Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сандуқ ва гаҳвораи "тюрма" – маҳсули дасти зиндониёни тоҷик. ВИДЕО


Сандуқи арӯсӣ ва гаҳвора барои навзодон - маҳсули асосии дасти зиндониёни тоҷик аст, ки ба бозорҳо роҳ ёфтаанд. Маҳсули дасти маҳбусони тоҷик -- афроде, ки барои ислоҳ шудан пушти милаҳои зиндон рӯз мегузаронанд, дар маъракаҳои шодии сокинон истифода мешавад.

Гаҳвора ва сандуқҳоеро, ки маҳбусон истеҳсол мекунанд ва бо нақшу нигор ороиш медиҳанд, бо сифату тарҳи зебояш аз сандуқҳои дигар фарқ дорад. Моли истеҳсолкардаи маҳбусон бо номи "гаҳвора ва сандуқи тюрма" маъруф аст ва дар муқоиса бо маҳсули дасти устоҳои дигар, қимматаш болотар аст. Тоҷирони бозори "Корвон", ки моли маҳбусонро қабул ва ба харидорон пешниҳод мекунанд, мегӯянд, арзиши кори дасти маҳбусон аз хотир арзиши болотар дорад, ки он майдакорӣ аст ва меҳнати хеле зиёд сарф шудааст.

Гаҳвора ва сандуқҳоеро, ки маҳбусон истеҳсол мекунанд ва бо нақшу нигор ороиш медиҳанд, бо сифату тарҳи зебояшон аз сандуқҳо ва гаҳвораҳои дигар фарқ доранд.

“Гаҳвораи маҳбас аз 800 то 1200 сомон нарх дорад, вале ҳоло мо инҷо надорем. Кори ин гаҳвора мушкилтар аст ва бинобар ин, бештар бо фармоиш сохта мешавад. Ин навъи гаҳвора ҷойи махсус барои гузоштани қанду бозичаҳои кӯдакро дорад.”- гуфт як фурӯшандаи гаҳвораҳо, ки худро Сайвалӣ муаррифӣ кард.

Ҳикматулло Шарифов, устои сандуқсоз мегӯяд, дар маҳбас як зиндонӣ, дар 1 моҳ 3 сандуқ месозад, дар ҳоле, ки дар берун устоҳо дар як рӯз то 10 сандуқ омода мекунанд. “Инҳоро бару торашро кандакорӣ мекунанд. Мӯҳра мерезанд, ҷилои хуб доранд. Гулкории сандуқро зиндониён вобаста ба фикру андешаҳои худ эҷод мекунанд. Талабот ба ин сандуқҳо зиёд аст. То ҷое ман медонам, дар зиндон ҳам онҳое ба ин ҳунар ҷалб мешаванд, ки ё шавқ ё каму беш ҳунар доранд. Ин кори мушкил аст агар завқ набошад, мумкин аз ӯҳдааш набарояд.”

Хуршед Давлатов, сокини 43-солаи шаҳри Кӯлоб ҳам яке аз маҳбусонест, ки вақти худро пушти милаҳои зиндон беҳуда нагузарондааст ва тамоми дарду мукшилашро ба воситаи кандакориву гулкорӣ берун овардааст. Хуршед, мегӯяд, то зиндон ҳам каму беш дар робита ба ин кор тассавурот дошт, аммо аз зиндони рақами якуми шаҳри Душанбе чун як устои хуби сандуқу гаҳворасоз берун шуд.

“Ба мо аввал устоҳои таҷрибадор тамоми нозукиҳои корро омӯхт. Мо аз гаҳвораву сандуқ сар карда, то шотахтаву дигар масолеҳои рӯзғорро месохтем. Ин маҳсулоти моро масъулини муассиса ба берун ба мардум мерасонданд ва мо бар ивази корамон аз муҳосибот як миқдор пул мегирифтем”,-гуфт Хуршед Давлатов.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Гаҳвора ва сандуқи "тюрма" дар бозорҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

Онҳое, ки дар зиндон мисли Хуршед кори муайян доштанд, шароити зист ва хурду хӯрокашон аз маҳбусони дигар фарқ мекардааст. Онҳо бар ивази меҳнати худ пул кор мекарданду метавонистанд ғизои дилхоҳашонро дастрас кунанд. Хуршед-- собиқ зиндонӣ мегӯяд, агарчӣ сандуқсозӣ хуб асту метавонад ҳатто дар ин кор шогирд омода кунад, аммо “дар озоди мо он шароитҳоеро, ки дар зиндон доштем, надорем. Он ҷо бо асбобҳои махсус барои кандакорӣ, бо чӯбҳои босифат ва дигар дастгоҳҳои замонавӣ барои ин кор таъмин будем. Маҳсулоти мо мавриди ниёзи мардум буданд. Дар озоди ин шароитҳоро надорем, бинобар ин ба сохтани бино машғул шудам. Ин корро ҳам дар зиндон аз худ кардам.”

Сандуқсозон ва тоҷирони сандуқу гаҳвораҳо ҳам мегӯянд, ин маҳсулотро танҳо дар маҳбас мешавад бо сифату тарҳи хуб сохт. Ба гуфтаи онҳо худи маҳбусон ҳам дар озодӣ дигар наметавонанд бо ин сифат маҳсулот биофаранд. Ҳикматулло Шарипов, устои сандуқсоз мегӯя, “дар онҷо вақти зиёд доранд ва барои фаромӯш кардани ғами дил худро ба кор андармон мекунанд, барои хурдтарин ҷузъу гули сандуқ вақт сарф мекунанд. Дар он ҷо бо ҳамин восита аз дарду ғами худ каме дур мешаванд. Дар берун бояд зиндагиро пеш баранд ва агар 1 моҳро барои 3 сандуқ сарф кунанд, фоидаи зиёд намебинанд.”

Тоҷирон аз ҳар нигоҳ гаҳвораи зиндонро беҳтарин гаҳвора медонанд, вале мегӯянд, на ҳама харидорон баъди огоҳ шудан аз макони сохти он барои харидориаш розӣ мешаванд. Ба гуфтаи Ҳикматулло ҳам, бархе бар ин фикранд, ки “бурдани маҳсулоти зиндон ба хона хуб нест”, чун “ҳар як ҷузъи гаҳвора ҳикмати худро дорад”. Аммо ба гуфтаи ӯ, “ин фикри нодуруст аст ва баръакс одамон дар берун бояд бо эҳтиром ба заҳмати маҳбусон онҳоро ба зиндагӣ дилгарм кунанд.”

Мақсуда Бақоева, як сокини солманди Душанбе ҳам мегӯяд, “онҳо ҳам меҳнат мекунанд, нури чашмаш меравад, хайр маълум, ки зиндон ҷои хуб нест, вале онҳо бо амри тақдир он ҷо меафтанд. Гаҳвора гуноҳ надорад, бекор ки ҳастанд месозанд. Мо ҳам боумед онро меорему бо ниятҳои хуб кӯдаконро дар он мехобонем. Як ҳунари нав меомӯзад, чӣ бадӣ дорад.”

Бо он, ки дар бораи шиканҷаву қонуншиканӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон хабару сару садоҳои зиёд паҳн мешавад, аммо дар бораи маҳсули дасти маҳбусон ва ҳунари онҳо мардум маълумоти зиёд надоранд. Ба дархости мо ҳам барои шиносои бо кори истеҳсолии маҳбусон дар зиндонҳо, мақомоти муассисаҳои ислоҳоти посухи рад доданд.

Гуфта мешавад дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳбусон ба хиштрезӣ, гулкорӣ, чубтарошӣ, омода кардани маҳсулоти ороишӣ мисли тасбеҳ, кордсозиву кошикорӣ машғуланд. Бархе аз ин маҳсулот, мисли гаҳвораву сандуқ ҳам дар бозорҳои кишвар дар қатори маҳсулоти дигар пешниҳоди харидорон мегарданд.

XS
SM
MD
LG