Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия пойгоҳҳояшро дар Тоҷикистону Қирғизистон тақвият медиҳад


Акси Сергей Шойгу аз бойгонӣ
Акси Сергей Шойгу аз бойгонӣ

Сергей Шойгу – вазири дифои Русия – гуфт, ки Маскав барои мубориза бо хатарҳои афзояндаи террористӣ аз сӯйи Афғонистон пойгоҳҳои низомиашро дар Тоҷикистону Қирғизистон бо силоҳҳои замонавӣ тақвият медиҳад. Шойгу рӯзи 7-уми июн дар ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар пойтахти Қазоқистон дар ин бора хабар дод. Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, низ дар ин ҷаласа иштирок дорад.

Сергей Шойгу бо таъкид ба инки вазъи амниятии Афғонистон дар ин вақтҳои охир "бадтар" шудааст, аз амалиёти Эътилофи байналмилалӣ дар ин кишвар интиқод кард ва гуфт, "ин тадбирҳо натавонист вазъи Афғонистонро оромтар кунад".

Сергей Шойгу гуфт, "Вазорати дифои Русия ба хотири муқобила бо хатарҳои афзояндаи террористӣ аз Афғонистон ба қаламрави Осиёи Марказӣ тадбирҳо меандешад. Бо ин ҳадаф пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистон бо силоҳу муҳимоти замонавии низомӣ мусаллаҳ мешавад". Илова ба ин, вазири дифои Русия гуфт, ба нирӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими тавонмандиҳои низомиашон кумакҳо ироа мешавад.

Дар изҳороти худ Сергей Шойгу гуфт, моҳи марти имсол дар Тоҷикистон тамринҳои ситоди зиддитеррористӣ бо иштироки сохторҳои қудратии ин кишвар баргузор шуд. Вай гуфт, моҳи сентябр айни чунин тамринҳои зиддитеррористӣ бо иштироки контингенти низомии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ҳам дар назар гирифта шудааст.

Ӯ, инчунин, аз машқҳои муштараки ахир дар Тоҷикистон таҳти унвони “Душанбе-Зиддитеррор-2017” ёдовар шуд, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон баргузор гардид. Ба гуфтаи ӯ, дар ин машқҳо роҳҳои маҳви гурӯҳҳои ҷиноӣ, методҳои ҷосусии ҳавоӣ ва тақвияти объектҳои муҳими дигар ҳам санҷида шуд.

Сергей Шойгу бо таъкид ба инки вазъи амниятии Афғонистон вақтҳои охир "бадтар" шудааст, аз амалиёти Эътилофи байналмилалӣ дар ин кишвар интиқод кард ва гуфт, "ин тадбирҳо натавонист вазъи Афғонистонро ором кунад". Шойгу гуфт, ки шумори ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Афғонистон то 3,5 ҳазор нафар мерасад ва "стратегияи эҷоди хилофати исломии ин созмон на танҳо ба Афғонистон, балки ба кишварҳои ҳаммарзи он ҳам хатар дорад."

Изҳороти Шойгу як ҳафта баъд аз анҷоми машқҳои зиддитеррористии "Душанбе-Зиддитеррор-2017" садо дод, ки дар ҷараёни он барои нахустин бор дар хоки Тоҷикистон маҷмааи мушакии “Искандар-М” партоб шуд. Ҳадафи ин мушак ситод ва таҷаммӯи “террористони шартӣ” дар қаламрави тамрингоҳи “Ҳарбмайдон” (ноҳияи Қубодиён, 15-километрии марзи Афғонистон) дар масофаи 140 километр аз машқгоҳи Лоҳур (ноҳияи Рӯдакӣ) унвон шуд.

Маҷмааи “Искандар-М” қабл аз оғози тамринҳои зиддитеррористӣ аз минтақаи Оренбурги Русия ба Тоҷикистон бо ҳавопаймои бузурги борбари “Руслан” интиқол дода шуд. Маҷмааи мушакии "Искандар-М" аз навтарин навъи силоҳи Русия дониста мешавад, ки бо мушакҳои болдор (баллистикӣ) ва мушакҳои аэробаллистикӣ, муҷаҳҳаз мебошанд. Ин мушакҳо метавонанд ҳадафҳоро дар масофаи то 500 километр маҳв кунанд.

Мақомот дар Тоҷикистон ҳам ба вуҷуди нигарониҳо аз эҳтимоли бад шудани вазъи амниятӣ дар марз бо Афғонистон андеша мекунанд. Аз ҷумла, Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 31-уми май дар поёни нишасти раҳбарони хадамоти амнияти кишварҳои ИДМ дар Душанбе Тоҷикистонро дар муқобили чунин хатарҳо «як кишвари буферӣ" номид, ки дар хати аввали таҳдидҳои террористӣ қарор дорад.

Айни замон, ба андешаи бархе таҳлилгарон, дар баробари ҷиддӣ будани хатарҳои террористӣ дар ин қаламрав, дар тасмимҳои тақвиятбахшии тавонмандиҳои низомии Русия дар хоки Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ОМ, ҳадафҳои сиёсӣ низ пинҳон аст.

Аз ҷумла, Брюс Паннир, шореҳи сиёсии Радиои Озодӣ озмоиши мушаки “Искандар-М”-ро дар хоки Тоҷикистон «аз як сӯ таҳдид ба ҷангҷӯён аст, аммо аз тарафи дигар намоиши қудрати Русия дар Осиёи Марказӣ» номид. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, Русия бо ин амалаш намоиш дод, ки «ҳар лаҳза метавонад нирӯву техникаҳои ба ин ҳад қавиро ба Тоҷикистон биёрад». Ба андешаи ин таҳлилгар, ин як паёми ҷиддӣ ба рақибони дигари минтақавии Русия, аз ҷумла Чину Амрикост, то бидонанд, ки дар минтақа қудрати асосӣ аст.

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой соли 2001 бо узвияти Қазоқистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон таъсис шуд. Дар ин созмон кишварҳои мисли Афғонистон, Беларус, Ҳинд, Эрон, Муғулистон ва Покистон нақши нозирро доранд.

Рӯзҳои 8 ва 9 июн қарор аст дар Остона ҳамоиши раҳбарони кишварони СҲШ бо иштироки президентони кишварҳои узв баргузор шавад. Яке аз масоили эҳтимолии мавриди баррасии ин нишаст - ба узвияти созмон пазируфтани Ҳинду Покистон ва Эрон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG