Масъулони вазорати дифоъ мегуянд, сафари расмии вазири дифои Чин бо даъвати генеарал Шералӣ Мирзо, ҳамтои тоҷикаш сурат мегирад. Ин ҳам дар ҳоле, ки аз оғози равобити низомӣ миёни Тоҷикистон ва Чин 20 сол мегузарад.
Вазири дифои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳоле ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом медиҳад, ки Чин аз кишварҳои муҳими ҳамкор ва шарик дар бахшҳои мухталиф бо Тоҷикистон аст. Бар иловаи он ки Чин сармоягузори рақами як дар иқтисоди Тоҷикистон мебошад, дар муддати ду даҳ солаи ахир равобити хуби дифоӣ ва низомӣ - фаннӣ бо Тоҷикистонро ба роҳ мондааст. Ҳамакнун суоли матраҳ низ ин аст, ки таваҷҷуҳи Чин барои густариш ва тақвияти ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистон ба чӣ маънист?
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон бо беш аз 50 кишвари ҷаҳон равобиту ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ - фаннӣ дорад, ки миёни онҳо ҷойгоҳи Чин дар ин муносибот "дӯстона" аст: "Чин ба ҳайси як кишвари ҳаммарзу ҳамсоя бо Тоҷикистон ва ҳамчунин пешрафта маҳсуб меёбад ва ҳамкориҳои мо низ сол аз сол густариш пайдо мекунад. Ба ғайр аз кӯмакҳои моддиву фаннӣ, омодагии кадрҳои низомӣ, табодули иттилоту таҷриба дар муборизаи муштарак алайҳи тероризм, Тоҷикистон ва Чин дар заминаи низомӣ муносибатҳои дӯстонаи хуб дорад."
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев, Чин дар муддати чандин соли ҳамкории низомӣ ба Артиши ҷавони Тоҷикистон кӯмакҳоеро, назири ироаи ёриҳои моливу фаннӣ, омодагии кадрҳо ва ғайра кардааст. Аммо мизони ин кӯмакҳо гуфта намешавад. Ҳарчанд, сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ба беш аз 1 миллиард доллар мерасад.
Амриддин Шарифов, устоди риштаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мегӯяд, кишварҳои абарқудрат, ба хусус Чин ҳамасола барои ҷалби кишварҳои Осиёи Миёна миллионҳо долларро сарф мекунанд, ки инро "сиёсати престиж" ё худ "сиёсати нишон додани қудрат ва ҷалби шарикон" меноманд.
Ҷаноби Шарифов бо таваҷҷӯҳ ба дар саргаҳи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой қарор доштани Чин бар ин бовар аст, ки кӯмакҳои ин абарқудрати ҷаҳонӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна, ба вижа Тоҷикистон ба маънии пайдо кардани шарикон ва аз ин тариқ ба як созмони муҳими низомӣ табдил додани СҲШ дар минтақа аст: "Аслан кишварҳои хурд, ҳамчун пайгиру пайрав баррасӣ мешаванд дар сиёсати абарёқудратҳо ва Чин низ ҳадафи ниҳояш ҷалби ҳимояти ҳамоягонаш аст."
Ба таъкиди ин устоди Донишгоҳи миллӣ, ба як созмони муҳими низомӣ табдил додани Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, албатта он ҳам дар муқобили НАТО аз ҳадафҳои дарозмуддати Чин ва Русия аст.
Аммо Исмоил Раҳматов, коршиноси масоили низомӣ, тавқияти ҳамкориҳои низомӣ миёни Чину кишварҳои Осиёи Миёна, алалхусус Тоҷикистонро бештар ба фаъолияти гурӯҳҳои ҷудоихоҳи уйғур дар марзаш марбут медонад. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳматов, Чин ҳамеша аз фаъолияти ин ҷудоихоҳон нигарон буда ва дар ҳамкории густарда бо кишварҳои минтақа метавонад, ҷилави ин гурӯҳҳоро бигирад: "Таъмини амният ва суботдар минтақаи Шинҷон - Уйғур барои Чин хеле муҳим аст ва танҳо дар он ҳангом ин субот даст медиҳад, ки ҳамкориҳои Чин бо кишварҳои ҳамсояаш, ба хусус Тоҷикистон дустона густариш ёбад."
Ин ҳам дар ҳоле, ки Чину Тоҷикистон дар ҳудуди 500 километр марзи муштарак доранд ва ҳоло марзбонони ҳар ду кишвар хати марзи муштаракро дар минтақаи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин ва дар минтақаи Мурғоби Тоҷикистон назорат мекунанд.
Аммо равобити низомии Тоҷикистон ва Чин дар 20 соли пеш, яъне 1994 оғоз шуда ва ба таъкиди мақомоти ҳар ду кишвар ин ҳамкориҳо сатҳу сифати наве касб кардаанд. Чун ба гуфтаи онҳо, дар ин ду даҳсола чандин санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ва ҳамчунин санадҳои бисёрҷониба дар чорчуби Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба имзо расидааст. Бар иловаи он чи Чин ба Артиши Тоҷикистон кӯмакҳои фаннӣ кардааст, ҳамзамон дар муддати 15 соли ахир беш аз 500 кадри тоҷикро дар донишгоҳҳои низомии худ омӯзондааст.
Нозирони умур мегӯянд, сафари расмии Чан Вансюан, вазири дифои Чин ба Тоҷикистон дар остонаи баргузории нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви СҲШ бесамар нахоҳад буд ва мақоми чинӣ ин дафъа низ барои Артиши Тоҷикистон "армуғоне" хоҳад овард.