Ду кишвар – ду шева. Фарқи Душанбе ва Бишкек дар қазияи муҳоҷирон чист?

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон (рост); Владимир Путин, президенти Русия (байн) ва Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳури Қирғизистон (чап)

Тоҷикистону Қирғизистон, ду "содиркунанда"-и бузургтарини нерӯи кор ба Русия, аз Маскав вобастагии монанд доранд. Муҳоҷирони ин ду кишвар аз ҳама бештар бо мушкилот дар қаламрави шарики роҳбурдии худ дучор мешаванд, вале рӯйкарди Бишкек ва Душанбе барои ҳалли ин мушкил на ҳамеша монанд аст. Чӣ гуна?

Маҳдудият барои муҳоҷирони корӣ дар Русия дар сатҳҳои гуногун идома дорад. Дар канори чораҳои сахтгирона дар сатҳи қонунгузорӣ, муҳоҷирон ҳамчунон аз мамнӯияти вуруд ба қаламрави Русия дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои заминӣ шикоят мекунанд.

Дар аввали моҳи август Радиои Озодӣ аз мамнӯияти вуруди беш аз панҷоҳ шаҳрванди Тоҷикистон ба қаламрави Русия дар фурудгоҳи "Шереметово"-и шаҳри Маскав хабар дод. Муҳоҷирон он замон гуфтанд, ки натавонистанд бо намояндагони консулгарии Тоҷикистон тамос бигиранд, то ба мушкили онҳо расидагӣ кунанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, фишор бар муҳоҷирони тоҷик ба сиёсати Маскав рабт надорад, балки ривоятсозии расонаҳост, мақомоти Қирғизистон ба далели мамоният аз вуруди шаҳрвандонаш ба Русия аз Кремл шикоят кард. Баёнияе дар ин бора рӯзи 29-уми июл дар дидори муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Алмаз Имангазиев бо сафири Русия дар Қирғизистон Сергей Варкунов садо дод.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чӣ Тоҷикистон ва Русияро вобастаи ҳамдигар кардааст?

Он замон ин мақоми Қирғизистон таъкид дошт, ки "ҷониби Қирғизистон иқдомоти анҷомшударо аз тарафи Русия бо ҳадафи тазмини амният дар кишвар дарк мекунад."

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, алорағми вобастагии тақрибан баробари Бишкек ва Душанбе аз муҳоҷирати корӣ дар Русия, мақомот ва намонядагони дипломатии ин кишварҳо ба равишҳои гуногун манофеи шаҳрвандони худро муҳофизат мекунанд.

"Баъзеҳо мустақилтаранд, бархеи дигар начандон"

Шореҳи масоили умури муҳоҷират дар Русия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сиёсати муҳоҷирати ду кишвар пеш аз ҳама дар нигоҳи онҳо нисбат ба худи муҳоҷират мутафовит аст.

"Ҳукумати Қирғизистон дар сатҳи расмӣ мепазирад, ки муҳоҷирон барои ҳифзи иқтисоди кишвар муҳиманд. Ба ҳамин ҳадаф ҳам ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайвастанд, то барои ин қишри ҷомеа дар чаҳорчӯби бозори кори муштарак фазои матлуберо фароҳам кунад. Ғайр аз ин, диаспораи қирғизҳо дар Русия дар муқоиса бо тоҷикон аз истиқлоли бештаре дар рафтор бо шаҳрвандон ва мақомоти Русия бархурдоранд. Ҳамин амрро метавон дар мавриди дафтарҳои консулгарии онҳо низ гуфт. Дар маҷмуъ, ин боис мешавад, ки онҳо мутаҳҳариктар ва муассиртар бошанд," -- шарҳ дод ин ҳамсуҳбати мо. Номи ӯ ба сабаби дар ҳудуди Русия буданаш навишта намешавад.

Вай дар идома гуфт, низоми Тоҷикистон дар дохилу хориҷ куллан мутамаркиз аст: "Ҳамаи тасмимҳо ба чароғи сабзи шахсони боло ниёз дорад. На диаспора ва на консулгарӣ истиқлоли лозимро надоранд. Ҳукумат намехоҳад аҳамияти муҳоҷиратро дар иқтисоди кишвар ба расмият бишиносад. Ба ҳар василае омори муҳоҷиронро кам нишон медиҳад."

Омор ва вокуниши ҳукумат

Тибқи омори расмӣ, 600 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд. Моҳи феврали соли 2022, замони ворид шудани низомиёни Русия ба Украина, омори муҳоҷирони корӣ ба 1 миллион расид. Тибқи ҳисобҳои охирини ҷониби Қирғизистон, теъдоди муҳоҷирони ин кишвар дар Русия бештар аз 400 ҳазор нафар аст.

Қирғизистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад, ки дастрасии шаҳрвандони онро ба бозори кори Русия таъмин мекунад. Маҳдудиятҳои ахири Русия барои муҳоҷирон мақомоти Қирғизистонро маҷбур ба вокуниш кард.

Эдил Байсалов

Эдил Байсалов, муовини сарвазири ин кишвар дар шабакаи иҷтимоии Х (собиқ Twitter) дар посух ба як фириста (пост)-и “The Insider” дар бораи онки тибқи тарҳи нав дар Думаи давлатӣ муҳоҷиронро аз кор дар арсаҳои пизишкӣ ва омӯзишӣ манъ мекунанд (агар маоши онҳо аз 100 ҳазор рубл бештар шавад), изҳори умед кард, ки тағйироти мавриди назар ба шаҳрвандони Қирғизистон дахл нахоҳад дошт. "Дар ғайри сурат тавҷеҳи мушорикати мо дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хеле душвор хоҳад буд,” - навишт Байсалов.

Теъдоди муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия мавзӯи мавриди баҳс миёни Душанбе ва Маскав мондааст. Ҷониби Русия ҳамасола аз ҳузури наздик ба ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави худ хабар медиҳад. Душанбе теъдоди онҳоро садҳо ҳазор мегӯяд.

Тибқи омори Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон, дар давоми 6 моҳи аввали соли 2024 мавҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия 16 дарсад коҳиш ёфта, ба 392 ҳазор расидааст. Коҳиши теъдоди муҳоҷирон дар пасманзари фишор бар онҳо аз ҷониби мақомоти қудратии Русия, аз ҷумла пас аз воқеаи хунбори “Крокус” мушоҳида мешавад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар охири моҳи апрел ба сафири Русия номаи эътирозӣ дод ва аз муносибати хашин бо тоҷикон ҷиддан изҳори норизоиятӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ 9-уми май дар дидор бо Владимир Путин ба ин масъала пардохт ва таъкид кард, ки террризм ва ифротгароҳҳо миллат надоранд. Аммо, ба назар мерасад маҳдудият дар қиболи муҳоҷирони тоҷик ҳамоно қавитар мешавад.

“Тарс аз бозгашти муҳоҷирон”

Галия Ибрагимова (Иброҳимова), рӯзноманигор ва сиёсатшиноси мустақил, мегӯяд, мақомоти ду кишвар дар маҷмуъ аз муҳоҷирони худ дар Русия ба гунаи лозим ҳимоят намекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ташвиқ дар гуфтор, таҳдид дар амал. Сиёсати Путин дар Осиёи Марказӣ

“Мо баёнияҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар ҳимоят аз муҳоҷирон танҳо дар чанд соли охир мешунавем. Аммо дар солҳои қабл мақомоти ин кишварҳо танҳо ба пулҳои муҳоҷирон фикр мекарданд ва он чи бар сари муҳоҷирон меомад ҳамеша саволи дараҷаи ду ва се буд," -- афзуд ӯ.

Ба қавли мусоҳиби мо, пас аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” раиси ҷумҳури Тоҷикистон натавонист вокуниш накунад, чун "масъалаи тасвири мусбат аз низоми худкомаи ӯ дар назар буд."

"Дар мавриди Қирғизистон ҳам метавон чунин гуфт. Ин ҳамлаҳо ба намояндаҳои дипломатии ин кишварҳо низ асар гузошт. Ман фикр мекунам, онҳо медонанд, ки агар беш аз ҳад аз пушти муҳоҷирони худ биистанд, мақомоти Русия ба эҳтимоли зиёд ба ин мавзуъ вокуниш нишон нахоҳад дод, аммо ин мумкин аст боис ба бозгашти муҳоҷирон ба кишварҳои худ шавад. Ин таҳдид ба бурузи таниши иҷтимоӣ ва ларзон кардани қудрати ин худкомаҳо мекунад," - мегӯяд Галия Ибрагимова (Иброҳимова).

Тибқи додаҳои Бонки Ҷаҳонӣ, соли 2023 муҳоҷирони тоҷик 5,7 миллиард доллар фиристодаанд, ки рақами рекордӣ мебошад ва 6,6% бештар аз соли гузашта аст. Дар ҳамин давра муҳоҷирони қирғизистонӣ 2,7 миллард доллар равон кардаанд. 97 дарсади он аз Русия ворид шудааст.