Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати вазорати меҳнати Тоҷикистон аз муҳоҷирон: Муваққатан ба Русия наравед


Акс аз саҳифаи фейсбукии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон
Акс аз саҳифаи фейсбукии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон

Як рӯз баъди сӯҳбати телефонии президентони Тоҷикистон ва Русия дар бораи бӯҳрони идомаёбандаи боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия,  ҳамакнун Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон ҳам аз шаҳрвандон хост, муваққатан  ба Русия сафар накунанд.

27 апрел бо чунин даъвате ба шаҳрвандони Тоҷикистон вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат карда буд.

Ин паёмро кормандони масъули вазорат дар мулоқот бо мусофирон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ироа мекунанд. Дар хабари фейсбукии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 май гуфта шудааст, ки бо супориши вазир Гулнора Ҳасанзода масъулони ин ниҳод ба мусофирони роҳии Русия вазъи бӯҳронии баамаломадаро нисбати муҳоҷирони тоҷик шарҳ медиҳанд.

Вазорат гуфтааст, корҳои фаҳмондадиҳӣ "дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба таври шабонарӯзӣ аз 1 май" ҷараён дорад ва дар ин сӯҳбатҳо ба муҳоҷирони баргаштаву онҳое, ки нияти сафар доранд, дар бораи вазъ дар сарҳад маълумот дода мешавад. Дар хабар омадааст, ки баробар бо шарҳи вазъи кунунӣ ва қонуну талаботи нав аз муҳоҷирон, ба шаҳрвандони Тоҷикистон бори дигар машварат дода мешавад, ки «аз сафар ба қаламрави Русия бе зарурат муваққатан худдорӣ намоянд».

Даъвати худдорӣ аз сафар ба Русия ахиран аз ҷониби ҳукумати Қирғизистон ҳам ба шаҳрвандонаш садо дод. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, дар фурудгоҳҳои гуногуни Русия на камтар аз 4500 муҳоҷир асосан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бедалел боздошт шудаанд.Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон гуфт, чоряки боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва мақомоти Русия бархеро чандин рӯз беасос ва бидуни таъмини шароити оддии маишӣ ва таъмини ғизо дар фурудгоҳ нигоҳ медоранд. Дар давоми чанд рӯз беш аз 600 нафар ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.

Вазъи бӯҳронӣ атрофи муҳоҷирони тоҷик мавриди эътирози мақомоти Тоҷикистон ба мақомоти Русия шуд. Рӯзи 3 май дафтарҳои матбуоти президентони ду кишвар хабар доданд, ки Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо дар сӯҳбати телефонӣ баррасӣ карданд. Кремлин дар эъломияе бозтоби қазияи муҳоҷирони кориро “кӯшиши нерӯҳои муайян” барои “ба таври сунъӣ шиддат бахшидани масъала” номида, гуфтааст, дар ҳамоҳангӣ пеши роҳи онро хоҳанд гирифт. Аз ҳеч нерӯе ном бурда нашудааст.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров тафтишҳои оммавии муҳоҷиронро «чораи зиддитеррористӣ» номид ва гуфт, он зидди миллат ё мазҳабе равона нашудааст ва як паёмади ҳамлаи терроирстӣ ба «Крокус сити ҳолл» мебошад. Бо иттиҳоми иҷрои ҳамлаи 22 март дар Маскав, ки 144 нафарро куштаву садҳо танро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, 12 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Ба дурустии иттиҳоми ин нафарон, ки зери шиканҷа ҷиноятро эътироф кардаанд, нобоварӣ хеле зиёд аст.

Боздошту азияти садҳо муҳоҷири тоҷик ва шаҳрвандони дигар кишварҳои Осиёи Марказиро ҳомиёни ҳуқуқ чун як намунаи дигари сиёсати нажодпарастиву бегонабадбинии Русия интиқод мекунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG