Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Ҳувайдо дар сари гӯри ӯ: "То қотил ҳабси абад нашавад, ором намегирам" ВИДЕО


Абдусалом Саидов дар сари гӯри духтари панҷсолааш, ки дар Русия аввал таҷовуз ва сипас кушта шудааст
Абдусалом Саидов дар сари гӯри духтари панҷсолааш, ки дар Русия аввал таҷовуз ва сипас кушта шудааст

Абдусалом Саидов, сокини шаҳри Кӯлоб, барои иштирок дар мурофиаи гумонбар дар қатли духтари панҷсолааш Ҳувайдо Тиллозода ба Маскав рафт. Аммо пеш аз сафар, субҳи 21-уми август, қабри духтарашро зиёрат кард ва ваъда дод, ки то қотили Ҳувайдо ҳабси якумрӣ нашавад, ором нахоҳад гирифт.

  • Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпухово дар вилояти Маскав ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи 23-юми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо карданд. Ба қавли мақомоти интизомии Русия, дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида шуд. Бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва қатл Александр Сёмини 27-сола, яке аз ҳамсоягони хонавода дар Маскав дастгир шуда, дар ҳабси пешакист.
Ҳоло вазъи равониам каме беҳтар шудааст. Аммо шабу рӯз месӯзам, чӣ илоҷ

Абдусалом Саидов рӯзи 25-уми июл барои дафни Ҳувайдо ҳамроҳи хонавода ба зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб омада буд. Ӯ рӯзи 21-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои иштирок дар мурофиаи қотили духтараш танҳо меравад. Ҳамсараш дар Тоҷикистон хоҳад монд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ваъдаи падари Ҳувайдо дар сари қабри ӯ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

“Дар рӯзи Иди Қурбон дар ҳаққи фарзандам дуо карда, ба роҳ мебароям. То рафта бубинам, ки қотилаш чӣ ҷазо мегирад. Бештар ба қонунҳои Русия такя мекунам ва бовар дорам, ки ба қотил ҷазои муносиб дода мешавад. Мо тамоми талошро хоҳем кард, то ӯ муносиби аъмолаш ҷазо гирад. Мо талаб хоҳем кард, ки қотили духтари ғӯрамаргам ҳабси абадӣ шавад”, - гуфт Абдусалом Саидов.

Аз марги Ҳувайдо Тиллозода тақрибан як моҳ мегузарад. Қарор буд, ки падару модари Ҳувайдо баъди як ҳафтаи дафни духтарашон ба Русия баргарданд. Аммо мегӯянд, вазъи саломативу руҳиашон иҷоза надод, ба маконе, ки духтарашон кушта шудааст, зуд баргарданд ва аз нав ба захмҳояшон намак пошанд.

Гулнора Шарипова, модари Ҳувайдо мегӯяд, дар тақрибан як моҳи гузашта вазъи саломатиаш рӯ ба беҳбудӣ овардааст ва интизор меравад моҳи сентябр ӯ низ ба Русия биравад. “Ман меравам. Чаро наравам? Рафтани ман ба мурофиа дақиқ аст. Аммо на ҳозир. Мехоҳам ҷараёни мурофиа ва махсус ҷазо гирифтани қотилро бубинам. Ҳоло вазъи равониам каме беҳтар шудааст. Аммо шабу рӯз месӯзам, чӣ илоҷ”, - афзуд ӯ.

Гулчеҳра Шарипова
Гулчеҳра Шарипова

Александр Сёмин, муттаҳам дар ҷинояти таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозоди панҷсола то 22-юми сентябр дар ҳабси пешакӣ мемонад. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия гуфтааст, дар мавриди ҷазо гирифтани қотили тифли 5-солаи тоҷик Ҳувайдо дар Серпухово шакке нест.

Дар пайи ин ҳодиса роҳбарони шӯъбаи пулиси Вазорати умури дохилии Русия дар ноҳияи Серпухово низ аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Кормандони пулис барои беэътиноӣ ба арзи сокинон нисбат ба кӯдакозоре, ки Ҳувайдоро ба қатл расонд, аз вазифаашон барканор шуданд.

Тангдастӣ ва набуди кору зиндагии хуб 10 соли пеш Абдусалом ва Гулнора -- падару модари Ҳувайдоро ба муҳоҷират бурд. Абдусалом мегӯяд, намехост фарзандонаш аз падару модар дур бошанд ва бо вуҷуди мушкилот онҳоро бо худ ба Русия кӯчонд. Тасаввур намекард, ки рӯзе муҳоҷират ӯро аз духтари нокомаш барои ҳамешагӣ ҷудо мекунад. Ӯ дар сохтмонҳои Русия кор ва зиндагии хонаводаро таъмин мекард.

Мақомоти Тоҷикистон низ дар робита ба ин ҳодиса шадидан нигаронӣ карданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт фиристода ва хост, “тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбат ба ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад.”

Тобути Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 25-уми июл аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд
Тобути Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 25-уми июл аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам гуфт, ки Рамазон Раҳимзода бо ирсоли барқияи расмӣ аз ҳамтои руси худ хостааст, тафтиши парвандаро зери назорат бигирад.

Куштори як кӯдаки 5-сола бо бераҳмӣ ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Онҳое, ки доду фиғони волидони Ҳувайдоро дар фурудгоҳ мешуниданду тобутҳои пайиҳами муҳоҷиронро медиданд, таъкид мекарданд, ки ҳукуматҳои ду кишвар бояд шароити муҳоҷиронро хубтар кунанд. То чунин ҳодисаҳо дигар такрор нашавад ва тоҷике, ки бо пойи худ барои зиндагии беҳтар ба ин кишвар меравад, бо ҷисми сарду хунолуд баргардонда нашавад.

XS
SM
MD
LG