Муҳокимаи шахси муттаҳам ба қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷсолаи тоҷик, рӯзи 20-уми ноябр дар Додгоҳи вилояти Маскав оғоз шуд. Вале падари Ҳувайдо мегӯяд, гумонбарро ба толори мурофиа наоварданд. Қатли ноболиғи тоҷик ҳудуди дувуним сол пеш дар яке аз минтақаҳои атрофи Маскав рух дод.
Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода, 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар оғози мурофиа талаб карда буданд, ки муттаҳам Александр Сёмин ба толор оварда шавад. Ба қавли ӯ, "масъулон гуфтанд, бо сабаби дурии роҳ натавонистанд Сёминро ба мурофиа биоранд". Ба ин далел, падари Ҳувайдо мегӯяд, аз ҷараёни мурофиаи розӣ нест.
"Вакили мудофеи Сёмин мегӯяд, ки ту бисёр саросема ҳастӣ. Гуфтам, 2 солу 4 моҳ боз сабр дорам, боз чӣ қадари дигар мумкин аст, ки тоқат кунам? Чӣ қадари дигар бояд тоқат кунам, ки ин нафар (Сёмин) ба зиндон равад?" -- нақл кард Саидов.
Чанд шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла Иззат Амон, раиси Маркази тоҷикон барои пуштибонӣ аз Абдусалом Саидов ба назди Додгоҳи вилояти Маскав рафтанд. Онҳоро ба дохили мурофиа роҳ надоданд.
Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, мурофиаро зери назорат доранд, то одилона баррасӣ шавад.
Аз замони қатли Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола қариб дуюмин сол мегузарад ва борҳо мурофиаи додгоҳӣ бо сабабҳое, аз ҷумла вазъи саломатии муттаҳами аслӣ ба таъхир афтодааст.
Наздикони Александр Сёмин дар рафти тафтишот ва ҳам баррасии додгоҳӣ гуфтаанд, ки ӯ бемори рӯҳӣ аст ва бояд аввал табобат шавад. Ҳарчанд наздикони Ҳувайдо гуфтанд, бо бемори рӯҳӣ нишон додани Сёмин мехоҳанд, ӯро аз ҷавобгарӣ озод кунанд.
Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо гуфт, бар асоси санадҳое, ки аз табибони шаҳри Смоленск дастрас карданд, натиҷаи муолиҷаи Александр Сёмин “хуб баромадааст”.
Қатли Ҳувайдо Тиллозода аз пурсарусадотарин қазияҳо дар чанд соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва ҷониби Тоҷикистон низ бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи қазияро хост.
Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия гуфта буд, ки дар мавриди ҷазо гирифтани қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Серпухово шакке нест, вале бо гузашти тақрибан дуним сол ҳанӯз мурофиа ниҳоӣ нашудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Марги Ҳувайдо дурӯиҳои расонаҳои Русияро ҳувайдо кардҲимояти вакили тоҷик аз хонаводаи Ҳувайдо Тилозода дар додгоҳи РусияНомаи сафорати Тоҷикистон ба додгоҳ, баъд аз муроҷиати падари ҲувайдоАз додрас хостаанд, падари Ҳувайдоро ба мурофиа роҳ надиҳадФоҷиаи Ҳувайдо дар намоишномаи "Одам" рӯи саҳна омад. ВИДЕОПадари Ҳувайдо: "Аз ҳукми додгоҳ розӣ нестам, моро фиреб медиҳанд"Таҳқиқи таҷовуз ва қатли Ҳувайдо баъди нӯҳ моҳ ба поён расид"Гуфтанд, 10 млн рублро гиру хомӯш бош" Падари Ҳувайдо ба Тоҷикистон баргаштГумонбари қатли Ҳувайдо дар қазияҳои дигари кӯдакозорӣ муттаҳам аст. САДОПадари Ҳувайдо дар сари гӯри ӯ: "То қотил ҳабси абад нашавад, ором намегирам" ВИДЕО"Агар дари Сёминро мешикастем, шояд Ҳувайдо зинда буд" ВИДЕОДафни Ҳувайдои 5-сола дар Кӯлоб дар паҳлӯи гӯри бобову бибӣ. ВИДЕО