Муҳоҷири қирғизистонӣ Аскар Ускенбоевро чанд рӯз пеш аз Русия ронданд. Қабл аз он панҷ рӯз дар боздоштгоҳи “Сахарово” будааст. Мегӯяд, пулис ӯро дар охири моҳи июл дар метро дастгир кард.
“Дарҳол пурсиданд, ки оё давоми сол ҷарима пардохтаам ё не. Гуфтам, "бале, ба “Сбербанк” супурдам”. Ба ин нигоҳ накарда маро бурданд. Маълум мешавад, ки пулҳои пардохтаи ман ба махзани маълумот дохил карда нашудааст. Якуним рӯзро дар идораи пулис гузарондам. Дар он ҷо касе парво надорад, ки дар кадом ҳолат ҳастед, гуруснаед ё сер, солимед ё бемор. Баъд мурофиаи додгоҳӣ шуд ва маро ба “Сахарово” фиристоданд. Додрас ҳатто ба ҳуҷҷатҳои ман нигоҳ накард, қарор баровард, ки маро хориҷ кунанд,” – нақл кард ин муҳоҷири қирғизистонӣ.
Аскар Ускенбоев ҳафт сол пеш ба Маскав рафта, асосан дар сохтмон кор мекард. Мегӯяд, қаблан ҳам маъмурони полиси Русия муҳоҷиронро тафтиш мекарданд, вале ҳеч гоҳ чунин “рейд”-ҳои оммавиро надида буд. Аскар дар “Сахарово” чанд ҳамватанашро дидааст. Ба нақли онҳо, боздоштшудаҳо латукӯб ва барои рафтан ба ҷанги Русия дар Украина маҷбур карда мешаванд.
“Дар “Сахорово” шароит бисёр бад буд. Дар рӯзи аввал дар як утоқ 42 муҳоҷири узбеку тоҷик ва қирғизистонӣ будем. Шаби дароз кондитсионер кор мекард ва мо аз хунукӣ меларзидем. Рӯзи дувум моро даҳнафарӣ ба ҳуҷраҳо тақсим карданд. Мо, ду қирғизистонӣ, ҳашт узбекистонӣ дар як ҷо нигаҳдорӣ мешудем. Дар як шабонарӯз ҳамагӣ ду соат моро ба берун мебароварданд. Ман бо қирғизистониҳои дигар ҳамсуҳбат шудам. Баъзеи онҳо аз 3 то 8 моҳ дар онҷо буданд,” – изофа кард ӯ.
Ускенбоев мегӯяд, дар рӯзҳои дар “Сахорово” буданаш ҳаёти сахттаринеро аз сар гузаронд, ки то он вақт надида буд: “Муносибати бисёр дағал доштанд нисбат ба муҳоҷирон. Вақте корманд ба ҳуҷра даромад, бояд фавран аз ҷо бархоста наҷунбед. Дар ҳама ҷо, ҳатто дар ҳоҷатхона дурбин гузоштаанд. Агар касе хато кард, бо калтак мезананд. Дар се рӯз як бор телефонҳои пешина оварда иҷозати занг задан медиҳанд. Агар шумораи телефони хешовандонро аз ёд донед, занг мезанед, вагарна ҳеч кас дар “Сахарово” будани шуморо намефаҳмад.”
Ин муҳоҷири қирғизистонӣ нақл кард, ки дар рӯзи ихроҷ аз Русия ба дастони онҳо завлона зада, бо автобус ба фурудгоҳ бурдаанд. “Ҳарчанд муҳоҷирон оромона роҳ мераванд ва тартиботро халалдор намекунанд, кормандон таҳқир карда, дод мезананд, дашном медиҳанд, бо калтак мезананд. Дар фурудгоҳ низ моро ҳамчун ҷинояткор дар як саф даст ба китфи ҳамдигар гузоштанд. Маҷбур карданд, ки дар як ҷо се соат рост истем. Агар мабодо шиштан хоҳем, омада мегуфтанд, “калтак хӯрдан мехоҳӣ?” Хеле аламовар аст, ки бо мо ҳамчун террорист ва ҷинояткор муносибат мекарданд,” – афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Аскар, муҳоҷиронро дар “Сахорово” на танҳо мезаданд, балки ғорат намуда, барои рафтан ба ҷанг дар Украина ташвиқ мекарданд: “Ҳар рӯз омада мегуфтанд: “Агар касе ба Украина рафтанӣ шавад, тибқи қарордод ҳар моҳ 364 ҳазор рубл мегирад. Дар як сол зиёда аз 4 миллион. Дар вилояти Маскав қитъаи замин медиҳанд." Шунидам, ки чанде аз бачаҳои қирғиз розӣ шуда, ҳоло дар Украина меҷанганд. Тавре фамидем, аз ҳама бештар тоҷикон ба онҷо мераванд. Вақте шуморо ба “Сахарово” мебаранд, ҳуҷҷату калид, ҳамён ва телефонро мегиранд. Онҳоро ҳангоми ихроҷ дар дохили ҳавопаймо медиҳанд. Пул дар ҳамён ҳаст, вале роҳи дигари ғоратро ёфтаанд. Вақте ба Уш расидем, телефонро рӯшан кардам, дар кортам 110 ҳазор рубли Русия набуд. Ду нафари дигаре, ки ҳамроҳи ман “депорт” шуда буданд, айни гапро гуфтанд.”
Аз ин пештар низ муҳоҷирон аз ҷой доштани шиканҷа ва таҳқир дар “Сахарово” шикоят карда буданд. Ба иттилои Вазорати кору муҳоҷирати Қирғизистон, дар ин марказ феълан 78 шаҳрванди ин кишвар ба сар мебаранд. Панҷ нафари онҳо зан ҳастанд.
Баъзе аз боздоштшудаҳо, тавре Ҷандарбек Айтназаров, намояндаи вазорат дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан шаш моҳ боз дар онҷо нигаҳдорӣ мешаванд. Ин мансабдор рӯзи 25-уми июл ҳангоми боздид аз маркази муҳоҷират бо онҳо мулоқот кардааст.
“Дар мавриди тафтишу боздоштҳо хуб медонед, ки ҳар як кишвар сиёсати муҳоҷиратӣ ва чораҳои амниятии худро дорад. Маълум мешавад, ки дар “Сахарово” шаҳрвандони 53 кишвари ҷаҳон нигаҳ дошта мешаванд. Баъзеҳо шаҳрвандӣ гирифтанд, сокин шуданд ва соҳиби фарзанду набера ҳастанд. Бархе ба артиш мераванд, бархеи дигар ба Қирғизистон фирор мекунанд. Беҳтар мебуд, то ба эътидол омадани вазъ аз рафтан ба Русия худдорӣ мекарданд,” – афзудааст ӯ.
Ба гуфтаи ин мақомодори Қирғизистон, дар соли 2023 тавассути маркази “Сахарово” 1400 шаҳрванди ин кишвар аз Русия ихроҷ шудаанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ин рақам 2800 нафарро ташкил медиҳад.
Дар боздоштгоҳи “Сахарово” дар Маскав, муҳоҷироне нигаҳдорӣ мешаванд, ки барои вайрон кардани қонунгузории будубоши Русия боздошт шуда, мунтазири ихроҷ ба ватан ҳастанд. Намояндагони консулгарии Тоҷикистон дар Русия моҳи июл гуфтанд, ки феълан дар боздоштгоҳи “Сахарово” 136 шаҳрванди кишвар нигоҳдорӣ мешаванд. Дар миёни онҳо занон низ ҳастанд.