Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Як дар бастӣ, як дар боз кун”. Маҳдудиятҳо Тоҷикистонро куҷо мебарад?


Дари муҳрзадаи яке аз марказҳои компютерӣ дар Душанбе
Дари муҳрзадаи яке аз марказҳои компютерӣ дар Душанбе

Чанд сол пеш дар масҷиду марказҳои компютерӣ дар Тоҷикистон теъдоди зиёди ноболиғонро дидан мумкин буд, ки машғули ибодат ва бозӣ буданд. Ё як сокини Тоҷикистон метавонист, ба маъракаи хурсандӣ ваё мотамаш даҳҳо хешутабор, ҳамсоя ва ҳамдеҳагонро даъват карда, барои онҳо ошу нон бидиҳад. Дар куҷо ва дар чӣ шакл гузаштани рӯзи таваллуд низ касеро парешон намекард. Аммо дар даҳ соли гузашта мақомот чандин қарору қонунеро қабул карданд, ки ҳар қадами сокинонро таҳти назорат дорад ва дар сурати берун рафтан аз ин чаҳорчӯба ҷарима интизор аст.

Маҳдудиятҳои иҷтимоие, ки мо дорем, мисли нарафтани кӯдакон ба масҷид, аллакай таъсири худро расонд ва сатҳи пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундравро коҳиш дод.
Сайфулло Сафаров

Сиёвуш чӣ кор кунад?

Сиёвуш Абдуллоев, сокини 35-солаи шаҳри Душанбе, интизор дошт, ки ҳамроҳи модараш ба зиёрати Каъба ба Арабистони Саудӣ меравад. То як соли пеш дар Тоҷикистон барои афроди аз 35-сола боло иҷозаи рафтан ба Ҳаҷ буд, аммо бо як қарори дигари ҳукумат ин син то 40-солагӣ боло бурда шудааст.

Сиёвуш мегӯяд, ӯ чандон одами мазҳабӣ нест, аммо мехост, ягона орзуи модарашро бароварда созад, ки солҳо барои ба Ҳаҷ рафтан пасандоз ҷамъ кардааст. Падару бародар надорад ва танҳо аз нигоҳи динӣ ӯ метавонад, ки модарашро ба ҳаҷ барад. Модараш 74 сол дорад ва то чиҳилсолагии Сиёвуш 80-сола мешавад.

Соли гузашта низ қонун дар бораи манъи никоҳи хешутаборӣ издивоҷи ӯ бо духтари амакашро ба ҳам зад. Даромади ӯ, аз ҳисоби “Маркази бозиҳои компютерӣ” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд, ки пас аз манъи рафтани ноболиғон ба чунин марказҳо муштариёнаш кам шуд ва бинобар бар зарар кор кардан худаш онро баст. Мошини шахсиашро гоҳ-гоҳ ба истилоҳ ҳамчун таксии “се сомонӣ” истифода мекард, ки ин ҳам ҳоло бо қарори шаҳрдории Душанбе манъ шудааст.

«Ҳар чизе, ки ҳукумат мебарорад, бояд риоя кунем. Лекин ҳозир фикр мекунам, ки бояд ягон роҳи дигар барои зиндагӣ кардан пайдо кард. Барои бисёриҳо ҳамин қонунҳо рост аст, лекин ба бисёриҳо рост намоеяд», - гуфт ӯ.

Ин ҷавон мегӯяд, зоҳиран Тоҷикистон ба як марҳилаи дигаре ворид шудааст, ки барои кору зиндагӣ дар ин муҳит аз нав бояд мутобиқ шуд.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров: “Чину Русия аз мо пайравӣ мекунанд”

Дар ду соли ахир даҳҳо маҳдудият дар Тоҷикистон ҷорӣ шуд. Қонун дар бораи манъи никоҳи хешутаборӣ қабул шуд, рафтани наврасону ноболиғон ба масҷиду марказҳои интернетӣ манъ гашт, доштани душаҳрвандӣ барои мақомдорон, доштани беш аз ду симкорт аз як ширкати мобилӣ ғайриқонунӣ эълон гашт. Дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар Тоҷикистон маҳдуд аст ва бар асоси қонуне, ки соли гузашта қабул шуд, мақомот дар ҳолатҳои зарурӣ ҳаққи масдуд кардани интернетро доранд.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қарору қонунҳо маҳдуд кардан нест, балки ба низом даровардани паҳлӯҳои бенизоми зиндагии сокинон аст. Ӯ аз низоми қонунгузорӣ тавсиф карда, Тоҷикистонро дар ин масъала аз кишварҳои пешсаф дар Осиёи Марказӣ донист. Ба қавли Сафаров, тоза Қирғизистону Қазоқистон ва Чину Русия қонунҳоеро мехоҳанд қабул кунанд, ки «мо солҳо пеш қабул карда будем».

