Ин порчае аз намоишномаи "Одам" аст, ки ҳунарпешаҳои театри "Нигоҳи нав" дар Душанбе омода кардаанд. Ҳодиса соли 2016 дар яке аз шаҳрҳои Амрико рух додааст.
Намоишномаи "Одам" аз чанд қиссаи воқеӣ иборат аст ва ба гуфтаи коргардон, ба ҷомеаи Тоҷикистон рабт мегирад. Шоҳҷамшед Умарӣ, коргардони намоишнома рӯзи 29-уми май гуфт, "ҷомеа ҳатто ба ҳамин дараҷа расидааст, ки духтарак ин корро тариқи онлайн кард. Тақрибан 45 дақиқа навор аст, ки духтарак аввал сӯҳбат мекунад, аз хона баромада дар ҷангал худашро ба дор мекашад. Ҳамаи ин кор онлайн сурат мегирад, ҳама тамошо доранд, вале касе рафта кумак накард, касе ба пулис занг назад".
Қиссаи Ҳувайдои 5-сола - духтари як муҳоҷири тоҷик, ки аз тарафи шаҳрванди Русия кушта шуд ва дар баҳр ғарқ шудани Айлон ҳангоми фирор аз ҷанг дар Сурия -- мавзӯъҳои дигари намоишнома буданд. Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва ҷасади ӯро рӯзи дигар дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.
Ҳунармандони гурӯҳи театрии "Нигоҳи нав", ки толори махсуси худро надоранд, намоишномаи "Одам"-ро дар толорҳои театрҳои дигар омода кардаанд. Нахустнамоиши он дар толори тамринии театри "Падида", ки шароити маҳдуд дошт, рӯи саҳна гузошта шуд. Бо ин вуҷуд, бозигарони театри "Нигоҳи нав" мегӯянд, худро дар рӯ ба рӯи тамошобинон роҳат ҳис кардаанд.
Далери Эмомалӣ, ҳунарманди театр гуфт, "вақте мо ба ҳайси бозигар рӯи саҳна меомадем, мушкили мо бо коргардон зиёд буд. Коргардон мехост, ки бозигарони намоишӣ ва бозигарони ботингароёнаро мо дар як замон дошта бошем. Лаҳзаҳоеро дидед, ки мо бе дард ҳамту мегуфтем, вале баъзе саҳнаҳое буд, ки ботингаро будем. Гузариш аз саҳнаи ботингароӣ ба намоишӣ як дарҳам-барҳамие дошт, ки мо ҷавонон худро дар ин кор тоза санҷидем. Намедонам то куҷо аз ӯҳдаи ин баромадем. Тамошобине, ки имрӯз буд, ба он баҳо медиҳад".
Барои тамошои намоишнома бештар ҷавонон омада буданд. Ҳарчанд бо кафкӯбиҳо аз намоишнома истиқбол шуд, назарҳои мухолиф ҳам вуҷуд дошт.
Мазбут Қосимов, яке аз тамошобинон гуфт, "ин намоишнома аз рӯи мавзӯи интихобшуда хуб аст. Вале дар баррасии мавзӯъ ва рӯи кор омадани намоишнома, эродҳои зиёде вуҷуд дорад. Он эродҳо бо шароите, ки намоишнома рӯи саҳна оварда шудааст ва ҷавон будани коргардону ҳунармандони он, бояд нодида гирифта шавад."
Офарандаҳои намоишнома умедворанд, ки бо дарназардошти васеъ будани мавзӯи он, ба саҳнаҳои фаротар аз ин роҳ меёбанд.
"Илтимос дигар ягон касро накушед, плиз, пожалюста..." -- ин буд охирин паёми намоишномаи "Одам".