Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиқ дар гуфтор, таҳдид дар амал. Сиёсати Путин дар Осиёи Марказӣ


Владимир Путин бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Владимир Путин бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ

Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳампаймонҳои камшумори Маскав мемонанд, вале ҳамчунон ҳадафи танқид ва таҳдиди сиёсатгарони Русия ҳастанд. Вазъи ин кишварҳо дар давраи нави президентии Владимир Путин, ки ваъда додааст, муносибатро бо кишварҳои ИДМ дар авлавият мегузорад, чӣ гуна хоҳад буд?

Пас аз як моҳи ҷаласа дар Шӯрои амнияти Русия, ки дар ҷараёни он Владимир Путин гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар авлавияти сиёсати хориҷии Русия қарор хоҳанд гирифт, фишор ба муҳоҷирони кории ин кишварҳо идома ёфт. Сиёсатмадорони Русия аз муносибати хасмонаи худ дар баробари шарикони роҳбурдиашон даст бар намедоранд.

Мавҷи нави ҳамлаҳо пас аз он шиддат ёфт, ки Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия, аз аҳамияти назорат бар муҳоҷирон гуфт ва дастури идомаи амалиётро содир кард. Баъдан созмони "Мемориал" аз шурӯи ҳамлаҳои густурда алайҳи муҳоҷирон хабар дод, ки дар рафти он пулис бо истифода аз барномаи ташхиси чеҳраи "Сфера" дар метро ва маҳалли сукунат хориҷиёнро боздошт мекард.

Боздошти муҳоҷирон дар ҳоле идома дорад, ки сиёсатмадорон ва афроди расонаии Русия ривояти зидди муҳоҷиронро матраҳ мекунанд. Бахусус Петр Толстой, муовини раиси Думаи давлатӣ дар ин иқдом пешсаф аст. Ӯ ба ғайр аз даъват кардан ба тақвияти назорат бар кору зиндагии муҳоҷирон, инчунин муттаҳидони Кремлро таҳдид мекунад.

Ин сиёсатмадор дар мусоҳиба бо "Комсомолская правда" гуфтааст, ки агар Маскав мавзӯи Украинаро “ҷамъбаст” накунад, бо “Қазоқистон, Арманистон ва кишварҳои дигари атрофи Русия” мушкил хоҳад дошт. Дар Қазоқистон ба ин баёния бо хештандорӣ посух дода шуд ва онро назари шахсии намояндаи мардум гуфтанд.

Дар айни ҳол, сиёсати ба ҳам зидди Маскав дар робита бо шарикони худ дар Осиёи Марказӣ суолҳои бештареро дар мавриди чигунагии сиёсатварзӣ дар шароити нави геополитикӣ ба миён меоварад. Замоне ки инзиво дар Ғарб ниёз ба тақвияти равобит бо муттаҳидонро ҳукм мекунад, ба назар мерасад, шароити сиёсати дохилӣ ин равобитро суст мегардонад.

Сиёсати зидду нақиз

“Воқеан, гуфтумони ҳукумати Русия, ба вижа Владимир Путин, аз суханони ҷиноҳи рост ва мансабдорон дар бораи муҳоҷирон ва кишварҳои шарик хеле фарқ дорад. Возеҳ аст, ки роҳбарияти Русия аз тақвияти равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиатдор аст ва сафарҳои Путин ба Тоҷикистон ва Узбекистон гувоҳи ин гуфтаҳост. Ин мантиқист, чунки Маскав шарикони дигар надорад ва интихоби дигарбораи Путин бояд идомаи мантиқии ин сиёсат бошад. Аммо, аз сӯи дигар Маскав наметавонад эҳсосоти фазояндаи миллигароёна ва зидди муҳоҷир дар ҷомеаи Русияро дар назар нагирад ва маҷбур аст бо онҳо бисозад”, - мегӯяд сиёсатшиноси мустақил Азиз Нуруллоев. Ба гуфтаи вай, чунин сиёсат дар шароити манобеи маҳдуд ба равобит бо кишварҳои минтақа таъсири манфӣ мегузорад.

Омори фазоянда

Ҳамкориҳои кишварҳои минтақа бо Русия дар сатҳи хеле болост. Тибқи додаҳои ҷониби Русия дар радабандии соли 2023 кишварҳои Осиёи Марказӣ бештарин муҳоҷири кориро ба Русия фиристодаанд. Дар ҷойи аввал Узбекистон қарор дорад, ки шаҳрвандони он барои касби даромад 2 миллион бор аз марзи Русия убур кардаанд. Баъдан Тоҷикистон (1,2 миллион бор) ва Қирғизистон бо 720 ҳазор муҳоҷир дар ҷойи сеюм қарор гирифтааст.

Гардиши молу колои Русия бо кишварҳои минтақа дар соли 2023 аз марзи 44 миллиард доллар гузаштааст. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи Михаил Галузин, муовини вазири корҳои хориҷии Русия гардиши арзҳои миллӣ бо Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба 80% бо Узбекистон 55% ва Туркманистон ба 24 дарсад расидааст.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси мустақил, мегӯяд, сиёсати муҳоҷирати Русия, бо вуҷуди инки Маскав намехоҳад аз мавозеи худ дар минтақа даст бикашад, тағйир хоҳад кард.

"Онҳо мехоҳанд модели наве бисозанд, ки ба қавли худашон соддатар ва қобили назорат бошад; чизе монанди Арабистони Саудӣ. Мехоҳанд муҳоҷирон бо қарордодҳои собит биёянд ва ҳақ надоранд хонаводаҳои худро биёранд ва пас аз поёни қарордод бимонанд. Ғайр аз ин, мехоҳанд муҳоҷиронро аз заминаҳои фоидаовар барканор кунанд”, - мегӯяд Муллоҷонов.

Ба гуфтаи вай, мақомоти Русия фикр мекунанд, кишварҳои минтақа интихоби дигар надоранд ва ба эҳтимоли зиёд қоидаҳои навро дар ин замина қабул мекунанд.

Минтақа дар авлавият хоҳад буд

Олег Голишников, коршинос аз Узбекистон мегӯяд, паҳнои пасошӯравӣ, ба вижа Осиёи Марказӣ, дар авлавияти сиёсати хориҷии Русия хоҳад монд.

“Дар айни ҳол, фикр намекунам интихоби дигарбораи раиси ҷумҳур дар Русия ба сиёсат дар баробари кишварҳои минтақа асаргузор бошад. Он бар асари омилҳои назаррастар - пеш аз ҳама даргирӣ бо Украина тағйир хоҳад ёфт. Аҳамияти Осиёи Миёна барои Русия хеле чашмрас шудааст, ба вижа дар пасманзари таҳримҳои бесобиқаи Ғарб ва муттаҳидонаш дар баробари Русия. Фикр мекунам дар ояндаи қобили пешбинӣ ин сиёсат тағйир нахоҳад кард”, - мегӯяд Голишников.

Ҳамаи кишварҳои минтақа ба наҳве дар тарҳҳои геополитикӣ ва ё ҳамгироии Русия қарор доранд. Ду кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ҳар панҷ кишвар дар сатҳҳои мухталиф дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, се кишвар узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва чор кишвар ҳам узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мебошанд.

XS
SM
MD
LG