Иттиҳодияи Аврупо (ИА) барои дастгирии зиндониён ва афроди аз маҳбас озодшудаи Тоҷикистон тарҳи дусолаеро рӯи даст гирифтааст, ки барои маҳбусон давраҳои касбомӯзӣ барпо мекунад. Ин дарсҳо бахусус барои он қишри зиндониёне муфид аст, ки баъди раҳо шудан аз зиндон медонанд, ки ҳеҷ шуғл ва касбе дар озодӣ нахоҳанд дошт ва хатари дубора содир кардани ҷиноят аз ҷониби онҳо афзоиш меёбад.
Бар асари бекории шадид ва мушкилоти фаровони иқтисодӣ маҳз зиндониён ҳастанд, ки осебпазиртарин қишри ҷомеа аз назари таъминоти иҷтимоӣ мебошанд ва шонси бозгашти онҳо ба ҳаёти солим бо сабаби бепуливу бешуғлӣ, зери хатар аст.
500 ҳазор евро барои маҳбусону зиндониёни собиқ
Тарҳи “Ҳимояи ҳуқуқи зиндониён ва маҳбусони собиқ” аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон сармоягузорӣ шуда ва ҳазинаи он 500 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Иҷрои тарҳи мазкур ба ӯҳдаи Ассосиатсияи “Таълими калонсолон”-и Олмон, Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон ва созмони ҷамъиятии “Ҷаҳон”-и ин кишвар вогузор шудааст.
Гулрӯ Аъзамова, масъули Ассосиатсияи “Таълими калонсолон”-и Олмон дар Тоҷикистон рӯзи душанбеи 1 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар чорчӯби ин тарҳ дар зиндонҳои Ёвону Норак давра ё курсҳои вижаи касбомӯзӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. “Ду соле қабл иҷрои тарҳи ҳимоят аз ҳуқуқи маҳбусон дар маҳбаси шаҳри Норак шурӯъ шуда, аммо ба далели қатъ шудани маблағгузорӣ, ба анҷом нарасид. Ҳоло Иттиҳодияи Аврупо барои амалӣ шудани тарҳи мазкур маблағ ҷудо кард. Мо барои маҳбусон курсҳои касбомӯзӣ ташкил мекунем.”
Ба гуфтаи ӯ, курсҳои касбомӯзӣ 450 нафарро дар маҳбасҳои Нораку Ёвон фаро гирифта, барои маҳбусони зан касбҳои дӯзандагию ошпазӣ ва барои мардон дуредгарӣ, харротӣ ва механикҳо омӯзиш дода мешавад. Ҳамчунин, дар чорчӯби тарҳи “Ҳимояи ҳуқуқи зиндониён ва маҳбусони собиқ” ба 800 зиндонии собиқ дар Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, дар маҷмӯъ дар 10 шаҳру ноҳияҳои кишвар кумакҳои ройгони ҳуқуқӣ расонда мешавад.
Наргис Зокирова, раиси Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод ба зиндониёни собиқ дар таҳияи ҳуҷҷатҳо барои пайдо кардани кор, ҳимояи ҳуқуқӣ ва касбомӯзӣ дар Марказҳои таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар мусоидат мекунад.
Вай гуфт: “Дар чорчӯби тарҳи мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Қӯрғонтеппа марказҳои ҳуқуқӣ фаъолият хоҳанд кард, ки ҳуқуқдонҳо ба маҳбусони собиқ кӯмакҳои ҳуқуқӣ ироа мекунанд. Кормандони бахши иҷтимоии марказ ба ин афрод дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, аз ҷумла, кӯмакҳои тиббӣ ва дарёфти кори муносиб мадад мерасонанд. Агар маҳбусони собиқ шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуд надошта бошанд, марказ ба таври ройгон ба онҳо ин ҳуҷҷатҳоро гирифта медиҳад”.
Бар асари бекории шадид ва мушкилоти иқтисодӣ маҳз зиндониён ҳастанд, ки осебпазиртарин қишри ҷомеа мебошанд ва шонси бозгашти онҳо ба ҳаёти солим бо сабаби бепуливу бешуғлӣ, зери хатар аст.
Ба эътиқоди масъулони созмонҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ба далели мушкилоти фаровони иҷтимоӣ, душвориҳои маснӯӣ дар роҳи мутобиқшавӣ ба зиндагии мулкӣ ва пайдо кардани кори муносиб, иддаи зиёди зиндониёни собиқ дубора даст ба ҷиноят зада ва равонаи зиндон мешаванд. Масалан, бино ба маълумоти дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, дар ду соли ахир ҳудуди ҳазор тан аз маҳбусони озодшуда дубора ҷиноят содир кардаанд. Аз ин лиҳоз, ин тарҳ метавонад дар ислоҳи ин вазъ то андозае кумак кунад.
