Як нашрияи Чин дар матлабе вазъи сармоягузорони ин кишварро дар Тоҷикистон ба кафтароне монанд кардааст, ки ба ҷустуҷӯи дона омада, мавриди шикор қарор мегиранд. Нашрияи South China Morning Post дар матлабе, ки рӯзи 7-уми октябр ба нашр расонд, гуфтааст, аксар сармоягузорони чинӣ пас аз ворид шудан ба Тоҷикистон аз сӯи шарикони тоҷикашон фиреб мехӯранд ва аз тариқи додгоҳҳои ин кишвар наметавонанд аз ҳаққи худ дифоъ кунанд.
- Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз ба ин матлаб вокунише накардааст.
Муаллифи матлаб дар хулоса аз қавли масъулони сафорати Чин дар Тоҷикистон навиштааст, ки “авлавияти Чин дар муносибат бо Тоҷикистон мубориза бо терроризм аст ва, аз ин рӯ, зиёнҳои иқтисодӣ мушкили ҷиддие нестанд”.
Нашрияи South China Morning Post дар оғоз аз Ҳу Фенг – раҳбари анҷумани чиниҳои бурунмарзӣ дар Тоҷикистон – иқтибос овардааст, ки 10 сол боз дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва зани тоҷик дорад.
Фенг дар тасвири вазъи соҳибкорони Чин дар Тоҷикистон ба хабарнигори нашрияи South China Morning Post гуфтааст: “Шумо медонед, ки тоҷикон чӣ гуна кафтарҳоро шикор мекунанд? Онҳо дар як дастархон аввал каме дона мепошанд ва баъдан дар канор бо камон мунтазири туъма мешинанд. Вақте кафтарҳо омаданд, зуд аз масофаи кӯтоҳ шикор мешаванд. Ин вазъиятест, ки соҳибкорони чинӣ бо он дар Тоҷикистон дучор мешаванд.”
Дар идома нашрия аз чанд соҳибкори чинӣ мисол овардааст, ки пас аз сармоягузорӣ дар кишвар гӯё фиреб хӯрдаанд. Ба навиштаи нашрия, яке аз чунин сармоягузорон Ҷӯ Байлини 53-сола будааст, ки барои сохтмони корхонаи тавлиди сементи “Тоҷ-Чайна” дар шаҳри Ваҳдат 25 миллион доллар сармоягузорӣ карда, 60 дарсади саҳмияи ин корхонаро дар ихтиёр доштааст. Аммо нашрия менависад, баъди ба кор даромадани ин корхона коршарики Ҷу Байлин онро гирифтааст.
Байлин дар суҳбат ба хабарнигори нашрия иддао кардааст, ки моҳи сентябри соли гузашта мақомоти тоҷик аз саҳомони чинӣ талаб кардаанд, то ба шартҳои саҳомони тоҷик ризо шаванд. Байлин дар ниҳоят ба иҷораи корхонааш бо нархи 454 ҳазор доллар ризо шудааст, вале гуфтааст, коршарикони тоҷик ҳамагӣ сеяки ин маблағро ба ӯ мефиристанд.
Oнҳо дар як дастархон аввал каме дона пошида, баъдан дар канор бо камон мунтазири туъма мешинанд. Вақте кафтарҳо омаданд, зуд аз масофаи кӯтоҳ шикор мешаванд. Ин вазъиятест, ки соҳибкорони чинӣ бо он дар Тоҷикистон дучор мешаванд
Ин соҳибкори чинӣ мегӯяд, агар ба додгоҳ шикоят кунад, коршарикаш ҳамин пулро ҳам дигар ба ӯ намефиристад. Нашрия дар идома аз сухангӯи ин корхонаи семент – Муҳаммадӣ Қодиров ҳам иқтибос мекунад, ки иддаои Байлинро рад карда, гуфтааст, “ӯ ба корхона таҷҳизоти кӯҳна ва пурхарҷеро ворид кард. Кори корхонаро камсамар намуда, атрофро бисёр олуда мекунад”.
Нашрия дар идома аз чанд соҳибкори дигаре низ мисол меорад, ки дар Тоҷикистон гӯё ба нокомӣ рӯбарӯ шудаанд. Аз ҷумла, Келим Абдурейим, соҳибкори чинӣ, гуфтааст, як кони флюлоитро аз молики қаблиаш, ки шаҳрванди Русия буд, харида, то он 18 километр роҳ ва 1 километр туннел сохт, аммо мақомот ин конро мусодира кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, мақомот гуфтаанд, дар замони хусусозии ин кон дар соли 2005 аз ҷониби сармоягузори рус иштибоҳ ҷой дошт.
Муаллифи ин матлаб дар хулоса аз қавли масъулони сафорати Чин дар Тоҷикистон навиштааст, ки “мубориза бо терроризм дар авлавияти ҳамкории Чин бо Тоҷикистон қарор дорад ва, аз ин рӯ, зиёнҳои иқтисодӣ мушкили ҷиддие нестанд”.
То ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи шикоятҳои баъзе сармоягузорони чинӣ дар кишвар ҳарфе нагуфтаанд. Вале қаблан вакили дифои Ин Сюандэ, шаҳрванди Чин ва мудири ширкати “Сад Дарё”, иддао дошт, ки мақомоти Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон ӯро бидуни асос боздошт кардаанд. Аммо мақомот гуфтанд, ӯ барои пешниҳоди беш аз 3 миллион сомонӣ ришват барои рӯйпӯш кардани камбудҳояш муттаҳам аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чин баъд аз Русия дувумин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст. Беш аз 27 дарсади воридоти Тоҷикистон аз Чин аст. Мизони гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2016 – 885 миллион долларро ташкил дода, дар муқоис аба соли 2015 11 дарсад бештар аст.
Бонки Авроосиёии Рушд пешгӯӣ кардааст, ки сармоягузориҳои Чин дар се соли оянда ягона манбаи рушди иқтисоди Тоҷикистон хоҳад буд. Мақомоти тоҷик умед доранд, ки то соли 2020 мизони сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди кишвар 3 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Бо ишора ба ин бархе аз таҳлилгарони тоҷик гуфтанд, баъид аст, ки бо ин умед мақомот сармоягузорони кишвари ҳамсояро биранҷонанд.