Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се марҳилаи рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон


Китоби сафири Тоҷикистон дар Чин, мароҳили рушди муносибатҳо миёни Душанбе ва Пекинро бозгӯӣ мекунад. Ин китоб бо номи "Тоҷикистон ва Чин: шарикии стратегӣ ба ҳадафи рушд" дар Пекин нашр ва муаррифӣ шудааст.

Дар Пекин китоби Рашид Олимов -- сафири Тоҷикистон дар Чин бо номи “Тоҷикистон ва Чин: шарикии стратегӣ ба ҳадафи рушд” бо се забон – чинӣ, русӣ ва англисӣ нашр шудааст. Маросими муаррифии ин китоб рӯзи ҷумъаи 27 ноябр дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Пекин сурат гирифтааст. Ин китоб мароҳил ё давраҳои сегонаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ миёни ин ду кишварро инъикос мекунад.

Муаллиф оғози ин равобитро ба нахустин сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дар моҳи марти соли 1993 рабт медиҳад, ки зимни он, санадҳои бунёдии ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду кишвар ба имзо расиданд. Дар соли 2007 раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти вақти Чин Ҳу Ҷинтао қарордоди ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишварро имзо карданд, ки ба андешаи муаллиф, марҳилаи дувум дар рушди ин ҳамкориҳо ба ҳисоб меравад.

Ба андешаи Рашид Олимов, марҳилаи савум дар муносибатҳои ду кишвар аз соли 2013 -- замоне оғоз шуд, ки Тоҷикистон ва Чин эъломияи муштарак дар мавриди шарикии стратегиро имзо карданд. Тоҷикистон, ки то ду-се соли пеш танҳо Русияро шарики стратегӣ мехонд, ҳоло Чинро низ аз муҳимтарин шарикони стратегии худ меномад.

Муаллифи китоби "Тоҷикистон ва Чин: шарикии стратегӣ ба ҳадафи рушд" мегӯяд, ки муносибат ва ҳамкорӣ бо Чин дар авлавияти фаъолиятҳои ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад ва раҳбарияи кишвар ин наздикиро муассир медонад. Сафири Тоҷикистон дар Чин гуфтааст, ки Тоҷикистон аз рушди муносибатҳо бо Чин манфиатдор ҳаст ва ин ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар низ хоҳад буд.

Чин яке аз сармоягузорони умда дар иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва ин кишвар дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад ва дар сармоягузориҳо ҳам хеле пешгом аст. Мақомоти Тоҷикистон дар авохири соли гузашта эълон карданд, ки давлати Чин дар се соли оянда ба иқтисоди Тоҷикистон 6 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.

Бо сармояи Чин муҳимтарин тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон – роҳҳо (“Душанбе – Чаноқ”, “Душанбе – Данғара”), хатҳои барқ (“Ҷануб – Шимол”, “Лолазор – Хатлон”), марокизи таъмини гармию барқ (“Душанбе - 1”), конҳои тилло (“Зарафшон”), корхонаҳои семент ва ғайраро бо муваффақият анҷом дода, ҳоло чорумин лӯлаи гази “Осиёи Марказӣ – Чин”- ро амалӣ мекунад, ки тибқи гузоришҳо, солона садҳо миллион доллар ҳаққи транзит хоҳад дод.

Қарзи Душанбе аз Пекин алакай аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст, ки ин тақрибан нисфи тамоми қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва асосан барои такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳо сарф шудаанд. ​

Тоҷикистон ба далели ёриҳои саршори иқтисодиаш Чинро кайҳо боз аз ҷумлаи шарикони стротегии худ мешиносад ва зимни анҷоми сафари ахири давлатии Сӣ Ҷинпин, ҳамтои тоҷики ӯ Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба таври бесобиқа барои Сӣ Ҷинпин ва ҳамсари ӯ дар манзилаш дар шаҳри Душанбе зиёфат орост.

Аммо бархе иқтисоддонҳо дар пасманзари афзоиши босуръати саҳми Чин дар таркиби қарзҳои хориҷии Душанбе ва дархости боз ним миллиард доллар қарзи дигар аз Бонки давлатии рушди Чин изҳори ташвиш мекунанд, ки агар Душанбе дар пардохти ин қарзҳои афзояндааш дасткӯтоҳӣ кунад, маҷбур мешавад, шартҳои Пекин, аз ҷумла дар мавриди дар бозори кораш пазируфтани шумори бештари коргарон аз он кишварро бипазирад.

Тоҷикистон бо Чин ҳудуди 500 километр марзи муштарак доранд ва дар соли 2002 Душанбе созишномаи ҳалли баҳси марзӣ бо Чинро имзо кард ва дар январи соли соли 2011 парлумони Тоҷикистон ин созишномаро ба тасвиб расонид. Ин амр вокунишҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Аммо мақомоти Тоҷикистон он замон гуфтанд, ки бо ин иқдом Тоҷикистон на замини худро ба ихтиёри Чин додааст, балки як мушкили умдаи таърихро ҳал кардааст.

XS
SM
MD
LG