Тоҷирони Тоҷикистону Узбакистон дар як нишаст дар Душанбе даҳ санади ҳамкорӣ имзо карданд. Мақомот рӯзи 20 апрел гуфтанд, ки аксари санадҳо марбут ба корхонаи “Узавтосаноат” буда, “ҳамкории дуҷонибаи истеҳсолӣ миёни ширкатҳои Тоҷикистону Узбакистонро фароҳам хоҳад кард.” Дар ин нишаст, ки рӯзи 19 апрел шурӯъ шуд, тақрибан 500 нафар аз соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва Узбакистон ҳузур доштанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Аз оғози нишаст эҳсос мешуд, ки зарфиятҳои иқтисодии Узбакистон барои пешниҳоди ҳамкорӣ бештар аст, аммо ҷониби Тоҷикистон низ талош кард, ки аз ҳамсояҳои худ ақиб намонад. Тарафи Тоҷикистон бештар бар сари соҳаи нассоҷӣ, нерӯи барқ ва захирҳои маъданиаш тамаркуз кард, ки метавонад дар бозори Узбакистон харидор пайдо кунад.
Мо мехоҳем, ки масъулони ширкатҳои тоҷикистониро ба Узбакистон даъват карда, табодули таҷриба кунем.Расул Содиқов
Акмал Ҳомидов, раҳбари ширкати “Амирӣ”-и Тоҷикистон, як ширкати қаннодии маъруф дар кишвар рӯзи 19 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, соли ҷорӣ ин ширкат пойгоҳи истеҳсолии худро мустаҳкам кунад ва аз истеҳсолоти бештар бархӯрдор шавад.
Ӯ гуфт, "феълан корхонаи мо солона то 12 ҳазор тонна ширинӣ ва маҳсулоти қаннодӣ тавлид мекунад. Баъд аз фаъол кардани коргоҳи нав мо метавонем тавлидоти худро 10 баробар бештар кунем. Дар ин ҳолат мо содиротро на танҳо ба кишварҳои минтақа, назири Узбакистон ва Қазоқистон бештар мекунем, балки содиротро ба Чину Афғонистон ва Покистону Русия низ роҳандозӣ хоҳем кард."
Нишасти муштараки бозаргонони Тоҷикистону Узбакистон дар рӯзҳое баргузор шуд, ки дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбакистон идома дорад ва дар он беш аз якуним ҳазор номгӯи маҳсулоти сохти корхонаҳои кишвари ҳамсоя ба намоиш ва фурӯш гузошта шудааст. Расул Содиқов, мушовири раиси Анҷумани корхонаҳои нассоҷии Узбакистон, мегӯяд, ки тавлидоти корхонаҳои узбакистонӣ дар кишварҳои мухталиф харидори зиёд дорад ва мехоҳанд, ки онро ба бозори Тоҷикистон низ ворид кунанд.
Содиқов гуфт, "медонем, ки дар Тоҷикистон низ корхонаҳои бузург ва миёнаи нассоҷӣ вуҷуд доранд. Мо мехоҳем масъулони ширкатҳои тоҷикистониро ба Узбакистон даъват карда, табодули таҷриба кунем. Корхонаҳои мо ба беш аз 60 кишвари ҷаҳон либос аз матои пахтагӣ ва ҷӯробу костюм ва ҳатто палто содир мекунанд. Омодаем, ин маҳсулотро низ вориди бозори Тоҷикистон кунем.»
Узбакистон ва Тоҷикистон ҳоло як марҳилаи гармии равобитро таҷруба мекунанд, ки баъд аз танаффуси 25-сола фаро расидааст.
Константин Ким, муовини мудири корхонаи “Андиҷонкабел” гуфт, ки ширкаташ бо Тоҷикистон таҷрубаи ҳамкорӣ дорад ва ҳоло бо фароҳам шудани имконоти бештар мехоҳад, ин ҳамкориро тақвият диҳад. "Умедворем, ки дар чаҳорчӯби нишасти имрӯза роҳҳои нави ҳамкорӣ бо шарикони тоҷики худро пайдо кунем. Мо аз қабл дар бозори Тоҷикистон ҳузур доштем. Ба унвони мисол, корхонаи “Тоҷиктелеком” бо ноқилҳои сохти корхонаи мо муҷаҳҳаз шудааст. Медонем, ки дар Тоҷикистон низ корхонаи тавлиди кабел фаъол аст ва мехоҳем бо ин ширкат ҳамкории бештар дошта бошем. Мо аз Тоҷикистон барои тавлиди кабели худ ашё низ мегирем", - афзуд ӯ.
Узбакистон ва Тоҷикистон ҳоло як марҳилаи гармии равобитро таҷруба мекунанд, ки баъд аз танаффуси 25-сола фаро расидааст. Дар муддати кӯтоҳи баъди оғози фаъолияти раиси ҷумҳури ҷадиди ин кишвар дар моҳи декабри соли 2016, ҳарду кишвар борҳо дар сатҳҳои мухталиф мулоқот карда ва хоҳишмандии худро барои ба роҳ мондани як ҳамсоягии хуб ба намоиш гузоштанд. Ахиран парвози ҳавопаймо дар масири Тошканд – Душнабе имконпазир шуд, ки бо таъхири 25-сола амалӣ гардид.