Ҳафтаи равон Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо, дар муроҷиатномае аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки барои муҷозоти гумонбар ба қатли духтараш ба кумак ниёз дорад.
Қазияи қатли Ҳувайдо дар Додгоҳи вилояти Маскав паси дарҳои баста мегузарад ва танҳо вакилони мудофеъ ва падари Ҳувайдо ба он роҳ дода мешаванд. То имрӯз ду даври мурофиа гузаштааст.
Масъулони Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати умури хориҷӣ рӯзи 29-уми август гуфтанд, Сироҷиддин Муҳриддин супориш додааст, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия қазияи Ҳувайдоро пайгирӣ ва "ҳама гуна кумакро ба падари ӯ расонанд".
Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ба додраси парванда дархост фиристодаанд, ки барои иштироки дипломатҳои тоҷик дар мурофиа иҷозат диҳад. "Дар нома навиштем, ки волидони Ҳувайдо шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ва мо бояд онҳоро ҳамроҳӣ кунем," -- гуфтанд дар сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Пеш аз ин наздик ба 10 вакили мудофеи тоҷик низ изҳори омодагӣ карданд, ки барои расондани кумаки ҳуқуқии ройгон ба Абдусалом Саидов омода ҳастанд.
Абдусалом Саидов ҳафтаи равон дар муроҷиатномае ба президент ва додситони кул гуфт, "як солу як моҳ мешавад, сарсону саргардонам. Аҳли оилаи мо зарари моддӣ ва маънавӣ дидем. Намедонам, ки куҷо равам, ман худам танҳо зӯрам намерасад. Шумо ҳам маро бифаҳмед. Мо инҷо ҳеҷ кас нестем. Муҳтоҷи ёрӣ ва дастгирии Шумоем."
Саидов рӯзи 29-уми август пеш аз вуруд ба мурофиаи навбатӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро ба сафорати Тоҷикистон даъват карданд ва гуфтанд, ки омодаанд барояш кумак кунанд.
Вале ба қавли Саидов вақте гуфтааст ба ҳуқуқшинос ниёз дорад, масъулини сафорат гуфтаанд, ки "ҳуқуқшинос надоранд", "вале ҳар чизе аз дасташон ояд, кумак мекунанд".
Аммо он чизе, ки наздикони Ҳувайдоро ба ташвиш овардааст ин аст, ки то ҳол гумонбари асосӣ дар қатли ӯ Александр Сёминро ба додгоҳ ҳозир накардаанд. То ин дам пайвандонаш Сёминро бемории рӯҳӣ мегуфтанд ва ӯ чанд муддат зери назорати пизишкон буд ва аз ташхис мегузашт.
Вакили мудофеи Александр Сёмин пайваста ӯро бегуноҳ хонда, дар ду мурофиаи ахир низ ба озод шудани ӯ пойфишорӣ намудааст.
Муҳокимаи гумонбар дар қатли Ҳувайдо Тиллозода баъди беш аз як соли ҳодиса шуруъ шуд.
Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.
Ҷониби Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт ё нота фиристода ва хоста буданд, "тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбат ба ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад."
Он вақт масъулони сафорати Тоҷикистон низ гуфта буданд, ки парвандаи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз оғоз зери назари ҷиддии онҳо қарор дорад.