180 млн $ сармояи Чин барои истихроҷи тиллои "Покруд"

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон бо ширкати чинии «Крисо Ресурсиз Лимитед» ва ширкати «Покруд» барои ҷалби сармоя дар ҳаҷми 180 миллион доллар барои иктишоф ва истихроҷи кони тилло дар кони “Покруд” созишнома имзо кардаанд. Қарор аст ҳама тиллои истихроҷшуда дар ин кон аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон харидорӣ шавад.

Созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи иктишоф ва истихроҷи кони тиллои “Покруд”-ро Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва Юй Чжунчин ва Лӣ Ююй, намояндаҳои ширкати “Крисо Ресурсиз Лимитед” ва ширкати “Покруд”, имзо кардаанд.

Ширкати “Покруд”-ро моҳи июни соли 2016 бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомаль Раҳмон ба истифода доданд ва дар он бештар аз 900 нафар кор мекунад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ мегӯяд, ки бо истифода аз сармояи хориҷӣ дар марҳилаҳои ибтидоии фаъолияти ин корхона солона то 600 ҳазор тонна маъдан коркард хоҳад шуд. Ҳамзамон бо истифода аз ин маблағ инфрасохтори атрофи ин корхона бозсозӣ карда мешавад. Кони "Покруд" дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат дар 112 километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон воқеъ аст ва тибқи пешбинии геологҳои тоҷик, захираи ин кон тақрибан 136 тонна тилло иборат мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои истихроҷ ва коркарди маодини ин кон ба ширкати “Покруд” то соли 2030 муҷаввиз додааст. Гуфта мешавад, ки дар чаҳор соли аввал дар ин кон истихроҷи ҳамасолаи беша аз 2,5 тонна тилло вуҷуд дорад ва арзиши як унсия ё 28,3 грамм тилло дар ин кон муодили 400 доллар хоҳад буд. Ин миқдор сармояи воридшуда дар 14 соли оянда бозпас гирифта мешавад.

Ширкати “Покруд”-ро моҳи июни соли 2016 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд ва дар он бештар аз 900 нафар кор мекунад. "Покруд" ягона ширкати истихроҷи тилло дар Тоҷикистон аст, ки ҳамаи саҳмияҳояш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин тааллуқ дорад.

Истихроҷи тилло барои иқтисоди Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва қисми зиёди тиллои ҳосилшударо барои зиёд кардани захираи тиллову асъори кишвар мехаранд. Бино ба гуфтаи мутахассисон, дар Тоҷикистон 15 майдони мушаххасшудаи тилло вуҷуд дорад ва дар онҳо ҳудуди 400 тонна тилло нуҳуфтааст.

Дар чанд соли ахир Чин ба яке аз кишварҳои асосии сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон табдил шуда, ҷойгоҳи Русия дар ин мақомро танг кардааст. Дар тӯли даҳсолаи ахир Чин дар бунёди роҳҳо ва туннелҳои стратегӣ, ки ҳадаф берун шудан аз бунбасти иртиботӣ аст, ба Тоҷикистон кӯмак кард ва дар пойтахт ду маркази гармидиҳӣ низ сохт.

Бахтиёр Шарифов.

Бахтиёр Шарипов, сардори Раёсати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қимматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон 12 апрел дар бораи аҳамияти сармоягузориҳои Чин ба кишвараш гуфт, "сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус ба арсаи коркарди маъданҳои қимматнок пураҳамият аст. Зеро, тибқи қонунгузорӣ тамоми фузулоти нодири истихроҷшуда дар конҳои Тоҷикистонро танҳо Бонки миллии кишвар метавонад харидорӣ кунад. Гузашта аз ин, дар кони "Покруд" ҳаҷми умумии истихроҷи тилло барои сармоягузорони чинӣ муайян карда шудааст ва онҳо наметавонанд бештар аз миқдори зикршуда тилло истихроҷ кунанд."

Бояд гуфт, ки давоми даҳ соли охир ширкатҳои чинии ба Тоҷикистон ворид шуда, дар бахшҳои мухталифи ин кишвар, аз ҷумла арсаи энержӣ сармоягузорӣ мекунанд. Бар асоси иттилои расмӣ, конҳои тилло низ, ки яке аз сарватҳои миллии Тоҷикистон дониста мешаванд, умдатан аз ҷониби ширкатҳои чинӣ коркард мешаванд.

Ду маркази гармдиҳӣ дар шаҳри Душанбе бо сармояи Чин бунёд шудаанд.

Беш аз 1 миллиард доллар аз қарзи хориҷии 2 миллиард долларии Тоҷикистон ҳам ба Чин марбут буда ва Пекин барои чанд соли оянда ба Душанбе ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигар додааст, ки беш аз 3 миллиардаш барои сохтани 400 километр қисмати тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ - Чин сарф хоҳад шуд.

Бар асоси як назарсанҷӣ, ки соли 2016 аз тарафи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон анҷом шуд, назар ба гузашта, шумори онҳое, ки ба ҳузури Чин дар иқтисоди кишвари худ баҳои мусбат доранд, афзудааст.

Агар соли 2008 танҳо 8 дарсади ҷомеа Чинро як шарики боманфиати Тоҷикистон ном бурданд, дар соли 2016 ин рақам ба 12, 5 дар сад баробар шуд. Барои муқоиса, нӯҳ соли пеш Русияро 89 дар сад ба унвони кишвари таъсиргузор ба Тоҷикистон ном мебурданд. Вале соли 2016 ин рақам 12 дар сад коҳиш ёфт. Мавқеи Эрон ҳам аз 9 дарсади соли 2008 то ба то 5,3 дар сад поин рафтааст.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, далели ин таҳаввулот дар мавқеи афзояндаи Чин дар иқтисоди кишвар ва ҳам шеваи хоси робитаҳои сиёсии ин давлат бо шариконаш мебошад. Пекин ба фарқ аз Маскав масъалаҳои байни ду давлатро пушти саҳна ва беҷалби матбуот ҳал мекунад.