Модари Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷ солаи тоҷик, ки дар Русия таҷовуз ва кушта шуд, тасмим гирифтааст, ки дигар ба Русия бар нагардад.
Гулнора Шарипова ду рӯз баъд аз дафни духтари ғуррамаргаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ин фоҷеа зиндагии хоксорона ва хубе дошт ва ҳамроҳи ҳама ҳамсояҳо хуб буд.
Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-уми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпухово дар вилояти Маскав ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи рӯзи 23-уми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо кардаанд.
Ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия, дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида мешавад. Бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва қатл Александр Сёмин яке аз ҳамсоягони хонавода ва ҷавони 27-сола дастгир шудааст.
Гулнора Шарипова гуфт, ки баъди қатли духтараш дар рӯзи 23-уми июл дунё барояш торик шуд. Шаб хобро намебинад ва гумон дорад, ки ин ҳама дар хобаш рух додааст.
“Дигар ҳоҷати ба Русия рафтан намонд. Агар пул пайдо кардам, дар сари суди қотил иштирок мекунам, то бо чашмам бинам, ки чӣ ҷазо мегирад, зеро духтарамро кушт. Аммо дигар фикри бозгашт ба Русияро надорам. Фикрам ба духтари маъюбам аст, ки онро бояд табобат кунам" - гуфт, модари ғамдида.
Гулнора Шарипова, дар идомаи суҳбаташ гуфт, ки Ҳувайдо як сол дошт ӯро ба Маскав бурд ва чаҳор сол ба Тоҷикистон наомада буданд ва қасд доштанд, ки баъди зодрӯзи писараш ба Тоҷикистон баргарданд.
Ба қавли модар, бозгашт ба Ватан хости Ҳувайдо буд, ки Тоҷикистонро пазмон шуд ва ҳар ҳафта талаб мекард, ки ҳарчӣ зудтар баргарданд.
Шояд Ҳувайдоро зинда мегирифтем
Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз аввал гумон доштанд, ки дар ин кор Александр Сёмин даст дорад, аммо барои шикастани дари ӯ ва даромадан ба хонааш ба онҳо иҷозат надоданд.
Саидов гуфт, ки баъди иҷозат нагирифтан Сёмин пулисро фиреб дод, ки калидашро фаромӯш кардааст. Ӯ мегӯяд, ки онҳо ҳайронанд, ки чӣ гуна маъмурони пулис гумонбарро раҳо карда, рафтанд.
Пулис медонист, ки гумонбар ҳамон аст, вале ӯро сар доданд. Агар ҳамон замон моро иҷозат медод, шояд духтарам зинда мемонд
“Замоне гум шуд, ҳама ҳаминро гумонбар донистанд ва гуфтанд, ки ҳамин аст ва он аз куҷое омада истода буд, мо гуфтем дарро мешиканем, аммо нозири минтақавӣ моро иҷозат надод. Гуфтанд, шумо ҷустӯҷуро идома диҳед. Аммо ӯ бо баҳонаи калиди хона фирор кардааст. Баъди чанде як рафиқи русам занг зад, ки Сёминро бо як халтаи варзишӣ дидаанд ва сӯи ҷангал меравад. Пулис медонист, ки гумонбар ҳамон аст, вале ӯро сар доданд. Агар ҳамон замон моро иҷозат медод, шояд духтарам зинда мемонд”- гуфт, падари Ҳувайдо.
Мақомоти интизомии Русия гуфтанд, чанд афсари пулисро, ки қаблан шикоятҳо аз рафтори ҷавони 27-солаи русро нодида гирифтаанд, барканор кардаанд. Дар гузашта сокинони биное, ки муҳоҷирони тоҷик онҷо зиндагӣ мекунанд, шикоят кардаанд, ки Александр Сёмин олоти таносули худро ба кӯдакон нишон додааст ва кӯдакон ин кори ӯро ба волидонашон нақл кардаанд.
Падари Ҳувайдо Тиллозода гуфт, ки ҳоло аз Русия ҳар рӯз ба ӯ занг мезананд ва ду вакили рус омода шудаанд, ки аз ҳаққи ӯ дар додгоҳ ҳимоят кунад, аммо тангдастӣ имкон намедиҳад, ки ба Русия равад. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло намедонад, ки кай ба Русия бармегардад.
Кӯмаки вазир, беэътиноии мақомоти шаҳр
Ба гуфтаи хонаводаи кӯдак, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ба онҳо ҳудуди 9 ҳазор сомонӣ кӯмак кардааст, то дар маросими дафни духтарашон сарф кунанд. Саидов гуфт, вазир ба онҳо ваъда додааст, ки қазияро худаш пайгирӣ хоҳад кард. Аз ҳукумати шаҳр дар ду рӯзи аввали овардани ҷасад касе ба суроғашон ва ё изҳори тассалият наомадааст.
Ҳоло Александр Сёмин, қотили духтари панҷолаи тоҷик дар боздошт аст, аммо волидайни кӯдак дар Кӯлоб, дар як хонаи танг ба бозичаҳои духтар менигаранду мегирянд ва гумон мекунанд, ки ҳодиса хобест, ки мегузараду духтари ғуррамаргашон бармегардад.