Ҳабс ё ҷарима? Қонуни ҷиноии Тоҷикистон "нармтар" мешавад. САДО

Дар Тоҷикистон таҳияи Кодекси нави ҷиноӣ идома дорад, ки ҳадафаш сабуктар кардани ҷазо ё "гуманизатсия" аст. Мақомот гуфтанд, тарҳи нав ба ҷойи ба зиндон андохтани муттаҳамон бештар ҷаримаро пешбинӣ мекунад.

Чанд тоҷире буданд, ки ба назарам зарур набуд, ки зиндонӣ шаванд. Онҳо метавонистанд дар озодӣ бимонанд

Файзалӣ Музаффаров солҳо боз ба ҳайси вакили дифоъ кор мекунад. Ӯ гуфт, тақрибан 50 дарсади зерҳимояҳояш паси панҷара рафтаанд ва ҳамин миқдор бо ҷарима озод шудаанд. “Агар ҷинояткор барои ҷомеа хавфнок нест, беҳтар аст, бо ҷарима озод шавад. Ҷарима дар ҳар ҳолат барои буҷет фоида меорад”, - афзуд ӯ.

Музаффаров рӯзи 26-уми апрели имсол дар мурофиаи ду нафари таҳти ҳимояташ иштирок дошт. Яке барои авбошӣ ҷарима шуда, дувумӣ бар асоси моддаи “қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ” пушти панҷара рафт. Ин вакили дифоъ аз мушоҳидаҳояш мегӯяд, дар солҳои охир ба ҷуз аз ҷиноятҳои хавфнок, додгоҳҳо бештар ба ҷарима кардани муттаҳам тарҷеҳ медиҳанд.

Чаро теъдоди зиндониҳо кам намешавад?

Ин суолест, ки баъзе аз таҳлилгарон онро ба кам будани ҷазоҳои ҷарима дар Тоҷикистон рабт медиҳанд. Пеш аз қабули қонуни афв дар соли 2016 мақомоти тоҷик гуфта буданд дар маҳбасҳои кишвар беш аз 12 ҳазор зиндонӣ қарор дорад. Бар асоси қонуни афв, се ҳазори онҳо ба озодӣ баромаданд, аммо дар оғози соли 2017 омори зиндониҳо боз ба марзи 11 ҳазор наздик шуд. Яъне, дар тӯли беш аз як сол зиёда аз ҳазор зиндонӣ дар маҳбасҳои Тоҷикистон афзуд.

Ба бовари таҳлилгарон, қонуни ҷазои Тоҷикистон ислоҳоти ҷиддӣ мехоҳад. Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, бо ҷарима озод шудани шахсони гирифтори ҷиноятҳои начандон вазнин, аз чанд ҷониб барои ҷомеа хуб аст. Нахуст ба қавли ин ҳомии ҳуқуқ, шахси озодшуда ба назди фарзандонаш бармегардад ва ба худи давлат ҳам фоида меорад.

Ойниҳол Бобоназарова

Ӯ гуфт, "албатта шахсоне, ки як бору ду бор ҷиноятҳои сахт карданд ва хатарноканд, бо ҷарима намешавад онҳоро озод кард. Аммо барои ҷиноятҳои иқтисодӣ умуман ҳабс кардан шарт нест. Бигзор он шахс пулро баргардонад, ки ин ҳам ба давлат хуб мешавад ва ҳам ба ҳамон одам. Чанд тоҷире буданд, ки ба назари ман зарур набуд, ки зиндонӣ шаванд. Онҳо метавонистанд дар озодӣ бимонанд, пуле, ки гӯё азхуд кардаанд, баргардонанд ва ҳам назди оилаи худ бимонанд. Чун ҷиноятҳои иқтисодӣ ба ҷомеа хатар надорад."

Мақомоти Вазорати адлия мегӯянд, феълан дар зиндон ва боздоштгоҳҳои Тоҷикистон 47 ноболиғ, 321 зан ва беш аз 10 ҳазор мард нигоҳдорӣ мешаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳабс ё ҷарима? Қонуни ҷиноии Тоҷикистон "нармтар" мешавад

Мақомоти Тоҷикистон дар роҳи бардоштани ҷазоҳои зиндон барои чанд ҷиноят то имрӯз қадамҳое бардоштаанд. Аз ҷумла, соли 2011 вакилони порлумони Тоҷикистон зимни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни мурофиаҳои додгоҳӣ, иҷозат додаанд, ки ҷинояткорони ҷурмҳои иқтисодӣ бо пардохти ҷарима аз маҳбас озод шаванд.

Илҳомҷон Маҳмудов

Инчунин соли 2016 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тағйирот ворид шуд, ки бар асоси он, афроде, ки бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт шуданд, метавонанд бо пардохти ҷарима аз ҷазои зиндонӣ озод шаванд. Аммо мақомоти тоҷик то ҳол расман нагуфтаанд, ки аз ҳисоби ҷаримаи ашхоси муттаҳам ба будҷаи кишвар чӣ қадар маблағ ворид шудааст.

"Дар як рӯз 10 сомонӣ ҷудо мешавад"

Далели дигаре, ки ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон бо такя ба он ба кам кардани ҷазоҳои зиндонӣ даъват мекунанд, ин вазъи нигоҳдории маҳбусон дар зиндонҳо мебошад. Феълан барои нигоҳубини як маҳбус дар зиндонҳои Тоҷикистон аз ҳисоби буҷет рӯзона 10 сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Ҳомиёни ҳуқуқ ин маблағро бисёр ночиз меҳисобанд ва чанд дафъа пешниҳод карда буданд, ки ба хотири набуди шароити зарурӣ дар зиндонҳо, шахсони гирифтори ҷиноятҳои на чандон вазнин бо ҷарима озод шаванд. Аммо мақомоти тоҷик борҳо таъкид кардаанд, ки вазъи нигоҳдории зиндониҳо дар кишвар хуб аст.

"Ягон камбуд нест"

Илҳомҷон Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, ниҳоди назораткунандаи умури зиндонҳо мегӯяд, дар самти нигоҳдории маҳбусон пешравиҳо доранд ва вазъ низ дар ин самт хубтар шудааст. Маҳмудов рӯзи 27-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар маҷмуъ таъминот ба тариқи пурра ҷараён дорад. Ягон камбуд дар ҳоли ҳозир дида намешавад. Зиндониҳо таъмин мешаванд, пешравиҳои бисёр ва навигариҳои зиёде дорем."

Аммо ин масъули Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дақиқан нагуфт, ки дар умури зиндонҳо чӣ пешравиҳо шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми дигар дар идораи зиндонҳои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дарвоқеъ соли гузашта теъдоди зиндониҳо дар кишвар зиёд шуд. Ин зиёдшавӣ ба қавли ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, аз ҳисоби афроди марбут ба ифротгароӣ мебошад. "Зиёдшавии теъдоди зиндониҳо аз ҳисоби шахсони муттаҳам ба ифротгароӣ пас аз тағйироти соли 2015 ба Кодекси ҷиноятӣ зиёд шуд. То ин вақт баъзе аз нафарони муттаҳам ба ифротгароӣ метавонистанд бо ҷарима озод шаванд. Аммо пас аз тағйирот ҳар шахсе, ки ба ин ҷиноят муттаҳам мешавад, наметавонад бо ҷарима озод шавад", - афзуд манбаъ.

Бо инки мақомоти тоҷик мегӯянд, феълан дар зиндонҳо наздики 11 ҳазор нафар ба сар мебаранд, аммо ҳеҷ вақт онҳоро ба гурӯҳҳо тақсим накардаанд.