Александр Сёмин, нафари муттаҳам дар қатли Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ интиқол ёфтааст. Ташхис бояд муайян кунад, ки Сёмин гирифтори бемории рӯҳӣ аст, ё не. Дар ҳолати бемори рӯҳӣ эътироф шудан, эҳтимол Сёмин аз ҷавобгарӣ озод шавад.
Аз ин пеш, ҳадди ақал ду нафари дигар аз он шикоят карда буданд, ки Сёмин кӯшиш кардааст, нисбат ба духтарони хурдсоли онҳо амалҳои шаҳвониро анҷом диҳад
Вакил: "Шанси раҳоии Сёмин хеле ночиз аст”
Олга Михайловна, вакили мудофеи хонаводаи Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Александр Сёмин ба беморхонаи касалиҳои руҳии “Склифосовский” интиқол ёфтааст. Ба қавли ӯ, ташхис вақт мегирад ва танҳо пас аз хулосаи равоншиносон дар бораи бемор ё солим будани Сёмин ҳарф задан мумкин аст.
Аммо Олга Михайловна гуфт, "ба фикри ман, шанси бемор баровардани Александр Сёмин хеле кам аст. Чун аз рӯи аъмолу рафтори Сёмин фикр накунам, ки далеле барои бемор буданаш вуҷуд дошта бошад. Инчунин, бемористони “Склифосовский” бо мутахассисони варзида маъруф аст ва умед дорем, ки онҳо ташхиси дуруст анҷом медиҳанд."
Вакили мудофеи оилаи Ҳувайдо Тиллозода мегӯяд, таҳқиқи қатли ин духтари 5-солаи тоҷик пурра анҷом наёфтааст. Ба қавли манбаъ, мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи ин қазия, мумкин аст, охири соли равон ва ё аввали соли оянда шуруъ шавад.
Олга Михайлова гуфт, аз рафти тафтишот розӣ аст, чун барои таҳқиқи парванда мутахассисони таҷрибадор ҷалб шудаанд. Ӯ афзуд, то охир талош мекунанд, ки Александр Сёмин ҷазои сазовор бигирад.
Сафорат: “Қазия зери назорати ҷиддӣ аст”
Гумонбар дар қатли духтари 5-солаи тоҷик дар ҳоле ба бемористони рӯҳӣ интиқол меёбад, ки мақомот мегӯянд, қазияи марги Ҳувайдоро пайгирӣ доранд. Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 19-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз оғоз зери назари ҷиддии онҳо қарор дорад.
Ба қавли масъулини сафорат, ахиран дар як мулоқоти онҳо бо мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Русия қазияи марги Ҳувайдо баррасӣ шуд. Ҳамсуҳбати мо дар сафорат гуфт, таҳқиқи парванда муайян кард, ки Ҳувайдо Тиллозода аввалин "тӯъма"-и Александр Сёмин нест. "Аз ин пеш, ҳадди ақал ду нафари дигар аз он шикоят карда буданд, ки Сёмин кӯшиш кардааст. нисбат ба духтарони хурдсоли онҳо амалҳои шаҳвониро анҷом диҳад", - гуфтанд дар сафорат.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, чунин шикоят муфаттишонро водор кард, ки нахуст вазъи руҳии Александр Сёминро санҷанд.
Падари Ҳувайдо: “Ба вакилон фишор меоранд”
Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи 23-юми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо карданд. Ба қавли мақомоти интизомии Русия, дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида шуд. Бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва қатл Александр Сёмини 27-сола, яке аз ҳамсоягони хонавода дар Маскав дастгир шуда, дар ҳабси пешакист.
Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо, рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз рафти тафтишот розӣ аст, аммо айни замон талаб дорад, ки холаи Александр Сёмин низ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ба қавли падари Ҳувайдо, холаи Александр Сёмин, ки худ вакили мудофеъ будааст, ба вакилони онҳо фишор овардааст, то аз ҳимояти хонаводаи Ҳувайдо даст кашанд.
Маҳз ба ин хотир Абдусалом Саидов мегӯяд, вакили дифои қаблиаш аз иштирок дар парванда бо ҳар баҳона сарпечӣ кардааст. “Ҳоло талош доранд, ки Сёминро бемории рӯҳӣ бароранд. Мехоҳам, ки холааш ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шавад”, - гуфт Саидов.
Талошҳои мо барои пайдо кардани наздикони Александр Сёмин, аз ҷумла холааш. бенатиҷа буд. Маълум нест, ки онҳо дар ин бора чӣ назар доранд.
Рӯзи 20-уми сентябр Додгоҳи шаҳри Серпухово масъалаи тамдид ё дароз кардани муҳлати ҳабси пешакии Александр Сёминро баррасӣ хоҳад кард. Муҳлати ҳабси Александр Сёмин рӯзи 22-юми сентябр ба анҷом мерасад ва фардо додгоҳ қарор мекунад, ки дар боздошт мондани Сёмин то кай идома хоҳад дошт.
Қазияи марги Ҳувайдо Тиллозода ба вокунишҳои тунд дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳам дар Русия рӯ ба рӯ шуд. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия ҳам гуфта буд, дар мавриди ҷазо гирифтани қотили тифли 5-солаи тоҷик Ҳувайдо дар Серпухово шакке нест.
Мақомоти Тоҷикистон низ дар робита ба ин ҳодиса шадидан нигаронӣ карданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт фиристода ва хост, “тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбат ба ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад.”
Куштори як кӯдаки 5-сола бо бераҳмӣ дар Русия ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Онҳое, ки доду фиғони волидони Ҳувайдоро дар фурудгоҳ мешуниданду тобутҳои пайиҳами муҳоҷиронро медиданд, таъкид мекарданд, ки ҳукуматҳои ду кишвар бояд шароити муҳоҷиронро хубтар кунанд. То чунин ҳодисаҳо дигар такрор нашавад ва тоҷике, ки бо пойи худ барои зиндагии беҳтар ба ин кишвар меравад, бо ҷисми сарду хунолуд баргардонда нашавад.