Ҳукумати Амрико бо нашри гузориши тозаи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳон, шеваи ҳукуматдорӣ ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи мардум дар Тоҷикистонро танқид кардааст.
Дар гузориши Ҳуқуқи Башар дар соли 2016 омадааст, умдатарин мушкилоти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ин аст, ки мардум наметавонад, ҳукуматро аз роҳи интихоботи шаффофу одилона тағйир диҳад.
Бадрафториву азияти боздоштшудагону зиндониён аз тарафи мақомоти интизомиву амниятӣ зиёд ба назар мерасад, таҳдид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони сиёсӣ зиёдтар мешавад ва ҳукумат фаъолияти матбуотро маҳдуд мекунад ва бо қатъи дастрасӣ ба саҳифаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, мардумро аз дастрасӣ ба ахбори бетарафона маҳрум месозад.
Дар гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи башари вазорати умури хориҷии Амрико ҳамчунин омадааст, ки бо вуҷуди чандҳизбӣ будани низоми сиёсии Тоҷикистон, ҳукумат чун дар гузашта соли 2016 монеи гуногунандешӣ шуд.
Дар гузориш раъйпурсии умумӣ дар моҳи майи соли 2016 –ро ёдовар шудаанд. Дар ин раъйпурсӣ тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон ворид шуд ва аз ҷумла ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар ҳақ доданд, ба ҳайси “пешвои миллат” ба таври номаҳдуд номзадиашро ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод кунад. Дигар аз тағйироти муҳим дар Қонуни асосӣ манъи фаъолияти ҳизбҳои динӣ дар Тоҷикистон буд.
Маҳдудиятҳо дар роҳи гуногунандешӣ
Дар ин гузориш омадааст, бо вуҷуди онки қонунҳо дар Тоҷикистон ба мардум ҳақ додаанд, ҳукуматро аз роҳи интихоботи шаффофу одилона интихоб кунанд, аммо ҳукумати "худкомаи Тоҷикистон" ин ҳаққи мардумро маҳдуд кардааст. “
Раиси ҷумҳур ва тарафдоронаш ҳамчунон ҳукуматро дар даст доранд ва бо ҳадафи тақвияти қудрат барои аз байн бурдани гуногунандешӣ қадам мебардоранд.” – гуфта мешавад, дар ин гузориш. Дар ҳарду палатаи порлумон аксарияти аъзо аз Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ҳастанд ва бисёре аз вазифаҳои ҳукуматӣ ҳам дар дасти намояндагони ҳамин ҳизб аст.
Дар гузориш ҳамчунин аз зиндонӣ кардани аъзои раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва вакили дифои онҳо Бузургмеҳр Ёров ёдоварӣ шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои ин кор аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ ва бахусуси ҳомиёни ҳуқуқ бисёр танқид шуд, вале мегӯяд, аъзои раёсати ҳизб, бо гуноҳи “терроризм” маҳкум ба зиндон шудаанд.
Нерӯҳои амниятӣ ва масуният
Дар гузориш омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон нерӯҳои амниятии кишварро қисман зери назорати қавӣ дорад ва мақомот дар нерӯҳои амниятӣ ва дигар сохторҳои ҳукумат бо вуҷуди қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, ки “мақомоти интизомии Тоҷикистон ҷиноятҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноиро босамар таҳқиқ намекунанд, зеро ин гурӯҳҳо дар мақомот ва сохторҳои амниятӣ восита доранд.” Ба гуфтаи онҳо, “як фаҳмиши умумӣ дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонун ин аст, ки ба баъзе афроди алоҳида набояд расид.”
Айни замон дар гузориш омадааст, бо вуҷуди онки ҳукумат барои ҷазо додани он мақомоте, ки ҷиноят мекунанд, қадамҳое бардоштааст, аммо масуният дар байни кормандони интизомӣ як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. “Ҷабрдидагон аз дасти мақомоти интизомӣ ҳам аз тарси ниқори ҳамин мақомот саъй мекунанд, хомӯш бошанд” ва ба ҷое шикоят накунанд, омадааст, дар ин гузориш.
Фасод, қавмгароӣ ва интихоб ба мақом бо назардошти маҳал тамоми сатҳҳои ҳукуматро фаро гирифтааст.
Интиқоди дигари вазорати умури хориҷии Амрико аз муборизаи нокофии ҳукумати Тоҷикистон бо фасоду ришвахорӣ аст. “Бар асоси қонун, мақомоти фасодкор бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд, вале ин қонун босамар амалӣ намешавад. Фасод, қавмгароӣ ва интихоб ба мақом бо назардошти маҳал тамоми сатҳҳои ҳукуматро фаро гирифтааст” – омадааст, дар гузориши солонаи Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон дар соли 2016.
Вазорати умури хориҷии Амрико бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, шароити бади зиндонҳо, маҳдуд кардани озодии эътиқоду динро аз дигар мушкилоти ҳуқуқи инсон дар кишвар ном бурдааст.
Зиндонҳои тарснок
Дар гузориши вазорат омадааст, дар Тоҷикистон 10 зиндон, яке ҳам занона ва 12 боздоштгоҳ вуҷуд дорад, ки шароити воқеии онҳо ба ҷомеа маълум нест. Вале зиндониёну боздоштшудагон тасвир мекунанд, ки вазъи зиндонҳо тарснок ва барои зиндагӣ хатарнок аст ва дар зиндонҳо шароити беҳдоштӣ бисёр бад аст ва мардуми зиёдеро ҳам дар ҳуҷраҳои танг нигаҳ медоранд.
Мақомоти Тоҷикистон ба ин гузориш ҳанӯз вокуниш нишон надодаанд, вале дар гузашта гуфтаанд, ки бо ингуна арзёбиҳои вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мувофиқ нестанд ва дар кишвар ҳуқуқи мардум ба қадри кофӣ муроот мешавад.
Гузориши солонаи Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон ҳар сол моҳи март нашр мешавад ва имсол Рекс Тиллерсон вазири умури хориҷии Амрикоро танқид карданд, ки баръакси солҳои гузашта ин гузоришро “хомӯшона” ва бе ҳузури васеи матбуот нашр кардааст.