Соли гузашта дар иртибот ба 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон Қонуни афви умумӣ қабул шуда ва бар асоси ин санад 12 ҳазор нафар, аз ҷумла 3 ҳазор зиндонӣ аз адои ҷазо озод шуданд.
Вале бо сабаби баланд будани мизони бекорӣ, рӯ ба муҳоҷирати корӣ овардани як миллион сокини Тоҷикистон зиндониёну маҳбусони собиқ аз имконияту шонси камтари пайдо кардани даромади қонуӣ бархӯрдор ҳастанд. Тарҳи кӯмак дар азхудкунии касби муайян аз сӯе бо назардошти тақозои бори кору маишати кишвар роҳандозӣ шудааст, ки дар тамоми манотиқи Тоҷикистон метавонад ба соҳибкасбаш як бурда нону даромаде таъмин кунад.
Зиндонии собиқ: “Дар маҳбас соҳиби касб шудам”
Муҳаммад, маҳбуси собиқ дар коргоҳи сохтмонии шаҳри Кӯрғонтеппа фаъолият карда ва маоши хубе дарёфт мекунад. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, ки касби дуредгариро дар курсҳои ҳунаромӯзии маҳбаси рақами 1-и шаҳри Душанбе омӯхта ва ҳоло соҳиби кори хубе шудааст: “Дар маҳбас касби дуредгариро ёд гирифта ва то озод шудан он ҷо, кор мекардам. Дар маҳбас 80 нафар дуредгар буданд, дигарон харрот, кафшергар ва устои мошин буданд. Намедонам ин курсҳоро кӣ ташкил карда буд. Ба мо хеле ёрдам кард. Баъди озод шудан тез кор ёфтам. Ягон кас аз “доғи судӣ” напурсид”.
Атмия Азимова, зани собиқи зиндонӣ бо дарёфти 10 ҳазор сомонии грант ё қарзи бебозгашти президентӣ дар шаҳри Хуҷанд барои маҳбусони собиқ корхонаи дӯзандагӣ боз кардааст. Ин зан дар соли 2013 ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба муддати 8 сол равонаи зиндони занонаи шаҳри Норак шуда ва дар моҳи октябри соли гузашта бар асоси Қонуни афви умум озод шудааст.
Ӯ ҳоло аз утоқи кӯчак дар назди Фурӯшгоҳи марказӣ ба корхонаи “Нуртекс”-и Хуҷанд кӯч карда ва ду сехи дӯзандагӣ таъсис кардааст, ки 7 зани маҳбуси собиқ бо кор таъмин шудаанд. Вай гуфт: “Аввал 12 нафар буданд, панҷ нафарашон ба Русия рафтанд. Мо аз ашёи худӣ кӯрпаю болишт ва барои табибон либос медӯзем. Рӯйҷой ва матрас барои беморхонаю қисмҳои ҳарбӣ омода мекунем. Бо се шифохонаю як қисми ҳарбӣ қарордод дорем. Агар маблағи кофӣ барои харидории ашёи хом медоштем, то 20 нафарро бо кор таъмин мекардем”.
Атмия Азимова мегӯяд, дар нақша дорад, ки мардҳои колоннаи низомаш сахти шаҳри Хуҷандро низ ба кор ҷалб кунад. “Ин мардҳо ҳунари дӯзандагӣ доштаанд, тамоми рӯз бекор зиқ нашуда, дар сехи мо кор мекунанд. Ҳам ба мо ва ҳам ба онҳо фоидааш мерасад. Чунки ба маҳсулоти мо харидор зиёд аст”.
Ӯ гуфт, ҳунари дӯзандагиро дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак омӯхтааст. Дар ин маҳбас ҳудуди 300 зан нигаҳдорӣ шуда ва барои онҳо курсҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ ва ошпазӣ боз шудааст. Бахши умдаи ин занҳо бо шумули Атмия Азимовадар тирамоҳи соли гузашта бар асоси Қонуни афви умум ба озодӣ баромадаанд.
Ба гуфтаи мудофеони ҳуқуқи башари Тоҷикистон, аксар зиндониҳои собиқ бо мушкили пайдо кардани шуғл ва ҳам адами эътимоди ҷомеа рӯбарӯ мешаванд. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, баъди афви соли 2014 аз 10 ҳазор нафар ҳазор нафарашон барои қонуншикании навбатӣ пушти панҷара рафтаанд. Мақомот мегӯянд, ки воқеан ҳам ин қишри ҷомеа ба ғамхориву таваҷҷӯҳи хос ниёз дорад, вале имкониятҳои маҳдуди иқтисоди кишвар бозгашти онҳоро ба ҳаёти солими иҷтимоӣ маҳдуд мекунад.