Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чину Тоҷикистон: аз ҳамкориҳои иқтисодӣ ба амниятӣ


Бар асоси созишномаи нави миёни Тоҷикистону Чин, Пекин дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон чор дидбонгоҳ ва дар шаҳри Душанбе як Маркази таълимӣ барои сарҳадбонони тоҷикро бунёд хоҳад кард. Ин созишнома 1 октябри имсол дар Душанбе имзо шуда ва рӯзи 14 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид. Созишнома бояд аз ҷониби порлумон ва президенти Тоҷикистон тасвиб шавад.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи ин созишнома густариши ҳамкориҳои низомию техникӣ миёни Тоҷикистону Чин ҳисоб меёбад, ки дар солҳои охир дар ин замина қадамҳои ҷиддӣ гузошта шудаанд. Тибқи ин санади ҳуқуқӣ, Чин бо сармояи худ барои марзбонони тоҷик дидбонгоҳҳо, майдонҳои тамринӣ ва Маркази таълимии низомӣ бунёд карда, ҷониби Тоҷикистон вуруди таҷҳизоту техникаро бо ин ҳадафҳо аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод мекунад.

Густариши домани ноамниҳо дар шимоли Афғонистон ва нооромиҳо ба марзи вилояти Шинҷон - Чинро водор мекунад, ки кӯмакҳои низомӣ ба Тоҷикистонро ҳам афзоиш диҳад

Дар моҳи марти соли равон бо сармояи давлати Чин дар минтақаи марзии ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дидбонгоҳи марзии “Гулхан” ифтитоҳ гардид. Дар моҳи майи имсол дар шаҳри Душанбе “Хонаи афсарон” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бо сармояи 100 миллион юан ё 15 миллион доллари Чин сохта шудааст.

Ба қавли коршиносон, то соли 2005 Русия ва баъдан Амрикову Иттиҳодияи Аврупо дар тармиму бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ ба нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кӯмак карда ва таваҷҷӯҳи Чин бештар ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ нигаронида шуд. Аз ҷумла, Чин аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, қарзи Тоҷикистон аз ин кишвар беш аз 1 миллиард доллар ё беш аз нисфи қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон фурӯшгоҳҳои зиёди тиҷоратии чинӣ амал мекунанд
Дар Тоҷикистон фурӯшгоҳҳои зиёди тиҷоратии чинӣ амал мекунанд

Вале ба гуфтаи коршиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов, дар солҳои ахир Чин ба густариши ҳамкориҳои низомию фаннӣ бо Тоҷикистон низ талош мекунад, то аз таҳдидҳои амниятӣ аз самти Афғонистон ҷилавгирӣ шавад. Вай гуфт, густариши домани ноамниҳо дар шимоли Афғонистон ва наздик шудани нооромиҳо ба марзи вилояти Шинҷон - Чинро водор мекунад, ки кӯмакҳои низомӣ ба Тоҷикистонро ҳам афзоиш диҳад. Дар ин вилоят ҷудоихоҳони уйғуртабор барои ба даст овардани истиқлол аз Чин мубориза мебаранд.

Дар соли ҷорӣ вазъ дар вилоятҳои Қундузу Тахор ва Бадахшони Афғонистон ноором шуда ва чанд ноҳия дар шимоли Афғонистон, бо шумули ноҳия ё вулусволии Юмгон дар вилояти Бадахшон, ки дар наздики марзҳои Чин воқеъ аст, ба тасарруфи гурӯҳи Толибон даромадааст. Илова ба ин, ба иллати бӯҳрони шадиди молӣ ва саргарми ҳаводиси Украинаву Сурия будани Русия, имкони сармоягузорӣ ба бахши амниятии Осиёи Марказӣ, бахусус, Тоҷикистонро надорад. Ин холигиро Чин пур мекунад.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ домани ҳамкориҳои амниятиро тавсеа дод

Парвиз Муллоҷонов гуфт, “таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз лиҳози амниятӣ барои Чин хел муҳим аст. Ин як тарафи масъала аст. Аз тарафи дигар, Чин нуфузи худро дар қатори Амрико ва Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ густариш медиҳад, то мавқеи худро дар минтақа мустаҳкам кунад.”

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Моҳи августи соли ҷорӣ вазоратҳои дифои Чин, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон муоҳидаи низомии зиддитеррористро таъсис доданд. Дар назар аст, ки дар чаҳорчӯби ин ҳамкориҳо, миёни сохторҳои иктишофии ин кишварҳо табодули иттилоъ ва дар миёни нирӯҳои интизомӣ - тамриноти муштарак ба роҳ монда мешавад. То имрӯз Тоҷикистону Чин ҳамроҳ бо Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ буданд, ки соли 2001 бо ташаббуси Русия таъсис шуд.

Дар давоми 10 соли охир ҳамкориҳои Чин бо Тоҷикистон бештар тарҳҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаи маъданро дар бар гирифта, сармоягузории Чин ба иқтисоди кишвар 1 миллиард долларро ташкил додааст.

Солона саҳми Чин дар иқтисоди Тоҷикистон аз 50 то 150 ҳазор долларро ташкил медиҳад ва аксари ин тарҳҳо аз ҷониби ҳукумати Чин маблағгузорӣ мешаванд. Коршиносони тоҷик мегӯянд, як ҳадафи Чин аз вусъат бахшидани ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистон – ҳифзу ҳимояти тарҳу сармояҳои худ дар ин кишвар аст. Чин солҳои охир сармоягузори аслии иқтисоди Тоҷикистон шудааст.

XS
SM
MD
LG