Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Марко Поло ба Чин меравад, қутос бе ғизо мемонад”


Ин аксро Латифи Латифӣ дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт
Ин аксро Латифи Латифӣ дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт

Дар ноҳияи Мурғоб бо ҳифзи гиёҳи терескен мехоҳанд, аз биёбоншавӣ, фирори гӯсфандҳои Марко Поло ба Чин ва афзоиши шумори қутосҳо ҷилавгирӣ кунанд. Ҳудуди Мурғоб, ки наздик ба 30 дарсади масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳад, дар пайи нобуд шудани терескен заминҳояш ба биёбон табдил меёбад.

Мардум пул надорад, барқ надорад. Ангишт харида наметавонад ва ба ҷои он терескен ҷамъоварӣ мекунад.

Терескен гиёҳест, ки то ним метр баландӣ дорад ва ба гуфтаи пажӯҳишгарон ғизои аслии қутос ва гӯсфанди Марко Поло дар Мурғоб ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ин гиёҳро низ ба мисли гӯсфанди Марко Поло нодир медонанд. Терескен танҳо дар Мурғоб ва баландкӯҳҳои Чину Афғонистон мерӯяд. Дар Мурғоб дарахт ва дигар навъи гиёҳ хеле кам месабзад, аз ин рӯ, сокинон ин гиёҳи нодирро барои гарм шудан ва ғизо пӯхтан решакан мекунанд.

Ҳукумати ноҳияи Мурғоб қарори вижае барои ҳифзи ин гиёҳ содир кардааст. Рӯзи 3-юми август дар ҳукумати ноҳияи Мурғоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бар асоси ин қарор ҳукумат вазифадор шудааст, ки сокинонро бо ангишти арзон таъмин кунад, то онҳо аз решакан кардани ин гиёҳи нодир худдорӣ намоянд.

Ноҳияи Мурғоб. Ин аксро Латифи Латифӣ дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт.
Ноҳияи Мурғоб. Ин аксро Латифи Латифӣ дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт.

Қурбонбой Раҳимҷонов, як масъули ҳукумати Мурғоб ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси ин қарор аз буҷет пул ҷудо шуда, аз Қирғизистон барои сокинон ангишт меоранд. Ӯ гуфт, ки ҳоло даҳҳо гектар замин аз терескен холӣ шудааст, ки паёмадҳои он ҷиддист. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи ӯ, мардум ба ҷуз терескен дигар навъи сӯзишворӣ надоранд.

«Барои ҳамин ҳукумат ба хулосае омад, ки мардумро ба сӯзишвории алтернативӣ таъмин кунад, то гиёҳи терескенро решакан накунанд. Нест кардани терескен паёмадҳои ҷиддӣ дорад. Қутоспарварӣ кам мешавад, Марко Поло хӯрок намеёбад. Марко Поло набошад, шикорчиёни хориҷӣ ҳам ба Мурғоб намеоянд ва ба буҷет пул нмесупоранд», - афзуд ӯ.

Мурғоб баландтарин нуқтаи аҳолинишин дар Тоҷикистон аст, ки беш аз 16 ҳазор аҳолӣ дорад.

Ҳоло сокинон барои худ гиёҳи терескенро ҷамъоварӣ мекунанд ва ҳамчунин дар бозори маҳаллӣ ба сокиноне, ки имкони ҷамъоварӣ надоранд, мефурӯшанд. Дар ҳаҷми як мошини боркаш гиёҳи хушки терескен то 1000 сомонӣ арзиш дорад. Абдувалӣ Исобеков, як сокини Мурғоб мегӯяд, тоҷирон то ҳол ангишт ворид мекунанд, вале он хеле гарон аст. Як тонна ангишт дар ин ноҳия беш аз 800 сомонӣ ҳаст, ки ба гуфтаи сокинон хушсӯз нест.

Исобеков гуфт, “мардум пул надорад, барқ надорад. Ангишт харида наметавонад ва ба ҷои он терескен ҷамъоварӣ мекунад. Зиндагии мардум чандон хуб нест. Агар ангишт ҳам харад, онро бо терескен оташ мегиронад. Барои ҳамин, пеши роҳи ҷамъоварии терескенро гирифтан хеле мушкил аст”.

Алихон Латифӣ
Алихон Латифӣ

Алихон Латифӣ, табиатшиноси тоҷик мегӯяд, қарори ҳукумати Мурғоб хеле муҳим аст, чун дар пайи ҷамъоварии терескен садҳо гектар замин биёбон шудааст. Ӯ гуфт, барои сабзонидани як гиёҳи терескен 15 сол вақт зарур аст, вале сокинон онро бо реша мекананд, ки дигар имкони сабзиш надорад. «Ин гиёҳ хеле дер месабзад. Ҳар ҷое, ки ин гиёҳ нобуд мешавад, дигар гиёҳҳо низ хушк мегарданд ва замин биёбон мегардад. Ҳоло ҳам вақт аст, ки аз нобуд шудани ин гиёҳ ҷилавгирӣ кард. 10-15 сол зарур аст, ки онҷо боз дубора аз ин гиёҳ пур шавад», - гуфт ӯ.

Сокинон мегӯянд, дар замони Шӯравӣ бо ҳезум, гази моеъ ва ангишти ройгон таъмин буданд ва касе терескенро решакан намекард. Дар як сӯҳбат Абдулназар Абдулназаров, мудири собиқи Боғи миллии Бадахшон, ки дар мавриди гӯсфанди Марко Поло пажӯҳиш мебарад, гуфт, дар сурати нобуд шудани ғизо эҳтимол ин навъи гӯсфанди нодир Чинро макони ҳамешагии зист интихоб кунад.

Дар мо ҳоло ҳам терескенро месӯзонанд ва ҳам бинобар боронгариҳои кам дар чанд соли ахир хушкшавии майдонҳояш мушоҳида мешавад.

Ӯ мегӯяд, “дар Чин ҳам аз ҳисоби ғизо ва ҳам амният Марко Поло роҳаттар аст. Дар минтақае, ки Марко Поло ба Чин меравад, аҳолиаш кам аст ва шикор ҳам мамнуъ аст. Дар мо ҳоло ҳам терескенро месӯзонанд ва ҳам бинобар боронгариҳои кам дар чанд соли ахир хушкшавии майдонҳояш мушоҳида мешавад. Агар ҳамин вазъ идома кунад, эҳтимол шумораи зиёди Марко Поло Чинро макони хуб барои зиндагиаш интихоб кунад.”

Мурғоб баландтарин нуқтаи аҳолинишин дар Тоҷикистон аст, ки беш аз 16 ҳазор аҳолӣ дорад. Иқлими онҷо сард аст ва ба назар мерасад, сокинони он бештар дар фикри рӯзгузаронии худанд, аз онки дар бораи ғизои Марко Поло фикр кунанд. Онҳо мегӯянд, гиёҳи терескен дар Помир ягона буттаест, ки хонаву оташдони онҳоро гарм нигоҳ медорад.

XS
SM
MD
LG