Ҳокимияти болоӣ талош дорад, ки сокинонро пурра тобеи худ намояд.
Хурсанд Хуррамов

Ӯ қонуни танзими расму оинҳоро намунаи ин кор донист, ки ҳоло кишварҳои дигар мехоҳанд, онро қабул кунанд. Сайфулло Сафаров афзуд, “инҳо қонунҳои миллии мо мебошанд. Маҳдудиятҳои иҷтимоие, ки мо дорем, мисли нарафтани кӯдакон ба масҷид, аллакай таъсири худро расонд ва сатҳи пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундравро коҳиш дод. Ин бисёр кори дуруст буд. Қонун карахтшуда нест ва он такмилу таҷдид мешавад.”

“Як дарро бастӣ, як дари дигар боз кун”

Шеваи кори мақомотро аксари коршиносон кӯҳнашуда медонанд, ки мехоҳад бисёре аз мушкилотро бо роҳи мамнӯъ хондан ҳал кунад. Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик, гуфт, дар мақомоти маҳаллӣ ихтисосмандоне намерасанд, ки бо сокинон сари мушкиле забон ёбанд ва онҳоро аз тариқи гуфтугӯ ба анҷоми коре ташвиқ кунанд.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, дар аксар маврид мақомот танҳо бо маҳдуд кардан қаноат карда, роҳҳои дигареро ба шаҳрвандон пешниҳод намекунанд. «Аз ин рӯ аксаран зоҳири одамон бо роҳи зӯр тағйир меёбад, аммо андешаҳо бетағйир мемонад. Агар мо рафтани ноболиғонро ба интернет-кафеҳо ё масҷид маҳдуд мекунем, пас, ин нишондиҳанда аз он аст, ки мо наметавонем, онҳоро як идеяи дигар ё ба шуғли дигар банд кунем. Мо наметавонем ба онҳо аз тариқи сиёсати худ фаҳмонда диҳем, ки рафтан ба марказҳои дилхушӣ ба шумо зиён дорад. Ҳар коре, ки бо роҳи зӯр, бо истифода аз монеасозӣ сурат мегирад, ин натиҷа намедиҳад. Ин аз набудани Стратегияи мушаххаси кишвар, ки бояд ба куҷо биравем ва ба чӣ бирасем хабар медиҳад», - гуфт Қодиров.

“Ҳама чиз барои давлат”

Ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии сокинон ҳоло танҳо хоси Тоҷикистон нест. Ба гуфтаи коршиносон, айни чунин маҳдудиятҳо дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ ба назар мерасад. Хурсанд Хуррамов, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ҳамаи ин маҳдудиятҳо барои дахолат ба ҳаёти шахсии сокинон равона шудааст.

Хурсанд Хуррамов
Хурсанд Хуррамов

Ӯ гуфт, “ҳоло дар кишваҳои пасошӯравӣ дар баробари Тоҷикистон, аз ин гуна таҷриба Қазоқистон ва Қирғизистон истифода мебаранд. Ин ба он маъност, ки ҳокимияти болоӣ талош дорад, сокинонро пурра тобеи худ намояд. Тоҷикистон худро кишвари демократӣ унвон мекунад, вале ҳамаи ин амалҳо муғойир ба он принсипҳои либералие ҳастанд, ки асоси демократия мебошанд. Зиндагии мардум комилан аз сӯи ҳукумат назорат шуда, бидуни ризоияти “боло” ҳеҷ кас коре намекунад. Шахс ба ҷузъе аз низоми мавҷуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил меёбад”.

Созмонҳои байналмилалӣ низ пайваста аз маҳдуд шудани озодиҳои сокинон дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар гузориши ахири худ, ки аввали моҳи апрели имсол бо номи "Давлатҳои дар ҳоли гузариш-2017» нашр кард, аз вазъи рӯ ба поини демократия дар Тоҷикистон интиқод намуда, низоми ҳоким дар кишварро «худкома» хондааст.

XS
SM
MD
LG