Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндониёни тоҷик "Девони Шамс"-ро мехонанд


Давлат Одинаев, ки чаҳор соли ҳаёташ дар маҳбас сипарӣ шудааст, мегӯяд, дар ин муддат ҳудуди сад китоб хондааст. Давлати 52-сола мегӯяд, дар зиндон китоби муқаддаси “Қуръон” ва “Ҳафтяк”-ро хатм кардааст. Ӯ дар солҳои 2012 то 2016 дар маҳбаси ноҳияи Ваҳдат адои ҷазо кардааст ва ҳоло мегӯяд, ба шарофати китобу китобхонӣ, тавонист сангиниҳои давраи зиндонро сабуктар пушти сар кунаду оромиши равониву фикрӣ ба даст орад.

Давлат Одинаев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар зиндон рӯзона хишт мерехтанд ва ҳадди аққал 2 соат дар шом китоб мехонданд. Ба гуфтаи вай, дар зиндон шахсони китобхон бисёранд ва китобхонӣ ба гунае як "терапия" ё дармони вазъи аъсобу вазъи рӯҳии зиндониҳо мебошад, ки аз мушкилоту дардҳои худ як муддат фориғ мешаванд.

Бо ин ки бархе зиндониҳо дар фикри бозбинӣ шудани ҳукмашон аз пайи омӯзиши Кодекси ҷиноӣ мешаванд, бархе дигар аз китобҳои дарсӣ забонҳои хориҷӣ меомӯзанд, шумори зиёди дигар дар солҳои охир таваҷҷӯҳ ба адабиёти динӣ доранд. Давлат Одинаев гуфт, аз шунидани ташаббуси ҷамъоварии китоб барои зиндониҳои маҳбаси ноҳияи Ёвон хеле хушнуд шудааст, чун, ба гуфтаи ӯ, интихоби китоб барои табобати равонии афроди пушти панҷара хеле муҳим мебошад.

Созмони байналмилалии “DVV International” барои кӯмак ба мардуми китобхон дар зиндонҳои Тоҷикистон, аз хоҳишмандон хостааст, ки китобҳои адибону гузаштаву замонавӣ, таърих, ашъори шоирони классик ва муосир, инчунин луғатҳо бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва англисиро ҷамъ кунанду ба онҳо супоранд.

Давлат Одинаев аз ин иқдом истиқбол мекунад ва мегӯяд, "агар китобҳои хуб бошанд, баранд. Ҳама намуди китоб бошад, фиристанд. Китобҳои ҳаётӣ бошанд. Мазмунашон аз ҳаёту зиндагӣ бошад, маҳбусон мехонанд. Газетҳо ҳам бошанд, равон кунанд.”

Майли кам барои ҷамъоварии китоб барои зиндониён

Як масъули иқдоми “Китоб барои маҳбусон” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар давоми се рӯзи эълони аксияи ҷамъоварии китоб, танҳо як нафар ва он ҳам барои пешниҳоди ироаи китобҳои электронӣ тамос гирифтааст.

Толиб Ҳоҷиев, сокини ноҳияи Шаҳринав, ки дар пайи муноқиша бо як нафар 2 солу шаш моҳро дар маҳбаси шаҳри Душанбе пушти сар кардааст, мегӯяд, бештар китобро барои “зиқ нашудан” хондааст.

Ӯ мегӯяд, дар маҳбас барои хондани китоб фурсат мусоид аст. Ба гуфтаи вай, "се бор тафтиши рӯзона ва як бор шабона мегузарад. Баъди инҳо мехоҳед китоб хонед ё телевизор тамошо мекунед".

Ҳоҷиеви 30-сола, ки акнун ба деҳқонӣ машғул аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, гуфт бештари китобҳоро ба зиндониён, дӯстон ё наздикон меоранд. Вай гуфт, пеш аз он, ки як китоб вориди зиндон шавад, онро мавриди санҷиш қарор медоданд.

Толиб Ҳоҷиев мегӯяд бархе аз шарикони зиндонии вай китобҳои забономӯзии русӣ ва англисӣ мехонданд. Ба ин тартиб, вай дар мавриди навъи китобҳо барои маҳбусон мегӯяд: “Ҳар кадом китоб бошад фарқ надорад. Русӣ бошад ё англисӣ бошад. Забонро ёд гирифтан хуб нест?”

Китоби "Девони Шамс"-ро хостанд

Маҳбаси мо пур аз китоб буд. Аммо, ҳар касе, ки дар берун намехонд, дар маҳбас ҳам намехонад.

Меҳрони Хуҷаназар, ҷавони дигар, ки бо гуноҳи қочоқи мухаддир 8 соли умрашро паси панҷара гузаштааст, мегӯяд, маҳз дар зиндон китобхон шудааст. Ӯ ҳарчанд шумораи дақиқи китобҳои мутолиакардаашро намедонад, аммо мегӯяд, доираи навъи китобҳояш маҳдуд ба як мазмун набуд.

“Маҳбаси мо пур аз китоб буд. Аммо, ҳар касе, ки дар берун намехонд, дар маҳбас ҳам намехонад.”- мегӯяд, ӯ.

Меҳрон мегӯяд, маҳбусон баъзан суроғи китобҳое мераванд, ки дар зиндон нестанд ва пайдо карданашон ба осонӣ даст намедиҳад. Ба қавли вай, баъди озод шуданаш дӯстони маҳбусаш аз вай китоби “Девони Шамс” дархост кардаанд.

“Он замон ҳамин китоб дар маҳбас набуд. Ман ин китобро дар Душанбе аз “афғонбозор” пайдо кардам, ки 100 сомон нарх дошт. Харидаму ба онҳо фиристодам.” - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Дар зиндонҳои Тоҷикистон тахминан 10 ҳазор нафар нигаҳдорӣ мешаванд, ки аксарашон мардон мебошанд. Ба фарқ аз 15-20 сол пеш, ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон шароити кор фароҳам оварда шудааст.

Ин корҳо, аз назири хиштрезӣ, дуредгарӣ, корҳои кишоварзӣ, сандуқсозӣ ва дигарҳо мебошад. Дар фурсати берун аз кор ба онҳо иҷозати намозхонӣ дар масҷиди назди маҳбас ва ҳам китобхонӣ дода мешавад.

XS
SM
MD
LG