Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ Тоҷикистон ва Русияро вобастаи ҳамдигар кардааст?


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Коршиносон мегӯянд, пуле, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба даст меоранд, на танҳо шиками оилаҳоро сер мекунад, балки як манбаи суботи сиёсӣ барои режими худкомаи Тоҷикистон низ ҳаст. Ин аст, ки мавҷи бегонаситезӣ дар Русия дар пайи ҳамла ба “Крокус Сити”-и Маскав оромиши Душанберо халалдор карда.

“Як роҳи наҷоти ҳукумати худкома”

Ҳатто дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, зуд мефаҳмед, ки ин кишвар ва даҳ миллион аҳолии он чӣ қадар аз муҳоҷирати корӣ дар Русия вобастаанд. Муаллифи ин сатрҳо даҳ сол пеш бо сафари корӣ ба Тоҷикистон рафта буд ва ин вазъро бо чашми худ дид ва дарди дили баъзе аз сокинонро бо гӯши худ шунид.

Ронандаи аввали таксӣ, ки маро барои як мусоҳиба ба қаҳвахона мебурд, марди шастсолаи хуш сарулибос буд. Мегуфт, пас аз тақрибан бист сол кор дар Русия ба хонааш ба Душанбе баргаштааст ва писари хурдияшро бе қарзу қавола соҳиби оила кард. Таксӣ меронад, то бе кор дар хона нанишинад.

Ронандаи дигари таксӣ, ки маро аз қаҳвахона ба ҷойи дигар мерасонд, чанде пеш мактабро хатм карда буд, аммо дар муқоиса ба ҳамсолонаш калонсолтар ба назар мерасид. Ин ҷавони лоғару чашмонаш пӯкида бисёр мехост, ки аз Тоҷикистон равад, ҷое, ки он замон ҳадди маоши миёна ба тақрибан сад доллар мерасид. Мегуфт, як дӯсташ ба ӯ дар атрофи Маскав кор ваъда кардааст.

Муҳоҷирати корӣ аъзои оилаҳоро дар Тоҷикистон гоҳе барои як муддати кӯтоҳ ва баъзан барои солҳо аз ҳам ҷудо мекунад.

Барои низоми авторитарӣ ва фасодзадаи Тоҷикистон, ки ба эҷоди ҷойҳои корӣ дар дохил қодир нест, пули тақрибан ним миллион муҳоҷир дар хориҷа як роҳи наҷот аст. Аммо вақте мардони муҳоҷир ба ватан бармегарданд, на ҷойи кор доранд ва на аз кумаки иҷтимоӣ баҳраваранд.

“Кору зиндагии муҳоҷирон душвор гашт”

Ҳамлаи маргбор ба маҷмааи “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав дар шаби 22-юми марти имсол, ки беш аз 140 кушта барҷой гузошт, мавҷи бегонаситезиро дар Русия тезонд.

Мақомоти Русия то ин дам ёздаҳ шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми даст доштан дар ҳодиса, ки масъулияташро гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пазируфт, дастгиру ҳабс карданд. Баъзеи онҳо бо гӯши буридаву рӯйҳои кабуду сиёҳ ва аробаи маъюбӣ дар додгоҳ ҳозир шуданд.

Мақомоти Русия ин чор шаҳрванди Тоҷикистонро гумонбарони асосӣ ба ҳамла медонанд
Мақомоти Русия ин чор шаҳрванди Тоҷикистонро гумонбарони асосӣ ба ҳамла медонанд

Ҳафтаҳои охир мавридҳои тарсондан, табъиз, боздошт ва саргардонии муҳоҷирон низ дар Русия афзуда, кору зиндагии зодагони Осиёи Марказӣ ва бахусус тоҷикон дар ин кишвар душвор гаштааст.

Ин ҳамла, ки ба номи ДОИШ гиреҳ хӯрдаву пойи шаҳрвандони Тоҷикистон ба он печидааст, метавонад дарвозаҳои дигари ҷаҳонро ба рӯйи зодагони ин кишвари фақири минтақа бибандад.

Туркия дар оғози моҳи апрел гуфт, ки низоми бидуни визаро бо Тоҷикистон аз байн бурд. Тоҷикон аз соли 2018 ҳақ доштанд, ки бе раводид дар Туркия 90 рӯз биистанд. Душанбе гуфт, Анкара қаблан онҳоро дар ин бора огоҳ накарда буд ва дар як тасмими ҷавобӣ сафари бевизаро барои шаҳрвандони Туркия бекор кард. Қарори ду ҷониб аз 20-уми апрел ба иҷро медарояд.

“Ободӣ натиҷаи меҳнати муҳоҷирон аст”

Бо вуҷуди даъватҳои бисёр барои ҷорӣ кардани низоми раводид бо Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир Русия тасмими ҳамсонро баррасӣ надорад. Темур Умаров, корманди Маркази Карнеги дар Берлин, мегӯяд, аз як тараф ҳарду кишвар ҳампаймон ҳастанд ва аз сӯйи дигар Русия ба нерӯйи корӣ сахт эҳтиёҷ дорад.

“Ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон дар масъалаи муҳоҷират вобастагии сохторӣ доранд. Русия хуб медонад, ки муҳоҷират на танҳо ба иқтисод, балки ҳифзи суботи сиёсии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ муҳим аст. Пас аз ҳодисаи “Крокус”, мумкин аст, интиқоли пул аз Русия кам шавад, аммо падидаи муваққатӣ хоҳад буд,” – афзуд ӯ.

Маълум нест, ки дар як моҳи охир ва дар пайи афзоиши бегонаситезӣ дар Русия чӣ қадар аз муҳоҷирони тоҷик ба ватан баргаштаанд. Дар ҳоле ки баъзе аз муштариён дар Русия аз хидмати таксирониҳои тоҷик даст мекашанду маъмурони пулис ва сокинони бумӣ онҳоро мезананд ва азият медиҳанд.

Чанде аз сокинон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳоро аз фурудгоҳи Маскав пас гардондаанд. Муовини вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ рӯзи 30-юми март дар суҳбат бо расонаҳо эътироф кардааст, ки дар бораи бозгашти муҳоҷирон аз Русия “зангҳои бисёр” мерасад.

Вазорат рӯзи 9-уми апрел рӯйхати чанд ширкатро дар Русия нашр кард, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳазорҳо ҷойи корӣ доранд. Ин баёнгари он аст, ки эҳтимол мансабдорони тоҷик аз мавҷи баргаштани муҳоҷирон аз Русия нигарон ҳастанд.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор
Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, дар суҳбат ба бахши “Мигрант Медиа”-и Радиои Озодӣ оқибати фишорро ба муҳоҷирони тоҷик бисёр бад хондааст.

“Аввал ба зиндагии худи муҳоҷирон таъсир дорад. Ҳар кадоме аз онҳо бо нақшаву нияте ба Русия рафтаанд. Яке барои он ки пул ёбаду издивоҷ кунад. Дигаре нақшаи харидани мошину хона дорад ва ё мехоҳад тиҷорат кунад. Ин нақшаҳо барбод мераванд. Ҳамаи он ободие, ки дар кишвар мебинед, натиҷаи меҳнати муҳоҷирон аст. Пас аз баргаштани онҳо сатҳи иқтисоди Тоҷикистон ва зиндгии мардум поин меравад. Мардум гурусна, ки монд маҷбур мешавад, аз як ҷо дуздӣ кунад, то зиндагии оилаашро пеш барад. Мутаассифона, пайомадҳои беҳад бад дар оянда дорад,” – шарҳ додааст ӯ.

Чаро изҳороти Панаистова бозтоб наёфт?

Се ҳафта баъд аз ҳамлаи маргбор дар Маскав президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш ба вилояти Суғд иқрор кард, ки кишвараш бояд шиддати муҳоҷирати кориро кам кунад.

Ӯ рӯзи 11-уми апрел гуфт: “Дар шароити имрӯза мо бояд ҳарчи бештар кор кунем, заҳмат кашем, созем, Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем.”

Маскав, 27-уми марти соли 2024
Маскав, 27-уми марти соли 2024

Муҳоҷирати тоҷикон ба Русия ба сабаби ҷанги дохилӣ хеле пештар аз муҳоҷирати шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистон шуруъ шудааст. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия дар соли 2021 се миллион шаҳрванди Тоҷикистон (баъзеяшон такрорӣ) ба қаламрави ин кишвар даромада, тақрибан 2,4 миллиони онҳо дар ҷустуҷӯйи кор шудаанд.

Тоҷикистон чанд сол боз маълумотро дар бораи пули фиристодаи муҳоҷирон нашру ошкор намекунад. Аммо бо боварӣ метавон гуфт, ки иқтисоди Тоҷикистон ба мисли пешина пойбанди пули муҳоҷирон аст.

Пас аз ҳамлаи маргбор дар канори Маскав як вакили Думаи давлатӣ хоҳони ҷорӣ кардани раводид барои тоҷикон шуд. Николай Патрушев, раиси Шӯрои амнияти Русия, иддао кард, ки сафорати Украина дар Тоҷикистон зархаридонро барои ҷанг ба зидди Русия ҷалб мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин изҳоротро рад намуд.

Рӯзи 10-уми апрел намояндаи идораи ҳолатҳои фавқулодаи Орск Ирина Панаистова барои кумак барои осебдидагони обхезӣ дар ин минтақаи Русия ба ҷомеаи тоҷикон изҳори сипос кард, вале суханони ӯ дар расонаҳои Русия бозтоби зиёд наёфт.

  • Акси 16x9

    Крис Риклтон

    Рӯзноманигор Крис Риклтон дар Алмато зиндагӣ мекунад. Қабл аз шомил шуданаш ба Радиои Озодӣ, раиси Бюрои Осиёи Марказӣ дар хабаргузории "Франс Пресс" буд ва гузоришҳояш мунтазам аз ҷониби нашрияҳои бузурге чун MSN, Euronews, Yahoo News ва The Guardian бознашр мешуданд. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Сент Эндрюс дар Шотландия аст.

XS
SM
MD
LG