргаштанд. Теъдоди шаҳрвандони Эронӣ, аз ҷумла шумори донишҷӯёну унвонҷӯёне ҳам, ки дар ин ҷо таҳсил мекарданд, коҳиш ёфтаанд.

Дар Тоҷикистон то чаҳор соли пеш расман 155 ширкати эронӣ сабтином шуда буд, ки дар бахшҳои тиҷорат, энержӣ ва сохтмон кор мекарданд. Сохтмони туннели “Истиқлол” (дар гарданаи Анзоб), ки шимоли Тоҷикистонро бо маркази ин кишвар мепайвандад ва бунёди нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз тарҳҳои муҳими ин кишвар ба шумор меояд.

Дар баробари тарҳҳои бузург, соҳибкорони эронӣ дар Душанбе мағозаву ошхона ва қаҳвахонаву нуқтаҳои тиҷории хурду миёнаи зиёди дигар доштанд, ки бархе ҳоло аз фаъолият бозмонданд. Яке аз ин нуқтаҳо ҳам нонвойхонаи “нони сангакӣ” буд.

Ҳанӯз овезаи “нони сангакӣ” ва аксҳои ин навъи нон дар пушти дарвозаи нонвойхона овезон аст. Бо таваҷҷӯҳ ба зиёд будани харидорони ин навъи нон, соҳибони биное, ки нонвойхона дар он ҷойгир буд, тасмим доранд ин нуқтаро дубора ва ин бор бо кӯмаки нонпазҳои маҳаллӣ боз кунанд.

Ба ин далел ҳам ба гуфтаи соҳибони бино, ҳоло чанд ҷавони тоҷик ба Эрон барои омӯхтани тарзи таҳияи нони “сангак” фиристода шудаанд. Бо бозгашти онҳо, дӯстдорони ин навъи нон пухтани нони маъруфи эронӣ дар Душанбе дубора фъол хоҳад шуд.

Нони "сангак" дар бозорҳои Тоҷикистон (навор аз бойгонӣ)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нони "сангак" дар бозорҳои Тоҷикистон