"Газпром" сабаби қатъи кор дар Сариқамишро шарҳ надод. САДО

Ширкати русии “Газпром” (Gazprom International) корҳои иктишофӣ дар майдони Сариқамиш, воқеъ дар ғарби Душанберо қатъ карда, дар ин бора даҳ рӯзи пеш ба ҳукумати Тоҷикистон нома фиристодааст. Мурод Хол – сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон – рӯзи 9 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард, аммо гуфт, ширкати “Газпром” то ҳол далели қатъи корашро шарҳ надодааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро "Газпром" ҷилави Сариқамишро раҳо кард?

Қаблан, Игор Лякин-Флоров, сафири Русия дар Тоҷикистон, аз андозҳои баланд дар кишвар сӯҳбат карда буд ва бархе низ мегӯянд, шояд бинобар гаронии андоз ин ширкат кор дар Сариқамишро қатъ карда бошад.

"Дар як ҷаласаи ҳисоботӣ намояндаи ин ширкат Шаталов ба мо гуфт, ки онҳо ба ҳукумат мактуб фиристодаанд. Расман инро худашон метавонанд шарҳ диҳанд. Ҳоло мо маълумоти пурра надорем. Вақте ки дар онҷо сармояи Тоҷикистон нест, мо ҳаққи талаби маълумоти иловагиро надорем. Ҳоло онҷо кор қатъ шудааст ва шояд ин муваққатӣ бошад”, - афзуд Мурод Хол.

Мурод Хол

Дар намояндагии ширкати “Газпром” (Gazprom International) дар Тоҷикистон аз шарҳи хабар худдорӣ карданд. Вале як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мактуби ширкати “Газпром” ба ҳукумат омадааст, ки ин ширкат ба таври муваққатӣ корҳоро қатъ кардааст, вале санаи дубора аз сар гирифтани корҳоро хабар намедиҳад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Газпром" аз кони Сариқамиш рафт

Ба мо нависед

Андешаҳои худро аз тариқи Вайбер ва Вотсапп ба ин шумора ба мо фиристед: +420 724 053 959

Собир Вазиров, коршиноси масоили иқтисодӣ гуфт, поин рафтани нархи нафт кори ин ширкат дар Тоҷикистонро мушкил кардааст. Ӯ гуфт, “соли 2014 қимати нафт рекордӣ буд, яъне як бушка нафт беш аз 100 доллар нарх дошт. Аз ин нуқтаи назар гузарондани корҳои иктишофӣ, геологӣ ба манфиати ширкат буд. Дар Тоҷикистон танҳо он вақт гузарондани корҳои иктишофӣ ва кандани чоҳҳои нафту газ фоиданок мешавад, ки нархи нафт ба ҳисоби миёна аз 75 доллар бештар бошад. Аз рӯи пешгӯиҳои феълӣ, то ду-се соли оянда нархи нафт то 75 доллар барои як бушка ҳам баланд намешавад. Ба фикри ман, бо ҳамин далел онҳо корро муваққатан қатъ мекунанд."

Собир Вазиров

Қаблан, Игор Лякин-Флоров, сафири Русия дар Тоҷикистон, аз андозҳои баланд дар кишвар сӯҳбат карда буд ва бархе низ мегӯянд, шояд бинобар гаронии андоз ин ширкат кор дар Сариқамишро қатъ карда бошад. Собир Вазиров мегӯяд, Тоҷикистон соли 2015 Барномаи шаффофият дар истихроҷи конҳоро қабул кард, ки дар он барои ширкатҳои хориҷӣ имтиёзҳои зиёд пешбинӣ шудааст ва барояшон супурдани андоз ҳеҷ мушкил надорад.

Фирдавс Пулодӣ, иқтисоддони дигари тоҷик, гуфт, ширкати “Газпром” дар гузашта ҳам як дафъа бо айни чунин баҳона корҳои иктишофӣ дар майдони Олимтойи ноҳияи Данғараро қатъ карда буд. Ӯ мегӯяд, ин ширкати русӣ дар ҳоле ба иктишофи конҳои газ мароқ зоҳир кард, ки ба бозори Тоҷикистон ширкати канадагии “Тетис Петролиум” ворид шуда буд.

“Ҳоло русҳо захираҳои кофии газу нафт доранд ва чандон майл надоранд, ки дар Тоҷикистон истеҳсоли ин маҳсулотро ба роҳ монанд, чун воридкунандаи аслӣ ҳоло худи онҳо ҳастанд. Ширкатҳои русӣ ба хотири рақобат бо ширкатҳои дигар барои оянда ин конҳои газу нафтро банд карданд. Чун агар инҳоро ширкатҳои дигар мегирифт, ҷои бозори ширкатҳои Русияро дар инҷо танг мекард”, - гуфт Пӯлодӣ.

Охири соли гузашта бархе расонаҳо хабар доданд, ки “Газпром” (Gazprom International) фаъолияташаро дар Тоҷикистон қатъ кардааст, аммо баъдан масъулони ин ширкат хабарро рад карданд. Фаъолияти ширкати Gazprom International дар Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2008 шурӯъ шуда ва барои анҷоми корҳои геологию ҷустуҷӯӣ дар майдони 17150 гектар дар минтақаи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав муҷаввиз дарёфт кард.

Дар моҳи декабри соли 2010 дар ин минтақа корҳои пармакунӣ оғоз гардида, то декабри соли 2014 идома ёфт. Дар натиҷа бо харҷи тақрибан 2 миллиард рубл чоҳе бо умқи 6450 метр канда шуд, ки дар Осиёи Марказӣ ҷуқуртарин ҳисоб меёбад. Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ, захираи кони “Сариқамиш” 18 миллиард метри мукааб газ ва 17 миллион тонна нафтро ташкил медиҳад.

Алексей Миллер ва Владимир Путин

Алексей Миллер, раиси ширкати “Газпром”-и Русия рӯзи 7 декабри соли 2010 пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфта буд, ки захираи гази кони “Сариқамиш” беш аз 60 миллиард метри мукааб буда ва дар сурати истироҷи он, эҳтиёҷи ин кишвар бо гази худӣ то 50 соли оянда таъмин хоҳад шуд. Аммо бо гузашти ҳафт сол ин пешгӯии хушбинонаи Алексей Миллер амалӣ нашуд.

Зимнан, охири соли 2016 намояндагии ширкати "Русал"-и Русия фаъолияти худро дар Тоҷикистон қатъ кард. Ин ширкати мутааллиқ ба Олег Дерипаска, аз сармоядорони наздик ба Кремл, ки соли 2004 бо ваъдаи анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва як корхонаи дигари тавлиди алюминиум дар Данғара пой ба Тоҷикистон гузошта буд, аз кишвар рафт.